Ҷойгоҳи Самарқанду Бухоро дар таърихи тоҷикон монанди Санкт-Петербург ва Маскав аст барои русҳо. Рустам Шукуров. Манбаъ: Қубодиён, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98с. –С.69

МАСАЛНАВИСИ МАЪРУФИ РУС/19.02.2018

МАСАЛНАВИСИ МАЪРУФИ РУСБа муносибати Рӯзи байналмилалии забони модарӣ ва 250-солагии шоиру драматурги рус Иван Андреевич Крилов китобдорони толори кӯдакону наврасон, шуъбаи хориҷӣ, китобхона-филиали №1   бо гурӯҳи хонандагони синфи 4 ва 5 МТМУ №22-и шаҳри Хуҷанд бо хонандагон суҳбат доир карданд.

Сардори толори Собирова Дилрабо суҳбатро оғоз карда, слайди ҷолиби «Масалнависи моҳир»-ро, ки шомили аксу асарҳои Крилов буд, пешкаши хонандагон намуд. Китобдори дараҷаи I китобхона-филиали №1 Ҳайдарова Замирахон аз ҳаёт ва фаъолияти шоир бо забони тоҷикӣ ба хонандагон маълумот дод.

МАСАЛНАВИСИ МАЪРУФИ РУС

Муҳтавои китоби «Масалҳои мунтахаб»-ро сардори шуъбаи хориҷӣ Амонова Муҳаббат бо забони русӣ нақл намуд. Хонандагони МТМУ №22  Ҳайдаров Парвиз, Холматов Билолиддин, Раҳимова Мадина, Ҷононаи Амирҷон, Достова Мадин, Ибрагимова Шаҳзодахон, Бобоҷонов Аҳмадҷон, Холиқова Гулчеҳра, Орипова Фариза аз эҷодиёти ин масалнавис шеърҳо бо забони тоҷикӣ ва русӣ қироат ва маънидод кардад. Бар асоси масали «Оина ва Маймун» хонандагон Исломов Салоҳиддин ва Абдурасули Муҳаммадрасул дар саҳна нақш офариданд. Туҳфаҳои хотиравии аз тарафи китобхона-филиали №1 омодашуда ба иштирокчиёни фаъол тақдим гардид.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ