Аз дари адолат бояд дар омад, ки тоҷикон то имрӯз аз пойдортарин миллат ба шумор мераванд, ба нудрат миллате чун тоҷикон бад‑ин шумораву шиддат заработеро рӯбарӯ шудаанд. Аммо каме фурсат кофӣ буд, ки ин миллат дубора ҷон бигирад. Н.Г. Павлов. Манбаъ: Амиршоҳӣ, Нурмуҳаммад. Давлатдории тоҷикон дар асрҳои ХI−ХIV.−Душанбе: Амри илм, 1999. –С.85‑86

ТАРҒИБОТГАРОНИ ОЗМУН ДАР КИТОБХОНАИ ДДҲБСТ/15.05.2019

ТАРҒИБОТГАРОНИ ОЗМУН ДАР КИТОБХОНАИ ДДҲБСТ/15.05.2019Китобдорон Амонова Муҳаббат (сардори шуъбаи китобҳои забонҳои хориҷӣ), Қурбонова Муҳайё (сардори шуъбаи толори хониш),  Ҳоҷибоева Санъатхон (китобдори шуъбаи  адабиёти хориҷӣ), ки узви гурӯҳи тарғиботии Китобхонаи вилоятӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ мебошанд, ба китобхонаи ДДҲБСТ рафта, оид ба ҷараёни татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9.02.2019 №АП-1165 оид ба озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ва дар ин замина Қарори Раиси вилояти Суғд аз 10.05.2019 №225 бо сарвари китобхонаи муассисаи таҳсилотии олии мазкур Салимова Дилрабо суҳбат карданд. Дар рафти суҳбат китобдорон ба ҳамкасби худ маслиҳат доданд, ки муҳтавои мухтасари Амри мазкур ҳар чи бештар ба донишҷӯёну омӯзгорон бо усулҳои ҷолиб фаҳмонда шавад, ба мақсад мувофиқ мебошад. Зеро озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...”  бори нахуст дар кишвар бо дастури бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шуда, ба он бояд аз ҳамаи қишрҳои ҷомеа, хусусан ҷавонон бештар ҷалб гарданд.  Ҳамчунин маълум гардид, ки то имрӯз озмуни мазкур дар байни кафедраҳо доир гашта истодааст. Даври дигари дохилидонишгоҳии озмун дар Китобхона доир гашта, ғолибони барои ширкат дар даврии шаҳрӣ роҳхат мегиранд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ