Аз байни тоҷикон қишри олии равшанфикрони кишвар (Осиёи Миёна, оғози асри ХХ) – рӯҳониён, муаллимони мадрасаҳои халқӣ, додрасҳо, қонунгузорон ба вуҷуд омадаанд. А.П.Шишов. Манбаъ: Масов Раҳим. Таърихи тоҷикон бо муҳри “комилан сиррӣ”.−Душанбе: Дониш, 1996. –С.141

РӮНАМОИИ КИТОБҲОИ ТОЗАНАШРИ ИНЪОМ УСМОНӢ / 14.11.2018

Маҳфили рӯнамоии китобҳои тозанашри нависандаю муҳаққиқ ва хизматчии давлатӣ Инъом Усмонӣ (Усмонӣ Инъом Султонзод), ки дар он аҳли илму адаб, китобдорону донишҷӯён ва алоқамандони сухану суханварӣ ширкат варзиданд, бо  сухани раиси бахши Суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод ҳусни оғоз ёфт. Баъд дар суҳбати озоди худ номзади илмҳои филологӣ, дотсент Тоҷибой Султонӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба аҳамияти навиштаҳои бадеӣ ва публитсистии муаллифи китобҳои тозанашр  “Рашҳаи қалам” ва “Ғозиёни ман” ҷалб намуд. Нависанда ва рӯзноманигор Карими Шариф дар мавриди шахсияти ҷамъиятӣ ва ҳунарии Инъом Усмонӣ сухан гуфта, барои татбиқи гуфтаҳояш аз ҳаёту фаъолияти эҷодии номбурда далелҳои зиёд овард. Номзадҳои илмҳои филологӣ, дотсентон Нуралӣ Нурзод ва Баҳром Мирсаидов дар мавзӯъҳои «Тасвири фарҳанги мардум ва арзишҳои суннатӣ дар китоби «Ғозиёни ман» ва «Мулоҳизаҳо перомуни ҳусни нигорандагии Инъом Усмонӣ» баромад карданд.

Аз тарафи китобдори шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ Қаюмова Манзура «Афкори рангин» ном хулосаи китобшиносии баёнгари мундариҷаи мухтасари китобҳо ва мақолаҳои беҳтарини нависанда бо истифода аз намоиши слайд ба самъи иштирокчиён расонда шуд.  

 Дар идома намояндаи Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Нодирҷон Солиҷонов, нависандаю рӯзноманигор Додохони Эгамзод, раиси Шӯрои Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода, муовини сардори Раёсати кишоварзии вилояти Суғд Аюбҷон Очилов, ки Инъомҷон Усмониро тайи солҳои зиёд мешиносанду бо ӯ ҳаққи ҳамкориву ҳамнишинӣ доранд, суханронӣ намуда, нашри китобҳои нави нависандаро далели дилбастагии ӯ ба қаламу эҷоди бадеӣ заҳмати пайваста донистанд.

Дар поёни маҳфил Инъом Усмонӣ низ бо камоли фурӯтанӣ ба сухан баромад ва, аз он ки маҳфили муаррифии китобҳои тозанашраш дар сатҳи хеле баланд бо пазироии гарми хонандагони қишрҳои гуногуни ҷомеа доир гашт, изҳори хурсандӣ намуда, ба дастандаркорони ин чорабинии фарҳангиву адабӣ миннатдорӣ арз кард.

Ёдовар мешавем, ки Инъом Усмонӣ баробари фаъолият дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҳамчун хизматчии давлатӣ  то имрӯз бо таълифи асарҳои илмӣ-оммавӣ ва бадеии гуногунмавзӯи  «Одобнома» (1995), «Сабақҳои интихобот» (1999), «Рисолаи сарбозӣ» (1999), «Худиидоракунии маҳаллии даврони Истиқлолият ё худ раҳнамои шаҳрак ва деҳоти вилояти Суғд» (2009), «Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳа» (2012), «Ҳаёт ва эҷодиёти Муҳиддин Хоҷаев», «Романи «Шӯроб»-и Раҳим Ҷалил» (ба забони русӣ, 2014), “Бози болшикаста”(2015), “Баёзи розҳо”(2015) муваффақ шудааст.

Яке аз китобҳои тозанашри муаррифишуда – “Ғозиёни ман” маҷмӯаи хотира, ёддошт ва андешаҳои фарохи муаллиф дар бораи одаму олам аст, ки аз мушоҳидаҳои зиндагии шахсии худи ӯ сарчашма гирифтаанд. Ин ёддоштнома дар ҳаҷми 200 саҳифа тавассути яке аз нашриётҳои маъруфи шаҳри Хуҷанд – “Ношир” аз чоп баромадааст.

Гузоришгарону муаррификунандагон аҳли маҳфилро ба дарёфту мутолиаи китобҳои мазкур талқин намуданд.


Маъмурияти китобхонаи вилоятӣ