Аз байни тоҷикон қишри олии равшанфикрони кишвар (Осиёи Миёна, оғози асри ХХ) – рӯҳониён, муаллимони мадрасаҳои халқӣ, додрасҳо, қонунгузорон ба вуҷуд омадаанд. А.П.Шишов. Манбаъ: Масов Раҳим. Таърихи тоҷикон бо муҳри “комилан сиррӣ”.−Душанбе: Дониш, 1996. –С.141

ЯК НАМОИШ БО ДУ НОМ / 05.10.2018

ЯК НАМОИШ БО ДУ НОМЗабони тоҷикӣ барои ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистони азиз забони давлатӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамасола Рӯзи забони давлатӣ санаи 5-уми окятябр дар ҳудуди кишвар ва берун аз он дар сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ таҷлил карда мешавад. Имсол китобдорон Рӯзи забони давлатиро бо Рӯзи омӯзгорон баробар ҷашн гирифта, ба ин муносибат  як намоиши кушоди китобиву матбуотиро таҳти ду ном: “Забон нигаҳбони ҳуввияти миллист” ва  “Муаллим офтоби зиндагонист” ташкил намуданд. Китобҳоро дар саҳни ошёнаи дуюм рӯ ба рӯи зинаҳои баромаду фаромад хеле ҷолиб  ба намоиш гузоштанд. Аз намоиш хонандагони доимии шуъбаҳо истифода бурданд. Китобҳои намоишро китобдорони шуъбаҳои хизматрасонӣ бо навбат барои тамошобинон муаррифӣ карданд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ