Дар тоҷикон андешаи интернатсионалистӣ қавитар аз андешаи натсионалистӣ буда ва ҳаст. Навбаҳор Абдулғиёс. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусалмониён. Тоҷикон, 2500 сол. – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 51

Оғозёбии фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасон” / 02.04.2019

Оғозёбии фестивали ҷумҳуриявии  “Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасон”/02.04.2019

Ҳамасола дар китобхонаҳои бачагонаи кишвар фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасон”  аз аввали моҳи апрел оғоз меёбад. Ба ин муносибат китобдорон бо ҷалби нависандагону шоирон, олимону қаламкашони ҷавон, ноширони адабиёти бачагона, омӯзгорону хонанадагони синфҳои поёнӣ ва таълимгирандагони кӯдакистонҳо чорабиниҳои гуногун доир намуда, китобу китобхониро байни насли наврас тарғиб менамоянд.

Оғозёбии фестивали ҷумҳуриявии  “Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасон”/02.04.2019Имсол ҳам чун соли гузашта дар толори наврасону кӯдакони Китобхонаи вилоятӣ гӯшаи махсус тартиб дода шуд, ва толор барои истиқболи иштирокчиёни фестивал – хонандагони нав ва баргузории чорабиниҳо омода гардид.

Ҳамарӯза  истифодабарандагони наврас дар давоми ҳафта (аз 2-юм то 9-уми апрел) метавонанд аз маводи ин гӯшаи махсус баҳравар шаванд. Масъулони толори мазкур тасмим доранд, ки нависандагону шоирони бачагонаро ба вохӯрӣ даъват намуда, суҳбатҳои муфиди рӯбарӯ барпо намоянд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ