Тоҷикон нарм ҳастанд, аммо ин нармӣ аз нотавонӣ нест, балки аз тавони андеша аст, аз фарҳанг аст, аз андешаи оқибати кор, аз фардост. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 41

ТАШРИФИ ХОНАНДАГОНИ ХУРДСОЛ БА КИТОБХОНА

ТАШРИФИ ХОНАНДАГОНИ ХУРДСОЛ БА КИТОБХОНАБо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва ҷалби бештари хонандагон ба китобу китобхонӣ дар таътили тобистона ҳамарӯза падар ва модарон бо ҳамроҳии фарзандонашон ба Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ташриф меоваранд.

Масалан, санаи 7-уми июли соли 2020 волидайн ва ҳамзамон омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики Гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд Маннонова Рухсора бо ҳамроҳии фарзандон, хонандаи синфи 7 «в»-и Литсейи ба номи Муҳаммад Осимӣ Маннонов Абдураҳмон, хонандаи синфи 5 «ё» Маннонова Рухшона, хонандаи синфи 1-ум Маннонова Шаҳнура ва хонандаи синфи 4 «г»-и Гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд Абдураҳмонова Ганҷина ба шуъбаи бачагонаи Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ташриф оварданд.

ТАШРИФИ ХОНАНДАГОНИ ХУРДСОЛ БА КИТОБХОНАИнчунин волидайни дигар Умурова Шаҳноза бо ҳамроҳи фарзандони худ хонандаи синфи 3  «г»-и МТМУ №8-и шаҳри Хуҷанд Ҳасанова Ганҷина ва дастпарвари Боғчаи №22-шаҳри Хуҷанд Ҳасанова Шукрона ва инчунин хонандаи синфи 8 «б»-и МТМУ №11-и шаҳри Бӯстон Очилов Юсуфҷон ба шуъбаи номбурда ташриф оварда, китобҳои бачагонаро мутолиа намуданд. Дар ҷараёни суҳбат ба мо маълум гашт, ки ба онҳо мутолиаи ҳикоя, зарбулмасал ва латифа писанд мебошад.

Зимни суҳбат бо мудири шуъбаи бачагона Собирова Дилрабо модари хонандагон  Маннонова Рухсора ва Умурова Шаҳноза иброз доштанд, ки фарзандонашон бо озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст...» омодагӣ дида истодаанд ва соли оянда ҳатман дар озмуни мазкур ширкат меварзанд. Ҳамзамон Маннонова Рухсора қайд кард, ки фарзандони ӯ ба хондани китобҳои бадеӣ шавқи зиёд доранд.

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ