Аз дари адолат бояд дар омад, ки тоҷикон то имрӯз аз пойдортарин миллат ба шумор мераванд, ба нудрат миллате чун тоҷикон бад‑ин шумораву шиддат заработеро рӯбарӯ шудаанд. Аммо каме фурсат кофӣ буд, ки ин миллат дубора ҷон бигирад. Н.Г. Павлов. Манбаъ: Амиршоҳӣ, Нурмуҳаммад. Давлатдории тоҷикон дар асрҳои ХI−ХIV.−Душанбе: Амри илм, 1999. –С.85‑86

25.05.2021 // СӮҲБАТ: ҚОИДАҲОИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ

Бо ташаббуси кормандони толори кӯдакон ва наврасони Китобхонаи вилоятӣ ва бо роҳбарии омӯзгори синфҳои ибтидоӣ Раупова Шоирахон санаи 25-уми майи соли 2021 дар толори кӯдакон ва наврасон бо иштироки хонандагони синфи 1а-и Гимназияи №1 ба номи Раҳим Ҷалил дар мавзӯи «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ» сӯҳбат гузаронида шуд.

Сӯҳбатро мудири толори кӯдакон ва наврасон Собирова Дилрабо ҳусни оғоз бахшида, ҳамагонро аз мақсади баргузории сӯҳбат ошно намуд ва таваҷҷуҳи хонандагонро ба китобхона ва китобхонӣ ҳидоят кард.

Сипас, китобдор Юсупова Фарзона оид ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба ҳозирин маълумоти муфассал дод ва хонандагон доир ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ маълумоти заруриро дарёфт намуданд.

Дар рафти сӯҳбат аз ҷониби хонандагон Муҳаммадҷон Дадобоев, Сафия Ёрмуҳамедова ва Муборак Раҳимова шеърҳо дар васфи чароғаки раҳнамо қироат карда шуд.

Дар навбати худ хонандагон, аз ҷумла Мусаввара Маҳмудова, Каримҷон Каримов ва Муҳаммадҷон Турсунов оид ба мазмун ва моҳияти рангҳои чароғаки раҳнамо маълумот доданд.

Дар охири сӯҳбат китобдор Осимова Дилором китобҳои тозанашрро ба иштирокчиён муаррифӣ намуда, қоидаҳои истифодабарии онҳоро шарҳ дод.

Омӯзгори синфҳои ибтидоӣ Раупова Шоирахон аз баргузории чунин сӯҳбат дар Китобхонаи вилоятӣ изҳори хушнудӣ намуда, афзуд, ки минбаъд низ бо роҳбарии ӯ шогирдонаш дар чорабиниҳои мухталифи китобхона ширкат варзида, дониши худро афзун мегардонанд.

Сӯҳбат хело хотирмон ба итмом расид.

 Шуъбаи табъу нашри

Китобхонаи вилоятӣ