Тоҷикон дар асри Х устод Рӯдакӣ барин доҳии забон ва санъатро расонданд, ки тамоми халқҳои форсизабон аз адабиёти оламшумули худ аз ин устод миннатдор аст. Садриддин Айнӣ. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.42

МАРДИ НАКӮНОМ/11.06.2019

Инсон дар зиндагӣ бо гузашти вақт, меҳнати шоиставу фаъолияти пайваста, ҳамзистии намунавӣ бо ҷомеа вуҷуду рӯҳи худро лабрез аз донишу таҷриба мегардонад. Яке аз чунин афрод Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Расул Раҳимов мебошад, ки ба муносибати 80-умин солгарди умри босамару пурбаракаташ маҳфили илмӣ-фарҳангие таҳти унвони “Марди накӯном” доир гашт.

Барои иштирокчиёни маҳфил дар саҳни ошёнаи дуюм намоиши китобӣ ташкил карда шуд. Дар толор маҳфил бо намоиши слайди ифодагари фаъолияту зиндагии соҳибҷашн дар таҳия ва пахши Дадобоева Масъуда ҳусни оғоз ёфт.

Сипас бо сухангӯиву зимомдории китобдори китобхона-филиали №4 Ҷӯраева Умеда бо навбат мудири шуъбаи кор бо маҳаллаҳои назди Раиси дастгоҳи шаҳри Хуҷанд Раҷабов Муродҷон бо қироати табрикоти Раиси шаҳр Муҳаммадзода Маъруф, ва мутахассиси пешбари Маркази илмӣ-методии Раёсати фарҳанги вилоят Усмонова Фароғат табрики сардори Раёсати фарҳанг Орифҷон Набиевро қироат карда, туҳфаҳои хотиравӣ супурданд.

Китобдори шуъбаи техникӣ ва кишоварзӣ Ҷабборова Мавзуна иштирокчиёнро бо ҳаёт ва фаъолияти меҳнатии Расулов Раҳим ошно кард.

Дар идома Ҳомидов Назирҷон намоянда аз КВД “Садаф”, Орипов Мӯъминҷон раиси Шӯрои собиқадорони шаҳри Хуҷанд, Қодиров Абдуаҳад номзади илмҳои физикаю математика, дотсенти кафедраи электроника, яке аз дӯстони соҳибҷашн Каримхӯҷаев, Исохӯҷа, ҳамсабақи даврони донишҷӯӣ Қурбонов Юсуф Ҳоҷибоевич ,  Атохӯҷаев Анвархӯҷа директори ҶДММ “Алмос”, Комилов Мухтор аз маҳаллаи “Чорчироғ”, хешу пайвандон ҳангоми ифодаи суханҳои табрикӣ дар бораи шахсияту ҳайсияти Расул Раҳимов иттилоъ доданд. Худи соҳибҷашн низ чанд сухан дар бораи накӯномиву накӯкорӣ баён кард.

Дар маҳфил рӯзноманигорон ва намояндагони радиову телевизионҳои шаҳри Хуҷанд низ ширкат доштанд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ