Тоҷикон дар садаҳои VII-XI тамаддуни бузургеро офаридаанд, ки бо номи Renessansi Tojik шуҳрат ёфтааст. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 42

САНЪАТКОРОНАМОНРО БИШНОСЕМ / 28.02.2019

САНЪАТКОРОНАМОНРО БИШНОСЕММуаррифии санъаткорони барҷаста ва фаъолияти эҷодии босамари онҳо дар ҳузури мутолиагарони китобхонаҳо аз беҳтарин усулҳои ташвиқи фарҳанги миллӣ ба шумор меравад, ки китобдорони шуъбаи адабиёти санъат дар ин самт моҳе ду ё се маротиба суҳбату соатҳои гиромидошту ёдбуди онҳоро дар сатҳи баланд доир менамоянд. Дар суҳбати навбатӣ, ки ба муносибати 75-солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги  Иттиҳоди Шӯравӣ Соибсултон Алиназарова баргузор гашт, донишҷӯёну аспирантону магистрантони донишгоҳҳои шаҳр иштирок доштанд. Иштирокчиёнро бо мақсади суҳбат сардори шуъба Машҳура Умарова ошно кард ва китобдор Дадоҷонова Шоира дар бораи фаъолияти ҳунарии Соибсултон Алиназарова чунин иттилоъ дод:

САНЪАТКОРОНАМОНРО БИШНОСЕМ

Соибсултон Алиназарова 28-уми феврали соли 1944 дар ноҳияи Бартанг ба дунё омада, соли 1964 Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе ва соли 1971 Институти давлатии санъати театрии ба номи А.В. Луначарскийи шаҳри Маскавро хатм намудааст. Солҳои 1964–66 ҳунарпешаи Театри драмаи мусиқии ба номи Рўдакии шаҳри Хоруғ ва аз соли 1971 Ҳунарпешаи Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов буд. Дар саҳнаи театр як силсила нақшҳои ҷолиби драмавӣ, фоҷиавӣ ва романтикӣ офаридааст, ки Ҷамила («Бой ва хизматгор»–и Ҳ.Ниёзӣ, 1964), Хосият («Хонаи умед»–и Аъзам Сидқӣ, 1964), ЛайлӣҚишлоқи тиллоӣ»–и Мирсаид Миршакар, 1965), Дилбар («Фолбинии Афандӣ»-и Абдумалик Баҳорӣ), Сабринисо («Сафар Махсум»-и Ато Ҳамдам,1992), Тўтӣ («Торҳои муҳаббат»-и Қутби Киром), Оқила («Дар ҷустуҷӯи бахт»-и Ҳ.Нуров) ва аз ҷумлаи онҳоанд. Соибсултон Алиназарова дар телевизион низ фаъолият карда, нақши “Қандалот”-ро дар намоишномаи «Алифбоҷон-алифбо» хеле хуб офаридааст. Барандаи намоишномаҳои «Театр ва бачаҳо» ва «Хоби ширин», хурдтаракон буд. Алиназарова дар филми телевизионии «Духтари ҷасур»-и Ш.Қиёмов нақши духтари ҷасурро моҳирона бозид. Дар бисёр фестивалу озмунҳо иштирок карда, соҳиби ҷоизаҳо шудааст. Муаллифи драмаи «Навҳаи зан» ва 70 мақола мебошад.”

Сарчашма: Энсиклопедияи миллии тоҷик. Ҷилди 1. А–Асос. Муҳаррир С.А.Қурбонов.–Душанбе: МД Сарредаксияи илмии ЭМТ, 2011.–С.308

 

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ