Тоҷикон дар асри Х устод Рӯдакӣ барин доҳии забон ва санъатро расонданд, ки тамоми халқҳои форсизабон аз адабиёти оламшумули худ аз ин устод миннатдор аст. Садриддин Айнӣ. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.42

ҲАФТАИ ТАБЛИҒИ ОЗМУН ДАР КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ ВА БОНКҲО/20.05.2019

Бо мақсади тарғиби озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” аз санаи 10-уми май то 17-уми май гурӯҳи тарғиботӣ иборат аз методистону китобдорон Нурматова Умеда, Ҳоҷибоева Хайринисо, Ҷабборова Мавзуна, Мӯсоева Мунзифа, Зоҳирова Малика бо роҳбарии Қаландаров Абдулазиз дар корхонаҳои саноатӣ ва бонкҳои шаҳри Хуҷанд бо кормандону роҳбарон вохӯриву суҳбатҳо гузаронда, аз натиҷаи кори якҳафтаинаашон гузориш омода намуданд. Аз муҳтавои гузориш маълум шуд, ки китобдорон бо намояндагони 37 корхонаи истеҳсолӣ, саноатӣ ва бонки ҳудуди шаҳри Хуҷанд вохӯрда, бо намоишдиҳии маводи тарғиботӣ (Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озмуни ҷумҳуриявии китобхонӣ, Низомномаи он, Қарори раиси вилояти Суғд дар ин бора)  мутахассисони соҳаи саноату бонкро барои ширкат дар озмун ҷалб карданд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ