Дар ҳар ҷо ки тоҷикон зистаанду мезиянд, осор ва бақоёи олии кишоварзӣ, анвои пурбору арзишманди гиёҳон дида мешавад. Попов М.Г. Манбаъ: Масов Раҳим. Таърихи тоҷикон бо муҳри “комилан сиррӣ”.−Душанбе: Дониш, 1996. –С.146

«КАЛИДИ ДАРИ БОЗ» РӮНАМОӢ ШУД / 26.11.2018

«КАЛИДИ ДАРИ БОЗ» РӮНАМОӢ ШУД / 26.11.2018Калиди дари боз” китоби тозанашри шоири боистеъдоди муосир Абдуфаттоҳ Кулолӣ мебошад, ки бахшида ба 90-солагии адабиётшинос, профессор Бароат Ҳоҷибоева тавассути нашриёти “Ношир” чоп шудааст. Рӯнамоии он бо ҳузури фарзандони барӯманди адабиётшиноси мазкур ва аҳли илму адаб дар толори Китобхонаи вилоятӣ баргузор шуд.
Маҳфили рӯнамоӣ бо сухани ифтитоҳии Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷон Раҳматзод шурӯъ шуд. Дар идома шоираи шинохта Фарзона роҷеъ ба сарнавишти қаҳрамони асосии китоби “Калиди дари боз” – Бароат Ҳоҷибоева сухан ронда, аз ранҷҳои дар кӯдакӣ дар ғурбату сарсонӣ берун аз Ватан кашидаи духтарони фарзанди барӯманди миллати тоҷик – Абдураҳим Ҳоҷибоев суханҳои ҷолиби диққат гуфта, зимнан аз алоқаи самимии муаллифи китоб бо хонаводаи Ҳоҷибоевҳо ва иншои ашъори марбут ба афроди шинохтаи хонаводаи мазкур ёдовар шуд. 
Дар идома адабиётшиносу шоир Сурайё Ҳакимова дар бораи муҳтавои “Калиди дари боз” вижагиҳои ҳунари шоирии муаллифи он изҳори назар кард. Шоиру муҳаққиқ Баҳроми Раҳматзод дар суҳбати худ ду “Соқинома”-и асари рӯнамоишударо бо соқиномаҳои шоирони классику муосир хеле ҷолибу дақиқ мавриди муқоиса қарор дод ва ибтикороти шоир Абдуфаттоҳ Кулолиро дар мавзӯъ ва қолаби ин жанри адабӣ бо мисолҳо бозгӯ кард.
Донишҷӯи соли хониши чоруми факултети филологияи тоҷик Ғаффорова Маҳина низ андешаҳояшро баъд аз мутолиаи китоби “Калиди дари боз” тариқи гузориши кӯтоҳ, аммо пурмуҳтаво ироа карда, зимнан аз таъсирпазирӣ, бардошту бозофариниҳои муаллифи он аз шоирони классику муосир намунаҳо барои тасдиқи фикр овард. Доктори илмҳои филология, адабиётшинос Ӯлмасова Замира бардоштҳои худро дар бораи қаҳрамони китоби мазкур ва заҳматҳои муаллифи он иброз дошта, таъкид намуд, ки дар “Калиди дари боз”  38 шеъри ҳаҷман бузургу кӯчак ба сарнавишти профессор Бароат Ҳоҷибоева бахшида шудааст.
Нависанда ва рӯзноманигор Додохон Эгамзод дар суханронӣ аз шоир хоҳиш намуд, ки ду шеъри дигар бар ин 38 шеър илова созад ва чил шеъри рамзиро бо умеди он ки дар оянда аз миёни занҳои Тоҷикистон унвони баландтарин ба Бароат Ҳоҷибоева дода мешавад, бознашр хоҳанд кард. Таърихшинос, профессор Усмонҷон Ғаффоров роҷеъ ба саҳми Абдураҳим Ҳоҷибоев дар барқарорсозии ҶШС Тоҷикистон ҳамчун ҳафтумин давлати ИҶШС сухан ронда, хотиррасон намуд, ки дар китоби зери дасташ оид ба баъзе масъалаҳои ҳанӯз норавшани таърихи Тоҷикистон ва хизматҳои фарзандони барӯманди он ишораҳо ҷой додааст.

Шоир Абдуфаттоҳ Кулолӣ дар поёни маҳфили рӯнамоӣ аз ашъори тозаэҷоди худ дар мавзӯъҳои ишқ ба зиндагӣ, Ватан ва ахлоқи хонаводагӣ қироат кард.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ