Дар тоҷикон андешаи интернатсионалистӣ қавитар аз андешаи натсионалистӣ буда ва ҳаст. Навбаҳор Абдулғиёс. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 51

ЁДЕ АЗ ШОИРИ НАВГАРОИ АҲДИ ХУД / 04.04.2019

ЁДЕ АЗ ШОИРИ НАВГАРОИ АҲДИ ХУДДар толори наврасону кӯдакон бо ҷалби хонандагони синфи 4-и Гимназияи №1 ба номи Раҳим Ҷалил суҳбате дар атрофи зиндагӣ ва мероси адабии шоиру тарҷумон Пайрав Сулаймонӣ доир шуд. Китобдори толори мазкур Осимова Дилором ва саркитобдори толори хониш Эргашева Муяссар хонандагонро бо шахсияту осори шоир ошно карданд. Хонандагон баъд аз суҳбат китобҳои шоиру тарҷумонро ба даст гирифта, бо роҳнамоии китобдорон  бо мундариҷаи онҳо ошноӣ пайдо намуданд. Ҳузури дастаҷамъонаи хонандагони наврас дар китобхона ва иттилоъёбии онҳо аз шахсияту номгӯи мероси адабии Пайрав Сулаймонӣ барои дар оянда хуб омӯхтани адабиёти муосири тоҷик замина фароҳам меоварад. Ин гуфтаро бо завқи саршор шеърхонии онҳо аз осори Пайрав Сулаймонӣ аз ҳар ҷиҳат тақвият мебахшад.

ЁДЕ АЗ ШОИРИ НАВГАРОИ АҲДИ ХУД


Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ