Аз дари адолат бояд дар омад, ки тоҷикон то имрӯз аз пойдортарин миллат ба шумор мераванд, ба нудрат миллате чун тоҷикон бад‑ин шумораву шиддат заработеро рӯбарӯ шудаанд. Аммо каме фурсат кофӣ буд, ки ин миллат дубора ҷон бигирад. Н.Г. Павлов. Манбаъ: Амиршоҳӣ, Нурмуҳаммад. Давлатдории тоҷикон дар асрҳои ХI−ХIV.−Душанбе: Амри илм, 1999. –С.85‑86

СУҲБАТ ДАР МАВЗӮИ “ИНТИХОБОТ – 2020” / 23.01.2020

Китобдорони шуъбаи хизматрасонӣ тасмим гирифтанд, ки ба ташкили гӯшаҳои махсуси таблиғотӣ доир ба “Интихобот-2020” маҳдуд нашуда, бо истифодабарандагон дар ин мавзӯъ суҳбатҳо ороста, ба онҳо муҳимтарин маълумотро оид ба ҳуқуқи интихоб ва раъйи шаҳрвандон дар маъракаи интихобот бирасонанд. Китобдори шуъба Норматова Зуҳро чунин суҳбатро бо донишҷӯёни соли аввали таҳсили ғоибонаи кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва китобшиносии факултети санъати МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” баргузор намуд. Номбурда зимни суҳбат донишҷӯёнро бо рӯйхати тавсиявии адабиёти марбут ба ин мавзӯъ ошно кард. Донишҷӯён ҳам бо талошу ғайрат дар суҳбат фаъолона ширкат варзида, хостори дарёфт ва мутолиаи сарчашмаҳои аз тарафи китобдор муаррифигашта шуданд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ