Тоҷикон дар садаҳои VII-XI тамаддуни бузургеро офаридаанд, ки бо номи Renessansi Tojik шуҳрат ёфтааст. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 42

ДИЛБОХТАИ КИТОБУ ФАРҲАНГ/24.12.2019

Аз он ки дар ҳар соҳа инсон бо коҳиши умру имтиҳонҳои сангини корӣ соҳиби таҷрибаи касбӣ мешавад, арҷгузории афроди дорои таҷрибаи меҳнатии ғанӣ барои наслҳои имрӯзу оянда аз ҳар ҷиҳат омӯзанда мебошад. Дар соҳаи китобдории кишвар ашхоси зиёде содиқона барои халқу Ватан хизмат карда, роҳро барои насли оянда ҳамвор намудаанд. Яке аз чунин фидоиёни фарҳанг Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуваҳҳоб Маҷидов мебошад, ки аз 50 соли фаъолияти меҳнатиаш 30 соли он дар соҳаи фарҳангу китобдорӣ сипарӣ шудааст.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ ба муносибати 50-солагии фаъолияти меҳнатии номбурда маҳфили илмӣ-адабиеро таҳти унвони “Дилбохтаи китобу фарҳанг” бо иштироки собиқадорони соҳаи фарҳангу китобдорӣ, аҳли илму адаб ташкил ва баргузор кард.

Дар ин мафҳил китоби тозанашри “Дилбохтаи китобу фарҳанг” – китоби тарҷумаиҳолӣ ва ҳуҷҷатии ба фаъолияти меҳнатии Абдуваҳҳоб Маҷидов бахшидашуда низ муаррифӣ гардид.

Чорабинӣ бо намоиши китобу мақолаҳо ва аксҳои фарогири рӯзгор ва осори Абдуваҳҳоб Маҷидов, ки дар толори Китобхонаи вилоятӣ ороста гардида буд, оғоз ёфта, сипас намоиши слайд, ки дар он аксҳо аз саҳфаҳои  зиндагии ин шахсияти фидоии фарҳанг ҷой дода шудааст, пешкаш гашт.

Директори Китобхонаи вилоятӣ Баҳром Мирсаидов диққати иштирокчиёнро ба мавзӯи чорабинӣ ҷалб намуда, аз шахсияти Абдуваҳҳоб Маҷидов чанд сухан гуфт. Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода доир ба мақоми китоб ва китобдор ва пуштибониву ғамхории Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин қишри ҷомеа ёдовар шуда, таъкид дошт, ки Абдуваҳҳоб Маҷидов инсони нек, ростқавл, самимӣ, хоксор ва инсонест, ки дар қалбаш ҷавҳари гаронбаҳо ҷой дорад ва нафарест, ки фаъолияти босамару намунавиашон воқеан шоистаи таҳсин мебошад.

Дар идома аз рӯйи барнома собиқадорони соҳаи фарҳанг Муҳаббат Мирсаидова, Саодат Раҷабова, Муаззама  Умарова,  Нодирҷон Солиҷонов ва дигарон дар бораи фаъолияти меҳнатии Абдуваҳҳоб Маҷидов суҳбатҳои ҷолиб карда, муҳимтарин хислатҳои корияшро ёдовар шуданд. Аз муҳтавои суҳбатҳои онон бармеомад, ки китобдору зиёии дилсӯз  Абдуваҳҳоб Маҷидов аз оғоз бо масъулияти баланди касбӣ ба иҷрои вазифа машғул шуда, дар муддати кӯтоҳ бо донишмандиву кордонӣ, росткориву ростқавлӣ ва ҳақиқатҷӯиву ҳақиқатгӯӣ байни ҳамкорон сазовори боварӣ ва ҳурмату обрӯ гашт.

Барои болидахотирии иштирокчиёни чорабинӣ овозхони МД "Ансамбли фолклорию этнографии "Фалак"-и вилояти Суғд Туғрал Холматов бо овози зинда ду суруд пешкаш кард.

Дар чорабинӣ муовини директори МД “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ”  Шодӣ Шарифниё китоби тозанашри “Дилбохтаи китобу фарҳанг”-ро ба таври мухтасар муаррифӣ кард. Ин маводи чопии тозанашр на фақат як китоби тарҷумаиҳолӣ, балки як дастури омӯзишӣ барои китобдорон низ ба ҳисоб меравад. Ин китоб бо маблағгузории Раёсати фарҳанги МИҲД-и вилояти Суғд дар нашриёти “Хуросон” бо сифати баланд аз чоп баромад. “Дилбохтаи китобу фарҳанг” асари панҷум аз силсилаи “Китобхонаи китобшиносӣ” мебошад.

Маҳфил бо суханронии Абдуваҳҳоб Маҷидов, ки ҳама ӯро ба муносибати қардшиносии меҳнати 50-солааш ва нашри китоби ба фаъолияти кориаш бахшидашуда – “Дилбохтаи китобу фарҳанг” табрику таҳният гуфта, ба хурсандияш хурсандӣ зам мекарданд, ба поён расид.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ