Аҳолии ин хитта (болооби Қашқадарё ва Сурхондарё, соли 1882) саросар тоҷик мебошанд, куллан онҳо зебову пуртоқат ҳастанд. Яборский И.Л. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 54

23.11.2021 // ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ КИТОБДОРОН «КИТОБДОРИ СОЛ - 2021»

Бахшида ба ҷашнҳои пуршукӯҳ, ба мисли 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 29-солагии Иҷлосияи сарнавиштсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 24-солагии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», 1065-солагии шоири форсу тоҷик Дақиқӣ, 930-солагии шоири форсу тоҷик Сӯзании Самарқандӣ, 880-солагии шоири классик Низомии Ганҷавӣ, 820-солагии олим ва файласуфи форсу тоҷик Насириддини Тӯсӣ, 195-солагии нависанда ва маорифпарвар Аҳмади Дониш, солгардҳои Қаҳрамонони Тоҷикистон, чун 140-солагии Нусратулло Махсум, 110-солагии Мирзо Турсунзода, 120-солагии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев, ҷашни 110-солагии нависандаи хулқалам Сотим Улуғзода ва дигар санаҳои муҳими илмиву таърихӣ ва сиёсиву фарҳангӣ озмуни вилоятии китобдорон «Китобдори сол - 2021» баргузор гардид.

ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ КИТОБДОРОН «КИТОБДОРИ СОЛ - 2021»

Озмун бо мақсади равнақи соҳаи китобдорию китобшиносӣ, баланд бардоштани малакаи касбии мутахассисони соҳа, беҳбудӣ бахшидан ба сифату самаранокии хизматрасонии китобию иттилоотӣ, ташкилу баргузории чорабиниҳои оммавиии замонавӣ ва ҷамъбасти фаъолияти кории китобхонаҳо санаи 23-юми ноябри соли 2021 дар толори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ тибқи фармоиши сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд аз 21-уми октябри соли 2021, таҳти №151  бо иштироки китобдорони шаҳру навоҳӣ озмуни вилоятии китобдорон «Китобдори сол - 2021» баргузор шуд.

Ҳадафи асосии озмун санҷиши саводи китобдор, қобилияти илмию ҷустуҷӯӣ, дараҷаи маълумотнокӣ, вусъати андеша ва маҳорати касбию тахассусии ӯ маҳсуб меёбад.

Озмун бо иштироки китобдорону китобшиносон, кормандони китобхона, намояндагони телевизионҳои вилоятиву маҳаллии «ТВ Суғд», «ТВ Азия», намояндагони муасиссаҳои соҳаи фарҳангу маориф, донишҷӯён, собиқадарони соҳаи китобдорӣ ва хонандагони фаъоли китобхона баргузор гардид.

ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ КИТОБДОРОН «КИТОБДОРИ СОЛ - 2021»

Шартҳои асосии озмун ба санҷиши маҳорати касбӣ ва фаъолияти кории ҳар як корманди китобхона нигаронида шуда, аз панҷ шарт, аз қабили муаррифии фаъолияти китобдор (фаъолияти шахсӣ, нишондиҳандаҳо, омор, махзан, корҳои эҷодӣ, навоварӣ, ҳамкорӣ бо китобхонаҳо ва дигар муассисаҳо, ширкат дар семинару конфронсҳо ва дигар паҳлӯҳои кори китобдор), посух гуфтан ба саволҳое, ки дар монитор нишон дода мешаванд, роҳу усули нави ҷалби хонандагон ба китобхона ва хизматрасонии китобӣ-иттилоотӣ (бо слайдҳо, банерҳо, видео-роликҳо ва дигар воситаҳо), ҳифзи қироати назму наср ва санҷиши тестӣ иборат буда, дар он китобдорони шаҳру навоҳии вилоят фаъолона ширкат варзиданд.

Дар озмун 18 нафар китобдорон миёни ҳам рақобат намуда, маҳорат ва малакаи касбии худро санҷиданд. Дар рафти озмун ҳайати ҳакамон ба муаррифии фаъолияти китобдорон, дурустии посухҳо, ташаббусҳои онҳо барои ҷалби хонандагон ба китобхона, ҳифзу қироати назму наср ва дар охир ба натиҷаи саволҳои тестӣ аҳамияти аввалиндараҷа доданд.

Дар озмун китобдорон, мудирони китобхона филиалҳо, мушовирони китобхона, саркитобдорони шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон, Гулистон, Деваштич, Зафаробод, Истиқлол, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Кӯҳистони Мастчоҳ, Мастчоҳ, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Шаҳристон иштирок намуданд.

Аз рӯи хулосаи ҳайати ҳакамон сардори шуъбаи толори хониши Китобхонаи марказии шаҳри Гулистон Кифоят Мирзоқулова бо гирифтани 218 хол сазовори Шоҳҷоиза, мудири китобхона – филиали №14-и ҷамоати деҳоти Усмон Ҳайдари ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Мунира Домуллоҷонова бо гирифтани 216 хол сазовори ҷойи аввал, мудири китобхона – филиали №1-и шаҳраки Навободи шаҳри Исфара Муҳаббат Ансорова бо гирифтани 209 хол сазовори ҷойи дуюм, сармушовири китобхонаи марказии ноҳияи Ашт Фарзона Турсунова сазовори ҷойи сеюм дониста шуда, бо туҳфаҳои ифтихорӣ ва ифтихорнома қадрдонӣ шуданд.

Ҳамзамон, сарбиблиографи китобхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ Ҳалимахон Шарифзода, саркитобдори шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографии Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ Манзура Қаюмова, мудири китобхона – филиали №12-и шаҳри Конибодом Нилуфар Ҳоҷибоева, китобдори китобхонаи марказии шаҳри Истиқлол Нодира Назарӣ, мушовири китобхонаи марказии шаҳри Бӯстон Меҳрангез Умарова барои иштирокчиёни фаъолона бо туҳфаҳои ифтихорӣ қадршиносӣ гардиданд.

Дар охир, иштирокчиёни фаъоли озмун ва собиқадорони соҳаи китобдорӣ фикру андешаҳои худро доир ба баргузории озмун баён дошта, ҳамчунин миннатдории худро ба ташкилкунандагони озмун иброз намуданд.

Шуъбаи табъу нашри Китобхонаи вилоятӣ