Тоҷикон дар садаҳои VII-XI тамаддуни бузургеро офаридаанд, ки бо номи Renessansi Tojik шуҳрат ёфтааст. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 42

ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ «КИТОБДОРИ СОЛ-2020» МИЁНИ КИТОБДОРОНИ ШАҲРУ НАВОҲИИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Бахшида ба ҷашнҳои пуршукӯҳи 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон, «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2020-2021 ва дигар санаҳои муҳими таърихи кишвар озмуни вилоятии «Китобдори сол-2020» баргузор шуд.

Озмун бо мақсади баланд бардоштани маҳорати касбии китобдорону китобшиносон, беҳтар намудани сифату самаранокии хизматрасонии китобию иттилоотӣ, такмили тарғибу ташвиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, роҳандозии шаклу намудҳои нави хизматрасонӣ, ҷорӣ намудани технологияи нави замонавӣ, таъсис ва гузаронидани беҳтарин чорабиниҳои китобхонавӣ баргузор гардид.

Бо назардошти мавҷудияти бемории коронавирус (COVID-19) ва пешгирӣ аз паҳншавии он озмун тариқи фосилавӣ доир гардид. Аз тарафи Кумитаи тадорукоти озмун саволномаҳо ва пурсишҳо пешниҳод карда шуд. Шарти озмун чунин буд, ки ба маводи манзургардида китобдоре, ки дар даври аввал ғолиб омадааст, тариқи хаттӣ (чопи компютерӣ) бояд ҷавоб мегуфт.

Дар натиҷа аз рӯи ҳамин шарт аз натиҷаи даври аввал аз шаҳру навоҳӣ, ба ғайр аз Исфара, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ ҷавобҳо дастрас гардид ва ҳайати ҳакамон ҷавоби маводи пешниҳодшударо мавриди омӯзиш қарор доданд. Албатта, ҳолати омодагии шаҳру навоҳӣ якранг набуда, ҳакамон ба масъалаҳои тезтар ҷавоб фиристодан, муҳтавои ҷавобҳо ва мантиқи шарҳу эзоҳи китобдорон таваҷҷуҳ намуданд.

Ҳайати ҳакамон маводи пешниҳодшударо омӯхта ба ин қарор расид, ки ҷавобҳои китобдорони шаҳру навоҳии Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич ва Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ нисбат ба дигар китобдорон пурратар мебошад.

Ғолибонро санаи 28-уми декабри соли равон дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Раиси вилоят, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд. Раиси вилоят, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода аз китобдорон ва китобшиносон даъват намуд, ки сифати хизматрасониро баланд бардошта, барои ҷалби ҳарчи бештари хонандагону истифодабарандагон ба китобхона кӯшиш намоянд.  

Аз рӯи хулосаи ҳайати ҳакамон китобдори шуъбаи хизматрасонии синни миёна ва калони мактабии Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ Шарифова Гулчеҳраро сазовори Шоҳҷоиза, мудири толори хониши Китобхонаи марказии шаҳри Панҷакент Рустамов Муродбекро сазовори ҷойи аввал, мудири Китобхонаи марказии ноҳияи Деваштич Раззоқова Гулшанро сазовори ҷойи дуюм ва мудири китобхона-филиали №15 ҷамоати Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Ҳусейнова Марҳаборо сазовори ҷойи сеюм гардид.

Ҳамчунин китобдори Китобхонаи марказии ноҳияи Зафаробод Шукурова Башорат, саркитобдори Китобхонаи марказии шаҳри Истиқлол Фахриддинова Мадина, китобдори Китобхонаи марказии шаҳри Истаравшан Бобохоҷаева Мубашира, мудири шуъбаи  хизматрасонии Китобхонаи марказии шаҳри Конибодом Шарипова Фарангис, китобдори Китобхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ Мирзозода Шукрона, китобдори Китобхонаи марказии ноҳияи Спитамен Самадова Барчиной, китобдори китобхона-филиали №6 ноҳияи Ҷаббор Расулов Юсупова Дилрабо,  китобдори Китобхонаи бачагонаи ноҳияи Шаҳристон Наимова Гулмира туҳфаҳои ифтихорӣ қадршиносӣ гардиданд.