Дар тоҷикон андешаи интернатсионалистӣ қавитар аз андешаи натсионалистӣ буда ва ҳаст. Навбаҳор Абдулғиёс. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусалмониён. Тоҷикон, 2500 сол. – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 51

20.04.2021 / НАМОИШИ КИТОБИЮ МАТБУОТӢ: ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

Дар доираи Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ бо ташаббуси кормандони шуъбаи дастхатҳо ва нашрияҳои нодири Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ санаи 20-уми апрели соли 2021 дар шуъбаи мазкур намоиши китобию матбуотӣ таҳти унвони «Ҳифзи мероси фарҳангӣ» ташкил гардид. Дар он китобҳо ва рӯзномаву маҷаллаҳо доир ба масъалаи ёдшуда ба намоиш гузошта шуд, ки аз он донишҷӯён ва хонандагони фаъоли китобхона дидан намуданд. Донишҷӯён ташкил гардидани чунин намоиши китобию матбуотиро хело хуш истиқбол намуда, ба ташаббускорони намоиш изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

Хонандагон ва алоқамандони соҳа метавонанд, китобҳо, маҷаллаҳо ва рӯзномаҳои ба намоиш гузошташударо дар шуъбаҳои санъат, матбуоти даврӣ, маълумотдиҳӣ-библиографӣ, хизматрасонӣ, толори хониш, дастхатҳо ва нашрияҳои нодир дарёфт ва мутолиа намоянд.

Мавриди зикр аст, ки дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ҳифзи арзишҳои миллӣ, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ барои ҳар давлату миллат вазифаи муҳим ба шумор меравад. Ба ин хотир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат 17 санади меъёриву ҳуқуқӣ ба тасвиб расидааст, ки онҳо ба ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ нигаронида шуда, баҳри амалисозии он заминаи мусоид фароҳам меорад.

Шуъбаи табъу нашри Китобхонаи вилоятӣ