Тоҷикон нарм ҳастанд, аммо ин нармӣ аз нотавонӣ нест, балки аз тавони андеша аст, аз фарҳанг аст, аз андешаи оқибати кор, аз фардост. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 41

ҶАҲОНРО БА ДОНИШ ТАВОН ЁФТАН/15.05.2019

ҶАҲОНРО БА ДОНИШ ТАВОН ЁФТАН/15.05.2019Дар китобхонаҳои шаҳр тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва Кумитаи кор бо ҷавонони варзиши вилоятдар доираи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо мақсади ҷалби қишри ҷавони ҷомеа ба китобхонӣ Рӯзи китобхонаҳо ва аксияи “Биёед, китоб мехонем!” баргузор карда шуд.

Ба ин муносибат дар ошёнаи аввали Китобхонаи вилоятӣ нахуст бо иштироки таълимгирандагони Литсеи касбии техникии шаҳри Хуҷанд, ки бо роҳбарии омӯзгорон З. Юсупов, М. Ёқубова, Ф.Раҳматуллоева  ва китобдор Т.Исломова барои шиносоӣ ҳузур оварда буданд, суҳбату вохӯрӣ доир гашт. Аксияи китобхонӣ ва аҳамияти онро директори Китобхонаи вилоятӣ адабиётшинос Баҳром Мирсаидов ва мувоини он ба корҳои илмӣ-методӣ Ҳамробоева Мавзуна ба ҷавонон фаҳмонда, хонандагону муҳассилини фаъолро ба минбари ташвиқ даъват кард. Онҳо дар бораи китобу китобхонӣ, обу хоки Ватан, меҳру мақоми Модар, арзиши Сулҳу Ваҳдат, моҳияти ҷавонӣ шеъру гуфторҳо қироат карда, ҳамсолонашонро ба худомӯзиву худшиносӣ талқин намуданд. Дар навбатҳои дигар чунин чорабинӣ бо иштироки хонандагони МТМУ №5, Гимназияи №1 шаҳри Хуҷанд ба номи Раҳим Ҷалил ва дигар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ баргузор шуд.  

Ҳамин тариқ, давоми рӯз дар аксия барои иштирокчиёни ҳар навбат намоиши кушоди китобиву матбуотӣ ва слайди ҷолибу таъсирбахш мавриди баҳрагирӣ қарор дода шуд. Маҷмӯан аксияи мазкур бо ҷалби хонандагону толибилмон ва омӯзгорону устодони муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии шаҳри Хуҷанд дар сатҳи хеле хуб баргузор гашт.

 Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ

ҶАҲОНРО БА ДОНИШ ТАВОН ЁФТАН/15.05.2019