Ҷойгоҳи Самарқанду Бухоро дар таърихи тоҷикон монанди Санкт-Петербург ва Маскав аст барои русҳо. Рустам Шукуров. Манбаъ: Қубодиён, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98с. –С.69

НАМОИШИ КИТОБӢ ВА МАТБУОТӢ ДАР БЕМОРХОНА/16.08.2019

Дар Беморхонаи ҷумҳуриявии физиотерапевтии ба номи Нурматов Абдусаттор, ки дар кӯчаи Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд воқеъ аст, китобдорони шуъбаи хизматрасонии Китобхонаи вилоятӣ нуқтаи китобдиҳӣ ташкил дода, дар муддати муайян ба он ҷо китобҳои дархостшударо дастрас менамоянд. Илова бар ин, муассисаи тиббии мазкур дорои китобхонаи алоҳида буда, дар он китобдор Ҳайдарова Зебиҷон фаъолият мебарад. Китобдорони шуъбаи хизматрасонӣ маҳз бо китобдори номбурда ҳамкорӣ карда, муолиҷагирандагонро бо китобҳо ва рӯзномаву маҷаллаҳои марбут ба соҳаи тандурустӣ таъмин менамоянд. Сардори шуъба Бойпочоева Ҳабиба ва китобдор Шарипова Каромат санаи 16-уми август ба муносибати Рӯзи табибон намоиши китобиеро бо номи “Ҳар дард даво дорад”, ки фарогири китобҳои соҳаи тиб мебошад, ташкил намуда, ҳамзамон бо истифодабарандагон –муолиҷагирандагони шуъбаи табиатдармонӣ суҳбат доир карда, масъулияти дастрас кардани китобҳои мутолабанамудаи онҳоро ба уҳда гирифтанд. Китобдорон бо ташкили ин намоиш табибонро ба Рӯзи касбиашон табрику таҳният гуфта, ҳамзамон доираи истифодабарандагонашонро вусъат бахшиданд. Ҳамшираҳои тиббӣ Авезова Гулноза, Файзиева Машҳура ва чанде аз муолиҷагирандагони китобдӯст ба муносибати китобдорон ва сатҳи хизматрасонии сайёри онҳо баҳои баланд доданд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ