Тоҷикон аз дурӯйӣ ва риё сахт безоранд, ба кинатӯзӣ одат надоранд. Навбаҳор Абдулғиёс. Манбаъ: Қубодиён, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... .−Душанбе: Адиб, 2005. –98 с. –С.50

ЗАБОНИ МОДАРИРО ПОС ДОРЕМ/20.02.2020

Ҳамасола дар саросари ҷаҳон санаи 21-уми феврал Рӯзи ҳифзи забони модарӣ таҷлил мегардад, ки ин эҳтироми бузург нисбат ба забони модарист. Гузаштагони мо на фақат ба забони модариамон, балки ба забони халқҳои дигар низ эҳтироми бузург доштанд. Имрӯз низ чун идомаи анъанаи неки ниёгон аз тарафи халқу давлатамон нисбат ба забон эътибори махсус зоҳир шуда истодааст. Арҷгузорӣ нисбат ба забони модарӣ пеш аз ҳама ба муносибати соҳибони он вобаста аст. Нафаре, ки  ба забони модарии худ эҳтиром мегузорад, забонҳои халқҳои дигари оламро низ қадр мекунад.

Китобдорони китобхона дар қатори дигар ҷашну санаҳои ҳумоюнии кишвар таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи забони модариро низ ба нақша гирифтаанд. Ин аст, ки дар толори хониш бо ташаббуси кормандони шуъбаи номбурда ва ҳамкории шуъбаҳои хизматрасонӣ, кӯдакону наврасон, забонҳои хориҷӣ зери сарлавҳаи “Забони модариро пос дорем” суҳбат доир гардид.

Дар толори шуъба намоиши китобӣ бо фарогирии китобҳои вобаста ба забон ташкил ва ба маърази истифода гузошта шуд. Суҳбатро сардори толори хониш Муҳайё Қурбонова оғоз намуда, ташрифи ҳозиринро ба китобхона хайрамақдам гуфт.

Китобдори дараҷаи аввали шуъбаи хизматрасонӣ Зуҳро Норматова бо маърӯзаи “Пайдоиши забон ва аҳамияти он барои ҷомеа” баромад карда, аз таърихи зуҳур ва инкишофи забон дар ҷамъият ҳарф зад.

Санъатхон Ҳоҷибоева – китобдори дараҷаи аввали шуъбаи китобҳо бо забонҳои хориҷӣ хулосаи китобшиносиеро ба самъи ҳозирин расонида, чанде аз китобҳои тозанашри ба китобхона воридгаштаро муаррифӣ кард.

Сардори шуъбаи китобҳо бо забонҳои хориҷӣ Муҳаббат Амонова ба сухан баромада, моҳияти омӯзиши забонро барои ҳозирини чорабинӣ, ки аксар донишҷӯёни макотиби олии ҳудуди вилоят буданд, бозгӯ намуд ва бо даъвати донишҷӯён барои мутолиаи китобҳо бо забонҳои хориҷӣ  чорабиниро ҳусни анҷом бахшид.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ