Тоҷикон нарм ҳастанд, аммо ин нармӣ аз нотавонӣ нест, балки аз тавони андеша аст, аз фарҳанг аст, аз андешаи оқибати кор, аз фардост. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 41

ШИНОСОӢ БО КИТОБҲОИ ТИФЛОПЕДАГОГӢ / 27.02.2019

ШИНОСОӢ БО КИТОБҲОИ ТИФЛОПЕДАГОГӢ

Дар толори хизматрасонии махсус донишҷӯёни шуъбаи китобхонашиносии  Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз – китобдорони оянда тариқи слайд бо муҳтавои китобҳои тифлопедагогӣ ошно гаштанд. Дар саҳифагардонӣ, муаррифии мухтасари китобҳо сардори толори хизматрасонии махсус Болтубоева Мадина, китобдорон Ахмедова Мавҷуда ва Баротова Шафоат саҳм гузоштанд. Баъд аз шиносоӣ донишҷӯён иброз доштанд, ки аксари китобҳои соҳаи педагогикаи махус бо забони русӣ таълиф шудаасту ба забони давлатӣ–забони тоҷикӣ тарҷума кардани онҳо ба мақсад мувофиқ мебошад. Китобдорон маслиҳат доданд, ки то ба забони тоҷикӣ тарҷумашавӣ ва нашри асарҳои соҳаи мазкур мутолиа ва баҳрабардории китобҳои русии мавҷуда бо истифодаи луғатҳои соҳавӣ ва имкониятҳои интернетӣ ба мақсад мувофиқ мебошад.

 

ШИНОСОӢ БО КИТОБҲОИ ТИФЛОПЕДАГОГӢ

ШИНОСОӢ БО КИТОБҲОИ ТИФЛОПЕДАГОГӢ

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ