Тоҷикон нарм ҳастанд, аммо ин нармӣ аз нотавонӣ нест, балки аз тавони андеша аст, аз фарҳанг аст, аз андешаи оқибати кор, аз фардост. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 41

ВОХӮРӢ БО ОИЛАҲОИ НАМУНАВӢ/14.05.2019

Дар остонаи Рӯзи оила бо ташаббуси Хонаи маданияти № 2 ба номи Ҳоҷиумар Қосимови шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Хуҷанд, Китобхонаи марказонидашудаи шаҳри Хуҷанд ва китобхона-филиалҳои Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ маҳфили адабӣ-фарҳангии “Оилаи солим – пойдевори ҷомеа” доир гардид. Дар маҳфил намояндаи бахши фарҳанги шаҳри Хуҷанд Атохӯҷаева Тӯҳфа, раиси Кумитаи маҳаллаи “Сайҳун” Охунов Мирзоосим ва занҳои фаъоли маҳаллаи мазкур, оилаҳои барӯманди шаҳри Хуҷанд Дадобоевҳо ва Аброровҳо, ҷонишини директор оид ба корҳои илмӣ-методӣ Ҳамробоева Мавзуна, санъаткорони Хонаи маданияти № 2, сароянда Маликаи Хубон,  дастпарвари Мактаби мусиқии №3 Шоҳнура Ахмедова бо суханронӣ, гузориш, иҷрои суруду мусиқӣ ва рақс иштирок доштанд. Китобдорони китобхона-филиалҳо дар чорабинӣ намоиши китобӣ-матбуотӣ ташкил карда, китобҳои марбут ба мавзӯи оила ва оиладориро мавриди баҳрагирӣ қарор доданд.

Китобдорон Умедахон Ҷураева бо барандагии маҳфил, Малика Қосимова бо гузориш дар мавзӯи “Ташаккули муносибатҳои оилавӣ ва анъанаҳои миллии оиладорӣ”, Замира Ҳайдарова бо маълумотдиҳӣ дар бораи оилаи Дадобоевҳо , Гулчеҳра Ҳайдарова бо муаррифии ҳаёт ва фаъолияти оилаи Аброровҳо саҳми худро барои дар сатҳи баланд гузарондани чорабинӣ гузоштанд.

Ҷолибтарин ва судмандтарин суҳбат дар мавриди “Нақши оила дар тарбияи фарзанд” аз ҷониби дотсенти кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахт, номзади илмҳои физика ва математика, сардори оила  Дадобоев Ғафурҷон ва беҳтарину пуртаъсиртарин суханронӣ дар мавзӯи “Омилҳои хушбахтии оила” аз тарафи собиқадори Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник,  сардори  оила  Аброров Абдурасул ба иштирокчиён ироа гардид.

Баъд аз саволу ҷавоб ва қисмати бадеӣ  муовини директор оид ба корҳои илми методӣ Ҳамробоева Мавзуна чорабиниро ҷамъбаст намуда, ба меҳмонон туҳфаи хотиравӣ супорид.

 Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ