Осори бостонии ҳама шаҳрҳои Фарорӯду Хуросон баёнгари рӯшане аз хираду халлоқияти тоҷикон аст. А.А. Семенов. Манбаъ: Икромов Бободжон. Надвигается новая эпоха пантюркизма // Вароруд, №45 (81), 2003, 12 ноября.

РӮНАМОИИ КИТОБИ ДУЮМИ «ЗАБОНИ МИЛЛАТ- ҲАСТИИ МИЛЛАТ» ДАР РӮЗИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

«Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, рӯҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёконам мебошад.»

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
 Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

 

Маврид ба ёдоварист, ки ҳар сол 5-уми октябр дар сар то сари Тоҷикистон «Рӯзи забони тоҷикӣ» бо шукуҳи тоза таҷлил мешавад. Забони тоҷикӣ дар шумори қадимтарин забонҳои Хуросону Мовароуннаҳр буда, меросбари забонҳои бостонии ориёист. Олимону донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф кардаанд, ки дар таърихи тамаддуни башар тоҷикон ҳамчун халқи ориёинажод яке аз миллатҳои қадимтарин ва забони модарии мо, яъне забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои бостонии сайёра ба ҳисоб меравад. Солҳои бистуми асри гузашта, яъне дар шароити барои халқи тоҷик ва забони модарии он басо ҳассосу тақдирсоз забони мо расман номи «забони тоҷикӣ» - ро соҳиб шуд ва яке аз далелҳои ҷиддии ташкил ёфтани давлати миллиамон гардид.

РӮНАМОИИ КИТОБИ ДУЮМИ «ЗАБОНИ МИЛЛАТ- ҲАСТИИ МИЛЛАТ» ДАР РӮЗИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 5-уми октябри соли 2021 дар толори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ  маҳфили рӯнамоии китоби дуюми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат- ҳастии миллат» баргузор гардид. Соли 2020 ҷилди дуюми китоби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — «Забони миллат – ҳастии миллат» аз чоп баромад. Он аз сарсухан, 7 боб, 40 фасл ва хулоса иборат буда, дар «Нашриёти муосир» бо сифати баланд ба табъ расидааст. Тавре Пешвои миллат иброз медоранд, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои ғанӣ гардонидани забони адабии тоҷик саъю талош намуда, ҷиҳати рушди он заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуд. Ҳамчунин, як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ қабул ва барои пешрафти он барномаҳои давлатӣ роҳандозӣ гардид.

Дар даромадгоҳи китобхона бахшида ба ин сана намоиши китобӣ баргузор карда шуд, ки дар он беҳтарин китобҳо дар бораи забону фарҳанг, имло, луғату фарҳангономаҳои муътабар ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Маҳфил бо тамошои навори слайдии «Забони давлатӣ нишон аз ҳастии миллат аст» оғоз гардид. Баъдан директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ  Мирсаидов Баҳром ҳозиринро ба Рӯзи забон табрик гуфта, меҳмононро муаррифӣ  намуд. Меҳмонони  маҳфил устодони  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров   доктори илмҳои филологӣ Нуров Нуралӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Аъзамов Субҳонҷон ва шоираи ширинбаён, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ Сурайё Ҳакимова иштирок ва маърӯза  намуданд.  Ҳамчунин маҳфил бо иштироки донишҷӯёну магистрантони Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, кормандон ва хонандагони фаъоли китобхона гузаронида шуд.

РӮНАМОИИ МАҶМӮАИ ТОЗАНАШРИ «КИТОБ – САРЧАШМАИ МАЪРИФАТ»

 Дар оғоз маърӯзаи  доктори илмҳои филологӣ , муовини директори Институти илмӣ- тадқиқотии  илмҳои ҷомеашиносии  назди МДТ «ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров»   Нуралӣ Нуров дар мавзӯи « Забони миллат- ҳастии миллат»- сарчашмаи омӯзиши забони тоҷикӣ дар сарзамини Ҳинд»  мавриди таваҷҷӯҳи  аҳли нишаст қарор гирифт.

РӮНАМОИИ КИТОБИ ДУЮМИ «ЗАБОНИ МИЛЛАТ- ҲАСТИИ МИЛЛАТ» ДАР РӮЗИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢҲамчунин номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёти муосири тоҷики МДТ «ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров» Аъзамов Субҳонҷон доир ба «Масъалаҳои  шинохти  забони тоҷикӣ дар ибтидои асри ХХ дар мисоли китоби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон « Забони миллат- ҳастии миллат»» ба ҳозирин маърӯза ироа намуд.

РӮНАМОИИ КИТОБИ ДУЮМИ «ЗАБОНИ МИЛЛАТ- ҲАСТИИ МИЛЛАТ» ДАР РӮЗИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢҲамзамон директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ,  номзади илмҳои филологӣ, дотсент Мирсаидов Баҳром  дар мавзӯи «Тадқиқи забони адабиёт ва ирфон дар китоби  «Забони миллат- ҳастии миллат»  барои ҳозирин ироа гардид.

РӮНАМОИИ КИТОБИ ДУЮМИ «ЗАБОНИ МИЛЛАТ- ҲАСТИИ МИЛЛАТ» ДАР РӮЗИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Мавсуф зикр намуд, ки агар дар тӯли таърих фарзандони фарзонаи миллат ҳамеша пайи нигоҳ доштани забони миллӣ, арзишҳои миллӣ, асолати миллӣ, ҳувияту худшиносии миллӣ ва фарҳангу тамаддун талош намуда, аз давлату миллати худ дифоъ карда бошанд, ҳамакнун ин рисолатро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш гирифтаанд. Шоира ва рӯзноманигори варзида Сурайё Ҳакимова дар поёни маҳфил ҳамагонро бо Рӯзи забони тоҷикӣ табрик намуда аз ашъори худ намунае чанд қироат намуд.

Ҳамробоева Мавзуна
Қодиров Ҷумъадилло