Тоҷикон, ки иксири ҳастии худро дар забон дида буданд, дар ҳар замону ҳар шароит онро дар мағзи ҷон ҳифз карда буданд. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98с. –С.57

ЁДЕ АЗ ҲУНАРМАНДИ ШИНОХТА/6.12.2018

ЁДЕ АЗ ҲУНАРМАНДИ ШИНОХТАБо ташаббуси шуъбаи китобҳои санъати Китобхонаи вилоятӣ ва Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ маҳфили накӯдошти ҳунарманди зиндаёд, дорандаи Ҷоизаи адабии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Саломова барпо гашт, ки дар он донишҷӯёну устодони факултети санъат ва ҳунармандону ҳунарпешаҳои театри номбурда ширкат варзиданд.  Баъд аз баҳрабардорӣ аз намоиши китобӣ-матбуотӣ ва  слайди ҷолиб маҳфилро сардори Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Набиев Орифҷон бо ёдоварӣ аз фаъолият ва хизматҳои арзандаи ҳунарманди шодравон ҳусни ифтитоҳ бахшид. 

ЁДЕ АЗ ҲУНАРМАНДИ ШИНОХТАДар идома  дорандаи Ҷоизаи адабии ба номи Раҳим Ҷалил, шоиру нависанда Ӯлмаси Хол ҳамчун таҳиягар ва муаллиф китоби тозанашри “Ду ситора”-ро муаррифӣ кард ва таъкид дошт, ки китоб ба ҳаёту фаъолияти ду ҳунарманди барҷастаи театру кинои тоҷик – модару духтар – Сайрам Исоева ва Саодат Саломова бахшида шудааст. Нашри ин китобро аҳли санъату ҳунар хуш пазируфта, ба он ҳамчун асари ҳуҷҷатӣ, ки барои шинохти фаъолияти эҷодии ҳунармандон хизмат карда метавонанд, баҳои баланд доданд.

ЁДЕ АЗ ҲУНАРМАНДИ ШИНОХТАҲунарманди  Театри давлатии мазҳкаи мусиқии ба номи  Камоли Хуҷандӣ, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сурайё Хоҷаева   ҳамчун ҳамкасб, ки бештар бо Саодат Саломаву унсу ошноӣ ва ҳамкорӣ дошт, бо нақл аз рӯзҳои ҳамнафасиву ҳамнишинӣ бо ӯ саҳифаҳои хотираи ҳунармандони дигарро низ варақгардон кард.

Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Малоҳат Абдушукурова бо гурӯњи рақсӣ суруди «Фирўз»-ро ба иҷро расонд. Намоиши лавҳаҳо аз нақшҳои ҷолиби Саодат Саломова хеле диққатҷалбкунанда сурат гирифт. Ҳунармандон бо иҷрои лазҳаҳо аз спектакли “Зани оҳанин” ному ёди ҳамкасби худро гиромӣ доштанд.

Эҳтирому поси хотири ҳунарманди шодравон Саодат Саломова аз ҷониби ҳамкасбонаш барои иштирокчиёни маҳфил хеле муассир буд. Муаррифии китоби тозанашри “Ду ситора” низ ҳусни маҳфили накӯдоштро  мазмуни тоза бахшид.

 

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ