Дасти тоҷикон дар ҳар ҷое, ки буда, замини хушку ношодобро ба замини шодобу шод табдил сохтааст. Навбаҳор Абдуғиёс. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.362

НАМОИШИ КИТОБҲОИ БРАЙЛӢ / 25.01.2019

НАМОИШИ КИТОБҲОИ БРАЙЛӢДар Китобхонаи вилоятӣ толори хизматрасонии махсус фаъолият мебарад, ки дар хазинаи он китобҳои брайлӣ, савтӣ  ва дастурҳои таълимии махсус барои мутолиаву баҳраёбӣ, тадрису тарбияи қишри имконияташон маҳдуди ҷомеа нигаҳдорӣ мешаванд.

Китобдорони толори махсус ва шуъбаи адабиёти хориҷӣ ба муносибати 210-солагии Луи Брайл дар мавзӯи “Офарандаи алифбои брайлӣ” суҳбат ташкил карда, ҳамзамон маводи хазинаи толори махсусро ба намоиш гузоштанд.

Сардори шуъбаи адабиёти хориҷӣ Амонова Муҳаббат ва китобдор Азизова Дилноза иштирокчиёнро бо муаррифии китобҳои марбут ба ин мавзӯъ ба ҷараёни суҳбат ворид намуданд. Сардори толори хизматрасонии махсус Болтубоева Мадина дар бораи зиндагии ибратбахш ва фаъолияти илмӣ ва асарҳои мондагори Луи Брайл ошно сохт.

 

Фишурдае аз гузориши китобдори мазкур дар бораи Луи Брайл:

 

Луи Брайл 4-уми январи соли 1809 дар шаҳраки Кувреи наздики Париж – пойтахти Фаронса дар оилаи зинсоз таваллуд шудааст.  Ба чашми Луии  сесола, ки дар  коргоҳи падар  бозӣ мекард, дирафши зиндӯзӣ фурӯ рафт. Ин осеб аввалҳо сабаби варами чашм ва баъдтар боиси нобиноии Луи гашт.  Дар ин ҳангом Луи панҷ сол дошт.  Волидайнаш аз ин ҳодиса хеле андуҳгин шуда, ба Луи бофтани пӯпакҳои аробаи асп–фойтун, дӯхтани кафшҳои хонагиро омӯхтанд.

Ба хона муаллими мусиқиро даъват карданд, ки ба Луи скрипканавозиро дарс диҳад. Аммо ҳамаи ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ Луиро қонеъ намекард. Вай, ки алифборо дар мактаби маҳаллӣ бо ёрии чӯбчаҳо омӯхта буд,  мехост мисли дигар ҳамсолони худ дар хондану навиштан баробар бошад.

Ин талошу ҳаракати Луи сабаб шуд, ки падараш ӯро дар синни 10-солагӣ ба Донишгоҳи давлатии Париж барои кӯдакони нобино фиристад,  то дар он ҷо хатту савод, мусиқӣ, бофтану дӯхтанро аз худ намояд. Дар донишгоҳ барои дарсҳо аз китобҳои релефӣ-хаттӣ истифода мебурданд, аммо ин гуна китобҳо кам буданд. Китобҳои таълимии бисёр фанҳо ҳатто мавҷуд набуданд. Методикаи омӯзиш бар дараҷаи шунавоии омӯзандагон асос дошт. Луи яке аз шогирдони болаёқат зуд навохтани пианино ва арғунунро ёд гирифт. Соли 1828 Луи донишгоҳро хатм намуда, ба вазифаи муаллим-репетитори хурд ба фаъолият шурӯъ кард.

НАМОИШИ КИТОБҲОИ БРАЙЛӢБаъди хатм ва баробари оғози фаъолият ӯ барои ихтироъ намудани роҳи осони омӯзиши савод барои нобиноён ҳаракат кард. Дар синни 16-солагӣ нуқтаҳои релефӣ барои нобиноёнро ихтироъ мекунад, ки он аз 6 нуқта иборат аст.

Сипас, барои амалӣ гардонидани мақсади худ машқҳои брайлиро ихтироъ менамояд. Бори аввал соли 1837 китоби дарсии ӯ тасдиқ ва чоп мешавад. Мақсади Луи Брайл саводнок кардани ҳамаи нобиноёни ҷаҳон буд.

 Луи Брайл дар нимаи умр ба бемории сил гирифтор шуд ва дар ва 6-уми январи соли 1854 вафот кард. Маҳз дар заминаи ихтирооти судманд ному пайкори ӯ дар дили аҳли басират ва илму дониш абадӣ нақш баст.

Ихтирооти Луи Брайл баъди сад соли маргаш аз тарафи давлати Фаронса ба расмият шинохта шуд ва ҷасади ӯро аз  Кувре ба оромгоҳи бузургмардони таърихи Фаронса интиқол доданд.

***

Масъулони толори хизматрасонии махсус бо мақсади мавриди истифодаву баҳрагирӣ қарор додани имкониятҳову маводи хазина, дастгоҳи махсуси қироати китоб,  китобҳои брайлӣ ва савтӣ, асарҳои таълимии вижа чунин чорабиниҳоро берун аз китобхона низ барпо кардаанд.

Хотиррасон бояд кард, ки дари толори мазкур ба рӯйи истифодабарандагони имкониятҳои ҷисмониашон маҳдуд боз буда, кормандони он омодаи хизматрасонӣ китобиву иттилоотӣ мебошанд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ