Аз байни тоҷикон қишри олии равшанфикрони кишвар (Осиёи Миёна, оғози асри ХХ) – рӯҳониён, муаллимони мадрасаҳои халқӣ, додрасҳо, қонунгузорон ба вуҷуд омадаанд. А.П.Шишов. Манбаъ: Масов Раҳим. Таърихи тоҷикон бо муҳри “комилан сиррӣ”.−Душанбе: Дониш, 1996. –С.141

КИТОБҲО АЗ РӮЗГОРИ ТОҶИКОНИ ПЕРМ / 19.10.2018

Номзади илмҳои филология Шоҳмуҳаммади Ҳайдарӣ (соли таваллуд 1951) деҳқонзодаест аз Понғози ноҳияи Ашт, ки сарнавишт ӯро аз зодгоҳу ватан ба кишвари Перми Русия бурдааст. Олими мазкур ҳастиашро ба таҳқиқ дар соҳаҳои гуногуни забон, таърихи ташаккул ва робитаҳои забонӣ ва фарҳангии тоҷикон бо сокинони Русия бахшида, илова бар ин ба таҳияи маводи библиографии насабшиносӣ, лақабшиносӣ, номшиносӣ ва ғайра пардохта, то имрӯз зиёда аз 280 рисолаву мақолаҳои илмӣ ба табъ расондааст.

Ӯ, ки китобҳои тозанашраш “Тоҷикони кишвари Перм” ва “Таджики Перми: история и культура” -ро барои хонандагони Китобхонаи вилоятӣ ҳадя оварда буд, дар рафти суҳбат аз он ки як моҳ дар Китобхонаи миллӣ ва китобхонаҳои академияҳо, донишгоҳу донишкадаҳои пойтахт ба гирдоварии мақолаву рисолаҳои дар мавзӯи номшиносии даврони Истиқлолият дар Тоҷикистон нашршуда машғул буд, иттилоъ дод. Вай бо мақсади таҳияи номномаи ҷомеъ нусхабардории китоби “Зебономҳои ориёӣ”-и Мустафо Пошангро, ки онро аз форсӣ ба кирилӣ Шаҳобиддин Шуҷоъ баргардон ва нашр кардааст, фармоиш дод. 

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ аз номи хонандагон ва китобдорон ба Шоҳмуҳаммади Ҳайдарӣ, ки китобҳои худро баҳри боз ҳам ғанитар гардондани калонтарин ганҷинаи оммавӣ дар вилояти Суғд туҳфа кард, миннатдории бепоён баён дошта, барояш тандурустиву сарбаландӣ ва саодати рӯзгору барори кор таманно менамояд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ