Замоне буд, ки тоҷикон дар рушди рӯзгору фарҳанги халқҳои бошқирду тотор саҳми азим доштанд. Ҳасанбой Шарифов. Манбаъ: Шарифов, Ҳасанбой. Тоҷикони бурунмарзӣ: таърихи пошхӯрӣ ва аҳволи ҳозира.Чопи дуюм.−Хуҷанд: Раҳим Ҷалил, 1999. –С.175

РӮДАКӢ РАФТУ МОНД ҲИКМАТИ ӮЙ... (бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ)

Ҳамасола дар кишвари соҳибистиқлоламон санаи 22-юми сентябр –Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мегардад. Бо ин мақсад бо ибтикори шуъбаи хизматрасонии Китобхона бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ таҳти унвони «Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй...» намоиши китобӣ баргузор гардид.

Дар намоиши китобӣ осори арзишманд ва мондагори сардафтари адабиёти классики тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, инчунин асарҳои илмӣ ва мақолаҳои донишмандону пажӯҳишгарони дохиливу хориҷӣ ба маърази тамошо гузошта шуд.

Аз намоиш хонандагону мактабҳои миёна, донишҷӯёни донишгоҳҳои олӣ ва дигарон дидан намуданд.

Чанд намуна аз ашъори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ барои ҳифз  ва мутолиа намудан пешниҳод мегадад:

Рӯят дарёи ҳусну лаълат марҷон,

Зулфат анбар, садаф даҳан, дур дандон.

Абрӯ киштию чини пешонӣ мавҷ,

Гирдоби бало ғабғабу чашмат тӯфон.

***** 

Ҷое, ки гузаргоҳи дили маҳзун аст,

Он ҷо ду ҳазор найза боло хун аст.

Лайлисифатон зи ҳоли мо бехабаранд,

Маҷнун донад, ки ҳоли Маҷнун чун аст!

*****

Дило, то кай ҳамеҷӯйӣ маниро

Чӣ дорӣ дӯст ҳарза душманеро?!

Чаро ҷӯйӣ вафо аз бевафое,

Чӣ кӯбӣ беҳуда сард оҳанеро?!

Аё савсанбуногӯше, ки дорӣ

Ба рашки хештан ҳар савсанеро,

Яке з-ин барзани нороҳ бар шав,

Ки дар оташ нишонӣ барзанеро.

Дили ман арзане, ишқи ту кӯҳе,

Чӣ сойӣ зери кӯҳе арзанеро?!

Бибахшо, моҳи ман, бар ман бибахшо,

Макуш дар ишқ хира чун манеро!

Биё, инак, нигаҳ кун Рӯдакиро,

Агар беҷон равон хоҳӣ танеро.

Инчунин, хонандагон ва дӯстдорони ашъори Рӯдакӣ метавонанд, дар Китобхонаи вилоятӣ доир ба зиндагинома ва осори Маликушшуаро китобҳои зеринро дастрас намоянд:

  1. Андарзномаи Рӯдакӣ. Мураттиб ва муаллифи пешгуфтор М.Муллоаҳмадов. – Душанбе: Ирфон, 1991. 208 с.
  2. Брагинский И.С.  Абӯабдуллоҳ Ҷаъфари Рӯдакӣ. Тарҷума ва нашри русии Москва: Наука, 1989. Муаллифи пешгуфтор ва мутарҷим Шодӣ Шокирзодаи Нӯъмонпур. Чопи дуюм бо таҳриру иловаҳо. – Душанбе: Нодир, 2009. - 164 с.
  3. Нафисӣ, Саид. Муҳити зиндагӣ ва аҳволу ашъори Рӯдакӣ. Бо кӯшиш ва таҳияи Ҷаъфар Ранҷбар. – Душанбе: Нодир, 2008. - 934 с.
  4. Осори устод Рӯдакӣ. – Хуҷанд: Хуросон, 2019. – 596 с.
  5. Рӯдакӣ. Ашъор. – Душанбе: Адиб, 2007. – 416 с.
  6. Рӯдакӣ ва замони ӯ. Маҷмӯаи мақолаҳо. – Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1958. – 240 с.

 

Маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ