Тоҷикон нарм ҳастанд, аммо ин нармӣ аз нотавонӣ нест, балки аз тавони андеша аст, аз фарҳанг аст, аз андешаи оқибати кор, аз фардост. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 41

АРҶГУЗОРИ КИТОБУ КИТОБХОНА/07.05.2019

АРҶГУЗОРИ КИТОБУ КИТОБХОНА/07.05.2019Ба китобдорӣ ва китобхонанишинӣ, чунончи аз таърих медонем, касоне дил мебанданду умри азизашонро дар ин роҳ сарф мекунанд, ки аз хурдӣ дар ҳамин рӯҳия ва муҳит тарбияву таълим гирифта бошанд. Аксар олимону мутафаккирони Шарқу Ғарб китобдор будаанд. Китобдорӣ дар миёни ҳама халқҳои олам беҳтарин пеша ба шумор меравад.

Таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар, бавижа ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи китобу китобхонӣ ва китобдорӣ қобили таҳсину таблиғ аст. Сохта ба истифода дода шудани бузургтарин ганҷина дар Осиёи Миёна– Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар пойтахтамон далели барҷастаи ин гуфта мебошад. Имсол бо амри Сарвари кишвар озмуни ҷумҳуриявии китобхонӣ таҳти унвони “Фурӯғи субҳи доноӣ...” эълон шуд. Ин озмун, ки дар таърихи фарҳанги Тоҷикистони соҳибистиқлол бори аввал баргузор мегардад, омили муҳими ба китобу китобхона рӯй овардани аҳолии кишвар, ба хусус, наврасону ҷавонон шуда, ҳамзамон мақоми китобдорону китобхонаҳоро дар миёни муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ боз ҳам баландтар хоҳад бардошт.

Бо мақсади ба насли нави китобдорон шиносидани чеҳраҳои намоёни соҳаи китобдорӣ, нишон додани тарзи корбарии намунавии онҳо аз соли 2014 инҷониб дар бораи фаъолияти собиқадорон Мирзоева Шафоат, Зарипова Хайринисо, Султонова Волидахон, Ахмедов Аҳрорҷон, Мирзоева Шарафнисо корномаҳо барои сомонаи расмии Китобхонаи вилоятӣ омода ва чанде аз онҳо нашр шуд. Ин иқдом, ки аз нахустин талошҳои дар алоҳидагӣ муаррифӣ кардани китобдорони соҳибтаҷриба ба шумор меравад, аз тарафи аҳли китобу фарҳанг хуш пазируфта шуд.

Инак, фишурдаи ҳолномаи қаҳрамони навамонро, ки ному фаъолияти китобдорияш барои на ҳамаи китобдорон ошност, бо ҳикмати аз рӯзномаҳо барчидаи худи ӯ ҳусни ифтитоҳ мебахшем:

Ҳар кас ки зиндагии хешро бо маърифат ва китоб пайваста медонад,бешак инсони саодатманд ва хушбахт аст.

Ин инсони хушбахту саодатманд, педагог, устоди фанни забони немисӣ, дӯстдору арҷгузори китобу китобхона ва китобдор, собиқ роҳбари масъулиятноку серталаби китобдорон, сардори методистони китобхонаҳои вилоят, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон Абдулваҳҳоб Маҷидов мебошад, ки дар бораи фаъолияти меҳнатии ӯ собиқ раиси Китобхонаи вилоятӣ, ходими ҳизбӣ-давлатӣ, собиқадори соҳаи фарҳангу китобдорӣ Нодирҷон Солиҷонов, нависанда ва рӯзноманигор, собиқ корманди шуъбаи табъу нашр Аҳмадҷони Хистеварзӣ, олимони соҳаи филология, собиқ кормандони шуъбаи дастхатҳо ва нашрияҳои нодир Нуралӣ Нуров ва Таиба Бобоева мақолаҳои алоҳида навишта, паҳлӯҳои гуногуни шахсияти ӯро боз кардаанд. Инчунин ному насаби ӯ дар мақолаву гузоришҳои гуногуни рӯзноманигорону фарҳангиёни вилоят ва китоби «Ифтихори мо» (Хуҷанд, 1999) ҳамчун яке аз собиқадорону мутахассисони намоёни соҳаи китобдорӣ ва тартибдиҳандаи асари мазкур дар радифи дигарон сабт шудааст.

Дар навиштаҳои мазкур мо қаҳрамонамонро ҳамчун «муаллиму мураббии китобдорон», «устоди баркамоли донишҷӯён», «корманди барои коллективи меҳнатӣ азизу муътабар» бо «серталабӣ, ростқавлию росткорӣ», ки аз «хислатҳои ҷудонашаванда»-и ӯянд, дармеёбем.

Аз солнома ва ҳолномаи ба дасти худ навиштаи устоди соҳа бармеояд, ки муҳимтарин ҷабҳаи фаъолияти меҳнатияш, ба истиснои омӯзгорӣ дар мактаби миёнаю донишгоҳ ва кор дар раёсати фарҳанг, китобдорӣ ба шумор меравад. Зеро аз 50 соли собиқаи корӣ ҳудуди 30 соли онро ин дилбохтаи маърифат ба соҳаи китобдориву фарҳанг пайванд додааст.

АРҶГУЗОРИ КИТОБУ КИТОБХОНА/07.05.2019

Абдуваҳҳоб Маҷидов ҳамчун библиограф, дастурдеҳ, ҷонишини директор оид ба корҳои илмӣ-методӣ дар Китобхонаи вилоятӣ 20 сол (дар ду давра: аввал – аз 10.09.1974 то 11.11.1982; дуюм – аз 18.09.1991 то 14.07.2003) фаъолият бурда, 9 соли дигар (11.11.1982 – 18.09.1991) ҳамчун инспектори (дастурдеҳи) калон дар шуъбаи санъат, муассисаҳои таълимӣ ва кадрҳои Раёсати фарҳанги вилояти Ленинобод барои халқу Ватан хизмат кард.

Абдуваҳҳоб Маҷидов 7-уми майи соли 1949          дар деҳаи Қадамҷойи ноҳияи Истаравшан дар оилаи хизматчӣ ба дунё омада, солҳои 1956-1963 дар мактаби ҳаштсолаи зодгоҳ савод омӯхта, солҳои 1963-1966    таҳсилро дар мактаби миёнаи 11-солаи деҳаи Далёни Поёни ноҳияи Деваштич идома дода, онро бо ихтисоси иловагии механизатор ба поён расонд. Як сол ҳамчун тракторчӣ дар бригадаи пахтакории совхози “40-солагии Тоҷикистон”-и ноҳияи Зафаробод кор кард.

Панҷ сол (аз солҳои 1967 то соли 1972) дар Донишкадаи омӯзгори шаҳри Ленинобод таҳсил карда, соҳиби дипломи хатми ихтисоси омӯзгори фанни забони немисӣ шуд. Аз рӯйи ихтисос солҳои 1972-1973    ба ҳайси омӯзгори забони немисӣ ва русии мактаби миёнаи №23  ноҳияи Ӯротеппа фаъолияти пурсамар бурд. Аз соли 1973 то 1974 хизмати ҳарбиро дар қисми мудофиаи зиддиҳавоии Артиши Шӯравӣ дар шаҳри Омски Русия адо кард.

Баъд аз хизмати ҳарбӣ ҳаёти ӯ ба китобхона пайванд ёфт. Абдуваҳҳоб Маҷидов аз 10.09.1974  то 11.11.1982 дар Китобхонаи вилоятӣ ҳамчун библиографи шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ, мудири шуъбаи ҳифзи махзан фаъолият бурдааст. Муҳити корӣ ва роҳнамоиҳои мудири хоксору ғамхор, бомаърифату собиқадори меҳнат, Корманди хизматнишондодаи Тоҷикистон Ремизова Любов Александровна ва библиографи калони шуъба, собиқадори соҳаи китобхона–шиносӣ Додохоҷаева Онаой сабаб шуд, ки китобшиноси навкор–омӯзгори забони немисӣ дар муддати кӯтоҳ тамоми нозукиҳои фаъолияти кори шуъбаро аз худ намояд. 

Баъди як соли фаъолият моҳҳои сентябру октябри соли 1975 дар Донишкадаи умумииттифоқи такмили ихтисоси кормандони маданияти вазорати Маданияти ИҶШС, гурӯҳи мудирони махзани китоби китобхонаҳои вилоятии ҷумҳуриҳои иттифоқи Шӯравӣ дар шаҳри Москва ба бозомӯзӣ ҷалб шуда, дониши соҳаии худро боз ҳам такмил дод.

 Солҳои 1976-1977 ҳамчун шунавандаи шабона шомили гурӯҳи ташвиқотчӣ-тарғиботгарони донишкадаи марксизм-ленинизми назди комитети Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон дар вилояти Ленинобод гашта, онро хатм кард.

Аз 11.11.1982 то 18.09.1991 ҳамчун сармутахассиси шуъбаи санъат, муассисаҳои таълимӣ ва кадрҳои Раёсати фарҳанги вилояти Ленинобод кор карда, дар рушди соҳаи фарҳанг саҳми сазовор гузошт. Дар ин миён моҳи декабри соли 1987         дар Донишкадаи умумииттифоқии такмили ихтисоси кормандони маданияти Вазорати маданияти ИҶШС дар гурӯҳи инспекторони раёсатҳои маданияти вилояти ҷумҳуриҳои иттифоқи Шӯравӣ дар шаҳри Москва курси такмили ихтисосро гузашт.

АРҶГУЗОРИ КИТОБУ КИТОБХОНА/07.05.2019Аз 18.09.1991 то 14.07.2003 ба ҳайси ҷонишини директор оид ба корҳои илмӣ-методӣ дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ фаъолият бурда, хизмати шоиста дар тарбияи китобдорону китобшиносони вилоят анҷом дод.

Бо тақозои вақт аз 4.07.2003 то синни нафақа соли 2012 ҳамчун корманди масъули қисми хоҷагии бинои асосии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон кор кард. Садорати донишгоҳи мазкур иҷрои ин вазифаро то 19.08.2016 ба уҳдаи вай гузоштанд.

Абдуваҳҳоб Маҷидов оиладор, соҳиби се фарзанд ва шаш набера мебошад. Ҳамсараш Исмоилова Бизуҳро, фарзандонаш Фарҳодҷон, Фирдавсҷон, Фирӯзҷон соҳиби маълумоти олӣ, оилаву фарзанд ва зиндагии шоистаанд.

Маъмурият ва кормандони Китобхонаи вилоятӣ собиқадори соҳаи китобдорӣ ва фарҳанг Абдуваҳҳоб Маҷидовро ба муносибати 70-солагии зодрӯз табрику таҳният гуфта, ба ӯ тани сиҳату хотири ҷамъ ва даврони хуши пириро таманно мекунанд.

 САРЧАШМАҲОИ ШИНОХТИ ФАЪОЛИЯТИ КАСБИИ АБДУЛВАҲҲОБ МАҶИДОВ:

1.      Солиҷонов Нодирҷон. Тоҷи сари мо ҳастед [Матн]: Ба муносибати 50-солагиии Абдуваҳҳоб Маҷидов // Тирози ҷаҳон.–1999.– 7-уми май.

2.      Хистеварзӣ, Аҳмадҷон. Китобдор чароғи маърифат рӯшан дорад [Матн]: Дар бораи Абдуваҳҳоб Маҷидов // Тирози ҷаҳон.–1999.–27-уми август.

3.      Бобоева Таиба, Нуров Нуралӣ. Ба соҳил мерасад ҳар баҳрнавард рӯзе... [Матн]: Дар бораи Абдуваҳҳоб Маҷидов / Таиба Бобоева, Нуралӣ Нуров // Тирози ҷаҳон.–2000.–5-уми сентябр.

4.      Бобоев С., Маҷидов А., Ҷӯраев Ҳ. Истироҳати хуб – гарави пешравии кор. Бошишгоҳи саҳро 79 [Матн]: Маълумот дар бораи хизматрасониҳои маданӣ дар ноҳияи Зафаробод//Ҳақиқати Ленинобод. −1979.−8-уми август.−С.1

5.      Маджидов А., Чернова Г. Книги – ветераны / Ифтихори мо [Матн]: Таърихномаи китобхонаи вилоятии оммавии ба Тошхоҷа Асирӣ /Тартибдиҳандагон: Нодирҷон Солиҷонов, Муҳиддин Хоҷазод, Абдуваҳҳоб Маҷидов, Аҳмадҷон Мансуров; Муҳаррири масъул: Муҳиддин Хоҷазод.–Хуҷанд: Раҳим Ҷалил, 1997.–118 с.–С.100-102

6.      Юсупов Мубинҷон. Диёри меҳр (қайди сафар)[Матн]/ Мубинҷон Юсупов// Ҳақиқати Ленинобод.–1992.–29-уми август.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ