Аз байни тоҷикон қишри олии равшанфикрони кишвар (Осиёи Миёна, оғози асри ХХ) – рӯҳониён, муаллимони мадрасаҳои халқӣ, додрасҳо, қонунгузорон ба вуҷуд омадаанд. А.П.Шишов. Манбаъ: Масов Раҳим. Таърихи тоҷикон бо муҳри “комилан сиррӣ”.−Душанбе: Дониш, 1996. –С.141

НАВИСАНДА ВА РЎЗНОМАНИГОР

(СУҲБАТ ВА НАМОИШИ МАТБУОТӢ)

Аълочии матбуоти Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагон ва журналистони Тоҷикистон Додохони  Эгамзод (Эгамов Додохон) 1 апрели соли 1951 дар деҳаи Ворухи шаҳри Исфара ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёнаи №22-и деҳаи Ворух соли 1969 ба шуъбаи журналистии Университети давлатии Тоҷикистон  (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, онро соли 1974 хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро аз моҳи августи соли 1973 чун ходими адабии рўзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон») оғоз намуда, сипас аз моҳи  феврал  то августи соли 1975 лектори КМЛКСМ  Тоҷикистон ва то соли 1980 мухбири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикитон» дар вилояти Ленинобод буд.

Номбурда аз моҳи декабри соли 1980 то моҳи октябри соли 1989 мухбир ва баъдан  котиби масъули рӯзномаи «Адабиёт ва санъат» буд. Ӯ солҳои 1989-1991 сармуҳаррири рўзномаи «Паёми Душанбе»-ро ба уҳда дошт ва сипас чун муовини аввали сармуҳаррири рўзномаи «Тоҷикистон»  то моҳи августи соли 1992 фаъолият бурдааст.

Рӯзноманигори маъруф Додохони  Эгамзод аз моҳи марти соли 1999 то моҳи августи соли 2007 сармуҳаррири маҷаллаи «Ноҳид» буд. Ҳамзамон бунёдгузори нашрияҳои «Саломат бошед», «Лочин», «Лаку Пак», «Ганҷи Ворух» буда, дар пешрафти матбуоти тоҷик саҳми назаррас гузоштааст.

Додохони Эгамзод муаллифи китобҳои «Караван улыбок», «Лабханди нодир», «Гаҳворабахш ё худ қиссаи зангирии худам», «Лангари боссозӣ», «1001 ханда», «Парастуи рамида», «Балогардон ё худ пораҳо аз хотираҳои як нависанда дар бораи се президент» ва ғайра мебошад.

Рӯзноманигор ва шоири ҳаҷвнигор Додохони Эгамзод  иштирокчии ҳамоиши умумиҷаҳонии ҳаҷвнигорон дар Габрово (Булғория) ва юморинаҳои Одесса буда, асарҳояш ба забонҳои русӣ, украинӣ, булғорӣ, туркманӣ, ўзбекӣ ва ғайра чоп шудаанд. Аълочии матбуоти Тоҷикистон соли 2013 бо ордени «Шараф» дараҷаи дуюм сарфароз гардидааст. Ӯ аз соли 1986 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад.

Ба муносибати 70-солагии  нависанда Додохони Эгамзод санаи 1—уми апрели соли равон  дар шуъбаи матбуоти даврӣ бо иштироки васеи хонандагон суҳбат баргузор гардид. Сардори шуъбаи матбуоти даврӣ Ҳусейнова Муҳаббат  суҳбатро  оғоз намуда, доир ба фаъолияти рӯзноманигории Додохони Эгамзод ибрози назар намуд. Дар навбати худ китобдори шуъбаи мазкур Садриддинова Замира аз ҳаёт ва фаъолияти нависанда ва рўзноманигори варзида Додохони Эгамзод ёдовар шуд. Сипас чорабинӣ бо мубодилаи афкори иштирокчиён ба анҷом расид.

Ҳамзамон  аз тарафи корманди шуъба Ҳоҷибоева Хайринисо намоши матбуотӣ таҳти унвони «Нависанда ва рўзноманигор» ташкил карда шуд. Дар намоши мазкур мақолаҳои зерини Додохони Эгамзод, ки дар рўзномаю маҷаллаҳо интишор ёфтаанд, ба маърази тамошо гузошта шуд:

  1. Эгамзод, Д. Олигуҳар [Матн]: Эссе / Д.Эгамзод  // Ҷумҳурият. –2013. – 14 декабр.
  2. Эгамзод, Д. Балогардон [Матн]: Пораҳо аз қиссаи мустанад / Д. Эгамзод // Паёми Суғд. – 2013. – №7. –С35-59.
  3. Эгамзод, Д. Меваи шафтолуи «Импортӣ» [Матн]: Ҳаҷвия / Д.Эгамзод  // Ҳақиқати Суғд. – 2015. – 22 январ.
  4. Эгамзод, Д. Ду ҷанги ҷоноҷон [Матн]: Ҳикоя / Д.Эгамзод // Саломат бошед. – 2016. – 11 январ.
  5. Аюбова, Т. 45-сол дар роҳи эҷод [Матн]: Маҳфил бахшида ба 65-солагии нависанда ва рўзноманигори хушсалиқа / Т.Аюбова // Тирози ҷаҳон. – 2016. – 6 апрел.
  6. Эгамзод, Д. Чакомаи меҳр [Матн]: Меҳрнома / Д.Эгамзод // Ҳақиқати Суғд. – 2021. – 26 январ.

Шуъбаи табъу нашри китобхона