Он чи бо тоҷикон рух дод, як андоза ба африқоии пас аз истиқлол монанд аст. Ба тоҷикҳо як гӯшаи сангистони заминро ба мардуми бечора ва ҷафокашидааш тақдим карда, фармуданд, ки барои худ миллат бисозанд. Уилям Бимен. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... ... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98с. –С.68

ВОРИДШАВИИ ТАЗКИРАҲОИ НАВ/03.06.2019

Тибқи фармони Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид аз 28-уми январи соли ҷорӣ баъди нашр 5 тазкира: “Лубобу-л-албоб”-и Муҳаммад Афвии Бухороӣ (дар ду ҷилд), “Маҷолису-н-нафоис”-и Алишер Навоӣ, “Туҳфаи Сомӣ“-и Соммирзои Сафавӣ, “Тазкираи Майхона”-и Абдунабии Фахруззамонӣ, “Калимоту-ш-шуаро”-и Муҳаммад Афзали Сархуш, “Риёзу-ш-шуаро”-и Волаи Доғистонӣ (дар чаҳор ҷилд) ба таври ройгон ба калонтарин китобхонаҳои ҷумҳурӣ тақдим карда шуд. Нашрҳои интиқодии тазкираҳои мазкурро донишмандони эронӣ таҳия намудаанд. Бар асоси нашрҳои мазкур адабиётшиносони тоҷик онро аз хатти форсӣ ба хатти кирилӣ баргардон кардаанд.

Тазкираҳои мазкурро аз шуъбаи табъу нашри Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонишини директор оид ба корҳои хизматрасонӣ Ҳакимова Мунира дастрас намуда, ба шуъбаи пурракунӣ ва коркарди китобҳои Китобхонаи вилоятӣ супурд. Китобҳои тозаворид баъд аз коркард дастраси алоқамандон мегарданд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ