Меҳри Ватан ва табиати он дар дили тоҷикон решаи амиқ дорад ва ҳаргиз ба осони ватани маълуфашонро фаромӯш намекунанд. Навбаҳор Абдуғиёс. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.362

КОРОМӮЗИИ ДОНИШҶӮЁН ДАР КИТОБХОНА / 21.02.2019

КОРОМӮЗИИ ДОНИШҶӮЁН ДАР КИТОБХОНА

Ҳамасола таҷрибаомӯзии донишҷӯёни шуъбаи китобхонашиносӣ ва китобшиносии Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз дар  Китобхонаи вилоятӣ муддати як моҳ мегузарад. Имсол тибқи нақшаи барномаи шуъбаи таҷрибаомӯзии коллеҷи мазкур донишҷӯёни соли хониши дуюм аз санаи 8-уми феврал то 8-уми март ба коромӯзӣ ҷалб шуданд. Ҷараёни коромӯзии онҳоро дар Китобхонаи вилоятӣ ҷонишини директор оид ба корҳои хизматрасонӣ, омӯзгори шуъбаи китобхонашиносӣ ва китобшиносии факултети санъатии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Мунира Ҳакимова бо ҳамкории сардорони шуъбаҳо ва китобдорони ботаҷриба назорат мебаранд.

Донишҷӯёни таҷрибаомӯз тайи чор рӯз инҷониб донишҳои назариявиашонро оид  ба корҳои библиографӣ таҳияи картотекаҳои мавзӯӣ, рӯйхати тавсиявӣ ва дигарҳои корҳои соҳавӣ амалан дар шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ татбиқ намуда истодаанд. Чанде аз онҳо вазифадор шуданд, ки бо истифода аз рӯзномаву маҷаллаҳо картотека дар мавзӯи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” омода созанд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ