Тоҷикон нарм ҳастанд, аммо ин нармӣ аз нотавонӣ нест, балки аз тавони андеша аст, аз фарҳанг аст, аз андешаи оқибати кор, аз фардост. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 41

ҲАДЯИ КИТОБДОРОН БА КӮДАКОНУ НАВРАСОН

ҲАДЯИ КИТОБДОРОН БА КӮДАКОНУ НАВРАСОН

Китобдорони толори кӯдакону наврасон ва китобхона-филиали №7 ба мактаб-гимназияи №1 ва Ширхоргоҳ- кӯдакистони №33 шаҳри Хуҷанд рафта, бо хонандагони синфи 4“г” ва тарбиятгирандагони наврас суҳбат барпо намуданд.  Сардори толори кӯдакон ва наврасон Собирова Дилрабо ба талабаҳои фаъол Ғаффоров Абдуҷамол, Давронзода Муслимахон, Воҳидов Парвиз, Зокирова Меҳрона, Қурбонова Мадинахон, Диловарзода Фариза, Ашӯрова Аниса, Ишонов Абӯбакр, Муллоҷонова Шаҳзодахон ва хурдсолон Сумаяхон, Амирҷон, Шаҳзодахон, Фирдавсхон, Юсуфхӯҷа, Баҳодурҷон ва ҳамсинфону ҳамсолони онҳо дар бораи Рӯзи Ҳадяи китоб ба кӯдак  бо нақлу гуфторҳои таъсирбахш иттиллоъ дода, ҳамзамон ба ин муносибат табрик ҳам кард. Китобдори китобхона-филиали №7  Зоҳидова Замира ба ҳамаи иштирокчиён  китобчаҳо ҳадя  намуда, хонандагонро ба толори кӯдакону наврасони Китобхонаи вилоятӣ даъват кард.

ҲАДЯИ КИТОБДОРОН БА КӮДАКОНУ НАВРАСОН

Ҳамин гуна чорабиниҳо аз тарафи китобдорони китобхона-филиалҳои шаҳри Хуҷанд дар мактабу кӯдакистонҳо доир гашт.

Китобдори китобхона-филиали №6 Нурматова Саёҳат дар макотиби таҳсилоти миёнаи умумии №19, 23, 28, китобдори  китобхона-филиали №9 Шарипова Бароат дар кӯдакистони №13 шаҳри Хуҷанд, китобдори  китобхона-филиали №1 Ҳайдарова Замира дар МТМУ№22 ва Гимназияи №24, китобдори  китобхона-филиали №1 Ҳайдарова Гулчеҳра дар кӯдакистони №27, китобдори китобхона-филиали №4 Ҷӯраева Умеда дар МТМУ№3 бо талабаҳову тарбиятгирандагон вохӯрда, онҳоро  табрик карда, ба онҳо китобу маводи хонданӣ ҳадя карданд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ