Аз дари адолат бояд дар омад, ки тоҷикон то имрӯз аз пойдортарин миллат ба шумор мераванд, ба нудрат миллате чун тоҷикон бад‑ин шумораву шиддат заработеро рӯбарӯ шудаанд. Аммо каме фурсат кофӣ буд, ки ин миллат дубора ҷон бигирад. Н.Г. Павлов. Манбаъ: Амиршоҳӣ, Нурмуҳаммад. Давлатдории тоҷикон дар асрҳои ХI−ХIV.−Душанбе: Амри илм, 1999. –С.85‑86

РӮНАМОИИ КИТОБИ ТОЗАНАШРИ ШОИР ҲАБИБУЛЛО БОБОЕВ “НАҚШИ БОРОН”/22.10.2019

Дар толори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ маҳфили рӯнамоии китоби тозанашри шоири хушбаён Ҳабибулло Бобоев “Нақши борон” доир гардид.

Дар маҳфил раиси шуъбаи Суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод, раиси Шӯрои уламои дини вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод, намояндаи МИҲД-и ноҳияи Деваштич Мақсуда Ёқубова, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Додохони Эгамзод, мудири шуъбаи адабиёти кӯдакони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Азизи Азиз, нависандаи ҳаҷвнигор Эгамназари Соҳибназар, муовини директори МТМУ№27-и деҳаи Метки ноҳияи Деваштич Қузиев Азимҷон, шоиру омӯзгор Миркамол Қобилов, директор ва китобдори Китобхонаи вилоятӣ Мирсаидов Баҳром, Қосимова Мавзуна ва намояндагони аҳли зиёи вилоят суханронӣ намуданд.

Шоир Ҳабибулло Бобоев шеърҳои ба  ситоиши Модар, Ватан, одамият, дӯстӣ, илму дониш ва дигар мавзӯъҳо бахшидаашро бо лаҳну овози пуртаъсир қироат намуд. Намоиши китобӣ-матбуотии фарогири осори адибони вилоят, аз он ҷумла қаламкашони ноҳияи Деваштич ҳозиринро бо ҷараёни адабии давр ошно кард.

Маҳфили муаррифии китоби “Нақши борон” собит сохт, ки ҳамкориву дидори аҳли қалам ва дӯстдорону иродатмандони шеъру сухан метавонад дар тарғиби шеъри ноб ва бозтоби чеҳраҳои адабӣ нақши равшан гузорад, мактабу ҳалқаҳои суханварии шаҳру навоҳии вилоятро бо марказҳои  бузурги фарҳангиву маънавӣ пайванди устувор диҳад ва ҷиҳати идомаи суннатҳои сухангустарӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварад.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ