Ҷойгоҳи Самарқанду Бухоро дар таърихи тоҷикон монанди Санкт-Петербург ва Маскав аст барои русҳо. Рустам Шукуров. Манбаъ: Қубодиён, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98с. –С.69

МАШВАРАТИ КИТОБДОРОНИ ВИЛОЯТ/23.05.2019

Бо мақсади тарғибу татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» (№АП-1165, аз 09.02.2019) ва иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд ҷиҳати баргузории даври вилоятии озмуни мазкур (№225, аз 10.05.2019) ва пешбурди фаъолияти китобхонаҳои деҳоти вилоят дар доираи чорабиниҳои «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» (солҳои 2019-2021) санаи 23-юми май дар толори Китобхонаи вилоятӣ бо иштироки директорон, мушовирону дастурдеҳон, китобшиносону китобдорони 18 шаҳру навоҳии вилоят ва китобдорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи «Таҳкими фаъолияти китобхонаҳои деҳот ва роҳҳои ҷалби хонандагон ба китобхонӣ» машварати илмӣ-назариявӣ дар сатҳи баланди касбӣ доир шуд.

Машваратро Сардори Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ориф Набиев ҳусни оғоз бахшида, дар бораи аҳамияти баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ...» ва саҳми аҳли фарҳанг, хусусан китобдорону китобшиносон дар таблиғу ташвиқи озмуни мазкур сухан гуфта, ҳадафи асосии онро ҷалби тамоми қишри ҷомеа ба китобхонӣ дониста, таъкидан бо нақл аз рӯзгори наврасиву ҷавониаш таъсири китобу китобхонӣ ва китобхонаро дар ташаккулёбии ҷаҳонбинии илмиву ахлоқии талабагону донишҷӯён баланд арзёбӣ кард ва ба кори машварат тавфиқ хост.

Дар идома директори Китобхонаи вилоятӣ Баҳром Мирсаидов зимоми кори машваратро то поёни баргузорӣ ба ихтиёр гирифта, баробари эълони ҳар як маърӯзаи гузоришгарону маърӯзачиён, зарурат ва ҳатмияти тарҳу таҳлили масъалаҳои дар барномаи  машварат матраҳшударо ёдовар шуда, нуктаҳои муҳими фурӯгузоршуда, таъкидталаб ва тавзеҳхоҳро зимнан хотиррасону такъид карда, ҳамзамон ба шарҳу тафсири баъзеи онҳо пардохт, ки ин кор ҷараёни дарку фаҳми матолибро барои иштирокчиён хеле осон гардонд.

Нахустин гузориш, ки  ба масъалаи «Шарҳу тавзеҳи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ...» ихтисос дошт, аз тарафи муовини директори Китобхонаи вилоятӣ  Мавзуна Ҳамробоева ироа гашта, диққати иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуд.

Дар идома то танаффуси кутоҳмуддат сардори шуъбаи илмӣ-методии Китобхонаи вилоятӣ Абдуазиз Қаландаров дар мавзӯи «Хизматрасонии беруназкитобхонавӣ ва нақши он дар ҷалби хонандагон», китобдори Китобхонаи вилоятӣ Манзура Қаюмова дар бобати «Корҳои маълумотдиҳӣ-библиографӣ дар шуъбаҳои хизматрасонӣ»,  сардори шуъбаи пурракунӣ ва коркарди китоби Китобхонаи вилоятӣ Раъно Ғаффорова дар мавзӯи «Тарзҳои писандида дар тарғиби китобҳои нав»,  китобдори шуъбаи мубодилавӣ-захиравӣ ва маҳфуздории Китобхонаи вилоятӣ Дӯстматова Роҳатой дар доираи масъалаи «Мубодилаи китобҳо – омили судманди мукаммалгардонии махзани китобхонаҳо», сардори шуъбаи дастхатҳо ва нашрияҳои нодири Китобхонаи вилоятӣ Зуҳро Файзуллоева доир ба «Маълумоти мураккаби библиографӣ ва роҳҳои иҷрои он», мушовири шуъбаи илмӣ-методии Китобхонаи вилоятӣ Мунзифа Мӯсоева  дар мавзӯи «Таҳкими робитаҳои электронии китобхонаҳои вилоят» гузоришу маърӯза ироа карданд.

Дар қисмати музокира маърузаҳои ироашуда мавриди муҳокима қарор гирифт. Диққати иштирокчиён ва музокираи онҳо бештар ба масъалаи якум равона  –«Шарҳу тавзеҳи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ...» гардида, он хеле доманадор ва пурбаҳс ҷараён гирифт. Ба саволҳои иштирокчиён гузоришгар муовини директор оид ба корҳои илмӣ-методӣ Мавзуна Ҳамробоева  ва директори Китобхонаи вилоятӣ Баҳром Мирсаидов посух гуфтанд. Пешниҳоду таклифи иштирокчиён, бавижа пешниҳоди директорони китобхонаҳои марказии ноҳияҳои Зафаробод ва Мастчоҳ Азизов Баҳодур ва Қурбонов Давлат дар мавриди «аз даври ноҳиявӣ ба даври вилоятӣ роҳхат додани панҷ нафар довталаб (ғолибони чор номинатсия ва гирандаи «Шоҳҷоиза»)» аз тарафи ҳама дастгирӣ ёфт.

Баъд аз танаффуси кутоҳмуддат се масъалаи дигари машварат пешкаши иштирокчиён гашт. Сардори шуъбаи табъу нашри Китобхонаи вилоятӣ Шодӣ Шарифниё  дар мавриди«Ҳамкории китобхонаҳои вилоят дар самти таҳияи «Тақвими санаҳои ҳумоюнӣ», сардори толори хизматрасонии махсуси Китобхонаи вилоятӣ Мадина Болтубоева дар мавзӯи «Хизматрасонии китобию иттилоотӣ ба шахсони имконияти ҷисмонияшон маҳдуд»  ва директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ  Баҳром Мирсаидов  дар бобати «Навоварӣ ва навҷӯӣ дар соҳаи китобдорӣ» маърӯза карданд.

Дар охир китобдорон се гузориши ироашуда ва маҷмӯан ҳамаи масъалаҳои матраҳшударо муҳокима карда, доир ба ҳар як маърӯза андешаҳои худро иброз намуданд. Онҳо ба сатҳи омодагии ҳар як гузоришгар ва масъалаҳои дар машварат матраҳшуда баҳои баланд дода, тақвияти ҳамкорӣ дар самти таҳкими фаъолияти китобхонаҳои деҳот ва роҳҳои ҷалби хонандагон ба китобхониро амри зарурӣ шумурданд. Ҳамчунин директорон, китобдорону китобшиносон масъулияти ба тамоми ҳамкасбон интиқол додани ҳадаф ва муҳтавои машварати мазкурро ба уҳда гирифтанд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ