Дар миёни тоҷикон таассубе нисбат ба дигар миллатҳо ва халқҳо вуҷуд надорад ва ҳамбастагию дилсӯзӣ ба инсон аз суннати волои ин мардум аст, ки аз бузургони худ ба мерос бурдаанд. Ҷалол Сиддиқӣ. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.346

КИТОБ–ГАНҶИ БЕБАҲО/08.04.2019

КИТОБ–ГАНҶИ БЕБАҲО/08.04.2019Китобдорони китобхона-филиали №6  барои хонандагони МТМУ№19 шаҳри Хуҷанд китобҳои бачагонаро таҳти унвони “Китоб – ганҷи бебаҳо” ба намоиш гузошта, ҳамчунин бо мақсади дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия кардани онҳо осори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро низ тарғибу ташвиқ намуданд. Дар ҳошияи ин намоиш хонандагони синфи чорум бо роҳбарии китобдори муассисаи таълимии мазкур  Абдунабиева Р. ва омӯзгор Юсуфҷонова М. чорабиние ҷолиберо барпо карданд. Дар ин чорабинӣ хонандагон Эшонова Муслима,  Мамадҷонова Нилуфар, Ҳакимова Манижа, Ҳайдаров Саидҷон дар васфи китобу мактаб, обу хоки Ватан шеърҳо хонданд. Талабаҳои хушзавқу боистеъдод Ҳотамов Шуҳрат ва Раҳимова Сурайё дар “Гиряи китоб” ном саҳначае нақш офариданд. Китобдори китобхона-филиали №19 Ёқубова Г. бо талабаҳо саволу ҷавоб доир карда, аз мазмуну мундариҷаи асарҳо, хислату рафтори қаҳрамону персонажҳо пурсон шуд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ

КИТОБ–ГАНҶИ БЕБАҲО/08.04.2019