Тоҷикон дар асри Х устод Рӯдакӣ барин доҳии забон ва санъатро расонданд, ки тамоми халқҳои форсизабон аз адабиёти оламшумули худ аз ин устод миннатдор аст. Садриддин Айнӣ. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.42

ЗАБОНИ МОДАРӢ – САРЧАШМАИ ИФТИХОРИ МИЛЛАТ / 19.02.2019

ЗАБОНИ МОДАРӢ – САРЧАШМАИ ИФТИХОРИ МИЛЛАТ

Санаи 21-уми феврал дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии забони модарӣ таҷлил карда мешавад. Эҳтироми забони модарии ҳар халқу миллат пеш аз ҳама ба муносибати соҳибони он вобаста аст. Ҳар соҳибзабоне, ки ба қадри забони модарии худ мерасад, забонҳои модарии дигари халқҳои оламро низ қадр мекунад. Касонеро, ки поси забони модарӣ намедоранд, шоирону бузургони мо мазаммат кардаанд. Шоири маҳбуби тоҷик, шодравон Лоиқ Шералӣ дар шеърҳояш шири модарро барои ононе ки забони модариашонро гум кардаанд, заҳр дониста, аз хоки падарон берун шудани чунин афродро таъкид намудааст. Гузаштагони мо на фақат ба забони модариамон, балки ба забони халқҳои дигар низ эҳтиром қоил буданд.

ЗАБОНИ МОДАРӢ – САРЧАШМАИ ИФТИХОРИ МИЛЛАТ

Дар даврони Истиқлолият низ ҳамин расму анъанаи неки ниёгон аз тарафи халқу давлатамон риоят шуда истодааст. Китобдорон дар радифи зиёиёни кишвар талош бар он доранд, ки саҳми худро дар таблиғу ташвиқи забони модарӣ–забони давлатӣ ва мақоми маънавию иҷтимоии он гузоранд.

Конфронси илмӣ-адабии «Забони модарӣ – сарчашмаи ифтихори миллат», ки дар толори Китобхонаи вилоятӣ бо иштироки олимону шоирону нависандагон, донишҷӯёну китобдорон баргузор гашт, далели ин гуфта шуда метавонад. Чорабиниро директори муассиса адабиётшинос Баҳром Мирсаидов ҳусни ифтитоҳ бахшида, доир ба ин масъала суханронӣ намуд.

ЗАБОНИ МОДАРӢ – САРЧАШМАИ ИФТИХОРИ МИЛЛАТ

Дар идома номзади илмҳои филологӣ, забоншинос Салоҳиддин Вайдуллозода дар мавриди риояи Қонуни забони давлатӣ ва имлои он дар муассисаҳои гуногун гузориш кард.

Магистранти кафедраи забони тоҷикӣ Ноил Мирзозода маърӯзаеро дар мавзӯи “Аз дирӯзу имрӯзи забони тоҷикӣ” ба самъи иштирокчиён расонд. Шоир Абдуфаттоҳ Кулолӣ ва нависанда Муқим Воҳид роҷеъ ба таъсири китобу китобхона дар рушди дониши забонии ҷомеа, аҳамияти забони модарӣ, поя ва мақоми забони давлатӣ порчаҳои манзуму мансур нақл карданд. Суҳбати собиқадори соҳаи фарҳангу китобдорӣ Нодирҷон Солиҷонов дар атрофи мавзӯи ба мақоми давлатӣ бардоштани забони тоҷикӣ сурат гирифт.

Ташкили чорабинии мазкур, ҳузури аҳли илму адаб дар назди донишҷӯёну истифодабарандагони доимии китобхона ва суханрониҳои пурмуҳтавои онҳо дар мавзӯи забони модарӣ худ навъе арҷгузории забони давлатӣ мебошад. Чунин маҳфилҳо на фақат дар муассисаҳои фарҳангӣ ва соҳаи маориф, балки дар тамоми ташкилоту корхонаҳо дар сатҳи баланд бояд барпо карда шавад.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ