Тоҷикон ҳаргиз накӯшидаанд, ки тасаллут бар тамоми дунё дошта бошанд, балки пайваста кӯшидаанд, ки тамоми дунёро дар худ ҷо бидиҳанд. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 41

ТАРОНАИ МОДАР / 06.03.2019

(ба эҳтиром ва таҳнияти бонувони китобхона ба муносибати Рӯзи модар аз Фирӯза Қаюмова)

 

Модарҷон, агар тарона  мехонам, танҳо барои Ту аст, барои Ту, ки  маро ба дунё овардӣ, ба ноз парвардӣ... Ин Ту будӣ, ки ба гӯшам алла гуфтӣ, бар забонам ҳарфҳои ширин гузоштӣ... Маро ба кӯдакистон Ту бурдӣ, аз дастам гирифта, роҳи мактабро нишон додӣ...

Дар зиндагӣ ҳар дастовардам аз Ту сарчашма мегирад, аз ин рӯ, туро сарчашмадори зиндагӣ мегӯянд.

Модарҷон, Рӯзи Ту ба оғози Баҳор рост меояд ва зодрӯзи ман ҳам. Ман худамро духтари Ту–духтари Баҳор мехонам. Ту на фақат тимсоли Баҳорӣ, балки Наврӯз ҳам бидуни Ту маъно надорад...

Модарҷон, хушбахти Ту манам, ки забон ба ситоишат мекушоям. Ситоиши Ту на оғоз дораду на анҷом. Ту дарозтарин ғазали оламӣ, ки шоирони асрҳо гуфтаанду боз хоҳанд гуфт.

Модарҷон, меҳри ту аст, ки дар нимаи ин олами ҷангзада осоишу оромиш ҳукмфармост. Модарҷон, Замин гаҳвораи фарзандони ҷаҳонгири Туст, ки ба дастони тавоноят меҷунбонӣ... Ту гаҳворабон нестӣ, Ту сайёрабонӣ. Сайёраат, илоҳӣ, холӣ аз ҷанг боду пур аз сафою  сулҳ, сабзу хуррам...

Модарҷон, сухани бисёр чӣ лозим, Рӯзат муборак...

Бо таҳният духтари баҳорият Фирӯза

ТАРОНАИ МОДАР