Дар миёни тоҷикон таассубе нисбат ба дигар миллатҳо ва халқҳо вуҷуд надорад ва ҳамбастагию дилсӯзӣ ба инсон аз суннати волои ин мардум аст, ки аз бузургони худ ба мерос бурдаанд. Ҷалол Сиддиқӣ. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.346

РӮЗИ КИТОБ ВА ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН МУБОРАК!

РӮЗИ КИТОБ ВА ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН МУБОРАК, КИТОБДОРОНУ КИТОБШИНОСОНИ АРҶМАНД!

БА КУЛЛИ КИТОБДОРОНИ КИШВАР САЛОМАТӢ, УМРИ ДАРОЗ, ХОТИРИ ҶАМЪ, БАХТУ САОДАТ, ХУШРӮЗИВУ ХУШБАХТӢ, РӮЗГОРИ БОФАЙЗУ БАРАКАТ, НЕКИЮ ШАРОФАТ, ЛАҲЗАҲОИ БЕИНТИҲОИ ШОДИЮ СУРУР ВА ПЕШРАФТУ МУВАФФАҚИЯТҲО ОРЗУМАНДЕМ!

 

 ЧАНД НУКТА АЗ ПЕШРАФТИ СОҲАИ КИТОБДОРӢ

  Китоб аз пурарзиштарин офаридаи фикрии башарият аст, ки бо гузашти ҳазорсолаҳо қадру баҳояш афзун мегардад ва ҷомеаи инсонӣ ҳамеша ниёзҳои хешро аз муҳтавои он бароварда мегардонад. Китоб нишони иқтидори ҳар як халқу миллат буда, дараҷа ва камолоти маънавию фикрии фарзандону пасовандони он маҳз тавассути ин ойинаи қаднамои ҳастӣ ҷилвагар мешавад. Маҳалли ситоиш аз тақдир аст, ки тоҷикон аз марҳалаи нахустини ҳамчун миллат падид омадан, фарҳанги китобдорӣ ва китобхониро бунёд ниҳоданд ва дар дарозои таърих дар такмилу таквини тафаккуру ҷаҳоншиносии мардумони дигар нақши муассир гузоштанд. Ҳикмати ҷовидонии Зардушт «пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек» баёнгари такомули илмиву ахлоқии миллати мост, ки агар ҳар як сокини сайёра тибқи ин фармуда рӯзгор ба сар бубарад, аслан ягон монеаи иҷтимоиву сиёсӣ дар роҳи камолоти инсонӣ рӯ намезанад.

Дар баробари тамаддунофарӣ ва ғановат бахшидан ба ҷаҳони фикрии башарият боз ҳам ҳамеша ранҷу ситами аҷнабиён ва ваҳшонияти фарҳангситезиву нестангориҳои онҳо ба миллати мо таҳмил гардида, ҳар сиёсатмадоре, ки бо лашкару афсар ба хоки муқаддаси мо қадам гузошт, ибтидо китобсӯзӣ кард, пасон мӯбадону ҳирбадонро кушт, дабирхонаҳоро оташ зад, дар пеши чашми бинишварону донишварон аз китоб гулхани намрудӣ афрухт, нури маърифатро мояи гармии  гармобаҳо баршумурд, хирман-хирман авроқро таҳти шуури бадавияту ҷаҳолат зери суми асбони маст андохт, оби рӯдхонаҳоро аз рангу мураккаби саҳифаҳои ҳикмату хирад дигаргун сохт...

Чунин ҳаводиси нангин дар ҳар давраи сарнавишти тоҷикон рух доданд, ки охирини он ба солҳои 30-юми қарни ХХ рост меояд, ки бар асари сиёсати комилан ғалат зиёиёни тоҷик иҷборӣ ва аз тарсу ваҳм тамоми хазинаҳои донишро дар дахмаҳову мағокҳо ва тоқҳои куҳна гӯрониданд. Ҳадиси хирмансӯзи китоби тоҷикон ва далелу асноди собиткунандаи он поён надорад. Он чи моро баъди ин қадар маҳрумиятҳо умеду итминон бахшид, интишори эъломияи соҳибистиқлолӣ дар ибтидои даҳаи охири қарни ХХ буд.

Аз ин рӯ, Истиқлолияти давлатии Ватани маҳбубамон фазои солими худшиносиву худогоҳии миллиро фароҳам овард ва дар партави офтоби озодӣ фарҳанги китобдорӣ ва китобхонӣ мароми хешро дарёфт. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари гузоштани хишти аввали бинои Китобхонаи миллӣ 4-уми сентябри соли 2007 ин сана дар ҷумҳурӣ Рӯзи китоб эълон гардид ва китобдорону китобшиносон ин рӯзро бо шодмонӣ иди касбии худро медонанд.

Ҳосили андеша аз пайванди китоб бо тақдири тоҷикон дар ин ҷумла ифода меёбад: «Китоб тоҷи сари миллати мост!»

Шоистаи таъкид аст, ки бо ҳидояту сарпарастии мустақими Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китобдорӣ дар кишвари мо рӯ ба тараққӣ овардааст. Бунёди бинои наву замонавӣ ва бошукуҳи Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ҳамасола тавассути «Корвони китоб» бо осори тозаинтишор ройгон таъмин гардидани китобхонаҳо, таъмиру тармими китобхонаҳои шаҳру навоҳӣ, таъсиси шуъбаю факултетҳои китобшиносӣ-иттилоотшиносӣ дар муассисаҳои олии таҳсилоти касбии мамлакат ва даҳҳо ташаббусу тадурокоти муҳим ҳосили дарахти пурсамари Истиқлолияти давлатии мо маҳсуб меёбанд. Доир ба рушди соҳа барномаҳои давлатӣ қабул гардидаанд, ки таҳкими фаъолияти самтҳои афзалиятноки китобдориро ояндабинӣ менамоянд.

Ҳоло дар вилояти Суғд 362 китобхонаи низоми фарҳанг 760 китобдору китобшинос, дастурдеҳ, барномасоз, корманди техникӣ ва масъулони идориву хоҷагӣ фаъолият мебарад. Китобдорону китобшиносони вилоят ҳамарӯза ёрмандиҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро эҳсос менамоянд. Бо дастгириҳои Раиси вилоят, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода раванди бунёду азнавсозии китобхонаҳо бомаром идома дорад. Аз ҷумла, 30-юми марти соли 2018 ба муносибати Наврӯзи Аҷам Китобхонаи марказии шаҳри Панҷакент ба Маҷмааи фарҳангию эҷодии навбунёди ба номи Лоиқ Шералӣ ҷойгир карда шуд. Танҳо соли 2019 дар вилоят якчанд китобхона сохта шуд. Масалан, Китобхонаи марказии ноҳияи Спитамен ба бинои нав кӯчонида шуда, бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ, толорҳои барҳаво, китобхонаи электронӣ бо тахтаи электронӣ, 16 компютер ва 70 ҳазор нусха китоби электронӣ таъмин гардид. Дар Қасри фарҳанги навбунёди ҷамоати деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен китобхона-филиали №19 ҷойгир ва бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин шуд.

Дар Қасри фарҳанги навбунёди ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров китобхона-филиали №15 бо ҷойи доимӣ таъмин ва бо таҷҳизоту воситаҳои соҳавӣ муҷаҳҳаз гардид. Ҳамчунин дар назди ҳамин китобхона-филиал китобхонаи муосир бо тахтаи электронӣ, 12 компютер ва 40 ҳазор нусха китоби электронӣ таъсис ёфт.

Соли 2019 Китобхонаи марказии ноҳияи Зафаробод таҷдиду азнавсозӣ шуда, дар ин ҷо дар шаш компютер махзани электронии фарогири 40 ҳазор нусха ҷой дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки ин китобхонаҳо дар ҳошияи сафари Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд (рӯзҳои 30.03.-03.04.2019 ва 20-25.08.2019) ифтитоҳ гардиданд.

Дар соли 2019  падидаи фарҳангии тозаи дигар афзоиши шумораи китобхонаҳои вилояти Суғд аз ҳисоби расман ҳамчун китобхона-филиалҳои деҳот ба қайд гирифта шудани шаш китобхонаи таъсисёфтаи деҳаҳои Дашт, Худгифи Соя, Лангар, Валиѓунд, Худгифи Боло ва Деҳманораи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва як китобхона дар деҳаи Пойи Мазори ноҳияи Айнӣ ба шумор меравад.

Бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар давоми солҳои 2017-2019 5952 нусха китоби нав ба маблағи 259 ҳазору 221 сомонӣ ба китобхонаҳои вилоят дастрас шудааст.

Дар соли 2019 ба махзани китобхонаҳои вилоят 25588 нусха китоби нав ворид гардид. Соли 2020 113508 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, 5164 нусха китоби нав харидорӣ шуд. Дар маҷмӯъ, аз тамоми сарчашмаҳо 17508 нусха китоби нав ба махзани китоби китобхонаҳо ворид гардид.

Дар остонаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастури Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва ташаббуси сардори Раёсати фарҳанги вилоят, муҳтарам Бахтиёр Қосимов барои китобхонаҳои вилоят 3186 нусха китоб (197 номгӯ) ба маблағи 145625 сомонӣ харида шуд.

Чунин тадбирҳои неку ояндабинона дар дигар самтҳои фаъолияти китобдорону китобхонаҳо ба равшанӣ эҳсос мегардад.

Бояд афзуд, ки Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ  дар давоми 104 соли мавҷудияти худ баробари ҷалби бештари кӯдакон, наврасону ҷавонон ва тамоми қишрҳои ҷомеа ба китобхонӣ, баланд бардоштани маънавиёту маърифат ва завқи худшиносию худогоҳии наслҳо, инчунин барои дуруст ба роҳ мондани фаъолияти китобхонаҳои низоми фарҳанги вилоят, омӯзиши ҳолати нигаҳдории махзан, баланд бардоштани дараҷаи тахассусмандии китобдорон, тарзи нигоҳдорӣ ва коркарди саривақтии ҳуҷҷатҳои аввалиндараҷаи корӣ, муайян кардани сатҳи хизматрасонии китобиву иттилоотии ин муассисаҳои фарҳангӣ нақши намоён дорад. Ҳамзамон, мутахассисони китобхона китобу маводи китобшиносӣ (библиографӣ), аз қабили «Тақвими санаҳои ҳумоюнӣ» (ҳамасола), «Маҷмӯаи саволу ҷавоб, тест ва гуфтор оид ба  китоб, китобдорӣ ва китобшиносӣ» (ду маротиба бо такмил интишор ёфт), китобномаҳои олимону муҳаққиқон, шоирону нависандагон, ҳунармандону санъатварон, пешоҳангони иқтисоду саноат, маорифу тандурустӣ, варзиш, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, баргадонҳои мавзӯӣ, баргардони муҳташами кишваршиносӣ ва якчанд маводи соҳавӣ омода намуда, онро дар ихтиёри китобдорону хонандагон мегузоранд. Бо ин роҳ китобхонаҳои вилоятро бо маводи дастуриву методӣ таъмин менамоянд.

Охири соли гузашта китобдорони мо дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Агентии миллии созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон» китобномаи доктори илмҳои филологӣ, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи адабии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Ҷоизаи Бунёди Манучеҳри Фарҳангӣ ва Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон ва якчанд унвону дараҷаҳои баланди илмӣ, устод Носирҷон Салимиро ба муносибати 60-солагии зодрӯзашон омода ва нашр намуданд.

Ин ҷо зарур донистем, ки бори аввал ин китобномаву осорномаи арзишманди устоди бузург Носирҷон Салимиро дар Рӯзи Китоб барои аҳли завқ, донишу маърифат ва китобу сарчашмаҳои хирад муаррифӣ намоем.

Китобнома бо пешгуфтори доктори илмҳои филологӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон, профессор Матлубаи Мирзоюнус бо номи «Ҳамтабори рӯдҳои рӯшан» оғоз гардида, аз бахшҳои зерин иборат аст:

I. Санаҳои асосии ҳаёт ва фаъолияти илмӣ, таълимӣ, раҳбарӣ ва сиёсии академик Носирҷон Юсуфзода Салимӣ (Салимов Носирҷон Юсуфович).

II. Таълифоти илмӣ, таълимӣ ва публитсистии академик Носирҷон Салимӣ.

II.1. Китобҳо.                                       

II.2. Авторефератҳои номзадӣ ва докторӣ.

II.3. Дастури таълимӣ.

II.4. Мақола, тақриз, пешгуфтор ва мусоҳибаҳо ва дигар таълифот.

II.5. Мақолаҳо бо забони русӣ.

II.6. Мақолаҳо бо забонҳои туркӣ ва ӯзбекӣ.

III. Таҳриру танзим ва мушовирӣ дар нашри силсилаи китобу рисолаҳо, маҷмӯаҳо ва маҷаллаҳо.

IV. Роҳбарӣ ва пешниҳоди тақриз ба олимону муҳаққиқон барои таълиф ва дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ.

IV.1. Роҳбарӣ ба рисолаҳои номзадӣ.

IV.2. Мушовирӣ ба рисолаҳои докторӣ.

IV.3. Тақризҳои расмӣ ба рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ

V. Таҳияи матн.

VI. Тарҷумаҳо.

VII. Суханрониҳо дар конфронсҳо ва ҳамоишҳои илмӣ.

VII.1. Мақолаҳо, меҳрномаҳо ва ишораҳо оид ба шахсият ва фаъолиятҳои илмӣ, таълимӣ ва сиёсии академик Носирҷон Салимӣ дар китобу маҷмӯаҳо, қомусҳо ва рӯзномаву маҷаллаҳо.

 

Барои таваҷҷуҳатон сипосгузорем. Бори дигар Ид муборак, ҳампешагони азиз!