Дар миёни тоҷикон таассубе нисбат ба дигар миллатҳо ва халқҳо вуҷуд надорад ва ҳамбастагию дилсӯзӣ ба инсон аз суннати волои ин мардум аст, ки аз бузургони худ ба мерос бурдаанд. Ҷалол Сиддиқӣ. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.346

МЕҲРГОН – ҶАШНИ НИЁГОН /25.10.2019

Филиалҳои Китобхонаи вилоятӣ аз рӯи  нақша дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ ва олии касбии воқеъ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои сатҳи гуногун ташкил ва баргузор намуда, талош бар он доранд, ки дар самти тарғиби китобу китобхонӣ байни ҷавонон ва пешрафти маънавиёти ҷомеа саҳми арзанда гузоранд. Онҳо барои боз ҳама оммавӣ шудани ҷашни миллии “Меҳргон” дар китобхона-филиали №1 бо ҳамкории омӯзгорон ва толибилмони МТМУ №22-и шаҳри Хуҷанд чорабинӣ таҳти унвони “Меҳргон – ҷашни ниёгон” баргузор намуданд. Дар чорабинӣ омӯзгори муассисаи номбурда Насибахон Шодиева дар бораи фасли тирамоҳ, неъматҳои табиат ва иди “Меҳргон” суҳбати ҷолиб кард. Хонандагон – Ҳайдарова Наргиса, Холиқов Баҳодур, Усмонов Муҳаммад, Холова Манижа дар васфи тирамоҳ, ҳосили пахта, ҷашни  “Меҳргон” шеърҳову гуфторҳо қироат намуда, дар дили ҳамсинфону ҳаммактабонашон ҳисси табиатдӯстӣ ва арҷгузории анъанаҳои миллиамонро бедор карданд.

Корманди китобхона-филиал Ҳайдарова Замира се-чор китоби ба мавзӯи чорабинӣ алоқамандро аз миёни китобҳое, ки дар гӯшае ба намоиш гузошта шуда буданд, интихоб карда, бо тарзу усули ниҳоят таъсирбахш муаррифӣ намуд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ