Дар ҳар ҷо ки тоҷикон зистаанду мезиянд, осор ва бақоёи олии кишоварзӣ, анвои пурбору арзишманди гиёҳон дида мешавад. Попов М.Г. Манбаъ: Масов Раҳим. Таърихи тоҷикон бо муҳри “комилан сиррӣ”.−Душанбе: Дониш, 1996. –С.146

СУҲБАТ ВА НАМОИШИ КИТОБӢ: НАВИСАНДАИ ДӮСТДОШТАИ БАЧАГОН

Бахшида ба 180-солагии нависандаи амрикоӣ Марк Твен дар толори кӯдакон ва наврасон кормандони шуъбаҳои китобьои хориҷӣ ва бачагона таҳти унвони «Нависандаи дӯстдоштаи бачагон» суҳбат баргузор гардид. Дар суҳбат муовини директор оид ба корьои тарбиявии  МТМУ №21-и шаҳри Хуҷанд Шарипова Маҳфуза, хонандагони мактаби мазкур ва дигар дӯстдорони осори ин нависандаи машҳур ширкат варзиданд. Ҳадаф аз баргузории суҳбат ҷалб намудани хонандагон ба китобу китобхонӣ ва шинос намудани онҳо бо ҳаёт ва фаъолияти эҷодии шоирони шинохтаи ҷаҳон мебошад.

Суҳбатро мудири шуъбаи толори кӯдакон ва наврасон Собирова Дилрабо оғоз намуда, доир ба зиндагӣ ва фаъолияти нависандаи амрикоӣ Марк Твен ибрози андеша кард. Сипас китобдори шуъбаи китобҳои хориҷӣ Мавлонова Наимахон доир ба ҳаёт ва фаъолияти ин нависандаи амрикоӣ муфассал маълумот дод.

Баъдан аз ҷониби хонандагони МТМУ №21-и шаҳри Хуҷанд  Шоьмирзозода Маьиноз ва Отабоев Фаровон  порчае аз асари «Шоҳзода ва гадо»-и Марк Твен нақл гардид.

Сардори шуъбаи китобьои хориҷӣ Ҳоҷибоева Санъатхон доир ба мазмун ва мундариҷаи эҷодиёти нависанда ибрози андеша кард. Зимни суҳбат таъкид гардид, ки хонандагон метавонанд асарҳои Марк Твенро аз хазинаи китобхона дастрас намуда, аз осори рангину пурмуҳтавои ин нависанда ошно гарданд.

Дар охири суҳбат аз ҷониби хонандагон Нурматов Равшан, Амаков Жонибек, Нозияи Саҳобидин шеърьо дар ситоиши Ватан, Тожикистон, Истиқлолият, Ваҳдат, Парчам, Нишон, сулҳу озодӣ, китоб ва китобхонӣ қироат карда шуд.

Боиси зикр аст, ки дар як гӯшаи толори кӯдакон ва наврасон намоиши китобӣ таҳти унвони «Нависандаи дӯстдоштаи бачагон»  ташкил карда шуд. Дар намоиш  18 нусха китобҳои нависанда ба маърази тамошо гузошта шуд, ки хонандагон ва дӯстдорони осори гаронарзиши нависанда аз он дидан намуданд.

Шуъбаи табъу нашри Китобхонаи вилоятӣ