Теъдоди тоҷикони ҷаҳонро то 44 миллион ҳам гуфтаанд. Манбаъ: Шарифов, Ҳасанбой. Тоҷикони бурунмарзӣ: таърихи пошхӯрӣ ва аҳволи ҳозира.Чопи дуюм.−Хуҷанд: Раҳим Ҷалил, 1999. –С.13

ҶАРАЁНИ ТАРҒИБИ “ИНТИХОБОТ - 2020” ДАР КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТӢ/20.01.2020

Интихобот чорабинии муҳими сиёсӣ ба шумор рафта, дар он ояндаи ҷомеаи солим ва рушди босуботи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъият муайян ва таъмин карда мешавад. Аз ин рӯ, ҳар шаҳрванди кишварро зарур аст, ки бо зиракии сиёсӣ дар ҷараёни баргузории ин маъракаи бароямон муҳим фаъолона ширкат варзад.

Китобдорону китобшиносони Китобхонаи вилоятӣ бо мақсади огоҳонидани аҳолӣ аз ҷараёни интихобот, қоидаву тартиботи ташкил ва баргузории он дар шуъбаҳо гӯшаҳои махсус барои таблиғ таъсис дода, истифодабарандагонро бо маводи намоиш ошно сохта истодаанд. Чунин гӯша дар шуъбаҳои хизматрасонӣ, толори хониш, матбуоти даврӣ бо ташкили намоиши китобҳо ва маводи тарғибкунандаи интихобот омода шудааст.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти китобшиносони Китобхонаи вилоятӣ ин омодасозии чандбаргаҳо (картотекаи мавзӯӣ) мебошад, ки дар он вобаста ба ин ё он мавзӯи муҳим мақолаҳоро таснифу тасвир, ҷамъоварӣ карда, номгӯи онҳоро пешкаши истифодабарандагон месозанд. Вобаста ба мавзӯи интихобот кормандони шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ чунин картотекаро бо номи “Интихобот – рукни муҳими демократия” омода намудаанд, ки он зиёда аз 30 мақолаи илмию оммавиро фаро мегирад.

Тадбирҳои мазкури аз тарафи китобдорону китобшиносон дар ин самт иҷрогардида ҳанӯз оғози кор буда, раванди ташкили чунин чорабиниҳо дар давоми сол ба нақша гирифта шудааст.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ