Тоҷикон ҳаргиз накӯшидаанд, ки тасаллут бар тамоми дунё дошта бошанд, балки пайваста кӯшидаанд, ки тамоми дунёро дар худ ҷо бидиҳанд. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 41

ОЗМУНИ «КИТОБХОНАИ НАМУНАВИИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДАР СОЛИ 2021» ҶАМЪБАСТ ШУД

Барои тамоми аҳли фарҳанг, бахусус, китобдорону  китобшиносон мояи ифтихор мебошад, ки чор сол инҷониб бо ташаббуси Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар байни 362 китобхонаи низоми фарҳанг озмуни вилоятии «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд» баргузор мешавад. Соли равон низ бо мақсади дар сатҳи баланд доир шудани озмуни «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2021» қарори Раиси вилоят таҳти №142 аз 30-юми март ба имзо расид. Дар робита ба ин озмун фармоиши сардори Раёсати фарҳанги вилоят низ таҳти №36 аз 2-юми июли соли равон интишор гардид.

ОЗМУНИ «КИТОБХОНАИ НАМУНАВИИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДАР СОЛИ 2021» ҶАМЪБАСТ ШУД

Ҳадафи аслии ин қарор дар заминаи меъёрҳои тахассусӣ ба роҳ мондани фаъолияти китобхонаҳои марказӣ ва китобхона-филиалҳо, омӯзиши ҳолати нигаҳдории махзан, истифодаи босамари китобҳо, баланд бардоштани дараҷаи касбии китобдорон, афзун сохтани маҳорати касбии китобдорону китобшиносон, муайян кардани сатҳи хизматрасонии китобиву иттилоотӣ, тарзи нигоҳдорӣ ва коркарди саривақтии ҳуҷҷатҳои аввалиндараҷаи корӣ, ташкилу баргузории чорабиниҳои оммавии замонавӣ ба ҳисоб рафта, ин озмун ба ифтихори ҷашнҳои муқаддаси 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 ва дигар рӯйдодҳои таърихӣ гузаронида шуд.

Аз санаи 7-уми июн то 26-уми июли соли ҷорӣ ҳайати ҳакамон, ки фарогири 7 нафар узв мебошад, ба 18 шаҳру навоҳии вилоят сафар намуда, вобаста ба имкониятҳои мавҷуда китобхонаҳои марказиву деҳотиро аз назар гузаронида, дар ин хусус гузоришҳо ва намоиши слайдӣ омода кард.

Ҳайати ҳакамон дар рафти сафар мушоҳида намуд, ки воқеан қарори мазкур дар байни китобдорон як таҳаввулоти ҷиддиро ба вуҷуд овардааст. Ҳангоми боздид дар дурдасттарин китобхонаҳои ноҳияҳову шаҳрҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ, Панҷакент, Исфара, Ашт ва дигар гӯшаву канори вилоят ба равшанӣ аён гардид, ки даври аввали озмуни «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2021» дар санаҳои муқарраршуда барпо гардидааст. Муҳим он буд, ки раванди ташкилу баргузории озмун ба ҳукми анъана даромада, китобдорон пайваста бо шавқу рағбат ҷиҳати гузаронидани он омодагии ҳамаҷониба мегиранд.

Бо мақсади омӯзишу санҷиши китобхонаҳои дар даври аввал ғолибомада муовини сардори Раёсати фарҳанги вилоят Рустамова П.Ғ, мутахассиси пешбари Маркази илмӣ- методии Раёсати фарҳанги вилоят Қурбонова М., директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ Мирсаидов Б.Т, муовинони директор Ҳакимова М.Б. ва Ҳамробоева М.Т., сардор ва методисти дараҷаи I шуъбаи илмӣ-методии китобхонаи зикршуда Қаландаров А.Х. ва  Нурматова У.М. дар ҳар як шаҳру ноҳия бо китобдорону китобшиносон машваратҳо гузаронида, ҳолати воқеии китобхонаҳоро дида, барои рафъи камбудҳои мавҷуда маслиҳатҳои методӣ доданд.

Ҳайати ҳакамон, пеш аз ҳама, беҳтар будани вазъи моддиву техникӣ, тозагиву ободии бино, мураттабии махзани китобӣ, тарзи дуруст пур кардани варақаи хонанда, рӯзномаҳо, дафтари бозшуморӣ (суммарӣ), мавҷудияти «Гӯшаи китобдор», гӯшаҳои тарғиботии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», мутобиқати теъдоди хонандагони китобхонаҳо бо меъёри муқарраршуда ва дигар самтҳои кори китобхонаҳоро мавриди омӯзиш қарор доданд.

Ҳамчунин, ҳайати ҳакамон барои далел лаҳзаҳо аз фаъолияти китобхонаву китобдоронро сурат гирифтанд.

ОЗМУНИ «КИТОБХОНАИ НАМУНАВИИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДАР СОЛИ 2021» ҶАМЪБАСТ ШУДДар раванди таҷдиду азнавсозӣ ва бунёди китобхонаҳо роҳбарияту масъулони Мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, сокинони фарҳангдӯсту саховатпешаю баландҳиммат дасти ёрӣ дароз кардаанд. Барои намуна метавон аз ташаббусҳои китобдорони Кӯҳистони Мастчоҳ ёдрас шуд. Аз ҷумла, собиқадори соҳаи фарҳанг ва хидмати давлатӣ дар деҳаи Ғузн Сафаров Маликшариф барои китобхона-филиали №4 беш аз 120 ҳазор сомонӣ маблағ сарф намуда, бинои нав сохтааст. Ё соҳибкор Ашӯров Қурбон ошёнаи дуюми маркази савдои навсохтаи худро дар ихтиёри китобхона-филиали №15-и деҳаи Ревомутки ноҳия гузоштааст, ки сазовори дастгирист.

Дар шаҳри Истаравшан низ дар соҳаи китобдорӣ дигаргуниҳои ҷиддӣ ба мушоҳида расид. Китобхонаи марказӣ ва китобхонаи бачагонаи шаҳр, ки аз соли 1979 дар як бинои фарсуда ва шароити номувофиқ қарор доштанд, оғози соли равон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Истаравшан ба Муассисаи давлатии «Хонаи таълим ва истироҳат» кӯчонида шуданд. Ҳоло дар ҷойи нав китобхона фаъолияти назаррас дорад.

Илова бар ин, мардуми деҳаи Қалъачаи Баковули шаҳри Истаравшан бо роҳбарии шаҳрванди созмондеҳу ободкор Саидов Шариф, бо харҷи 90 ҳазор сомонӣ барои китобхона-филиали №22-и ба номи Абӯҷаъфари Истаравшанӣ бинои нав сохтаанд, ки ҳоло ин муассисаи хурди фарҳангӣ дар деҳа фаъолият дорад.

Китобхона-филиали №16-и деҳаи Сепулаи шаҳр баъди аз ҷониби собиқ раиси ҷамоат Қурбонов Бобоҷон ва соҳибкор Дадоев Абдуҷамил бо маблағи 2700 сомонӣ таъмир шудан ба бинои алоҳида кӯчонида шуд.

Дар деҳаи Лолазори ноҳияи Деваштич бо саҳмгузории мудири китобхона-филиали №14 Қаюмова Шаҳодат барои китобхона бинои нав сохта шуд. Шаҳрванд аз ҳисоби маблағи барои сафари ҳаҷ ҷамъовардааш бинои нав сохта,  китобхона-филиали №14-ро ҷой дод, ки ин тадбир намунаи ибрат мебошад.

Дар ноҳияи Спитамен низ чунин ташаббускорӣ ба чашм мерасад. Масалан, корманди китобхона-филиали №1-и ҷамоати деҳоти Турсун Ӯлҷабоев Турсунматов Раҷаб 5 ҳазор маблағи шахсии худро барои таъмири ҷории китобхона сарф намудааст.

Дар маҷмӯъ, равнақи кори китобдорон, ободкорӣ, таҷдиду азнавсозии китобхонаҳои низоми фарҳанг ба таври равшан эҳсос мешавад.

ОЗМУНИ «КИТОБХОНАИ НАМУНАВИИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДАР СОЛИ 2021» ҶАМЪБАСТ ШУД

Мавриди зикр аст, ки озмуни вилоятии «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2021» шавқу рағбати китобдоронро ба касби пурифтихори худ афзун сохт. Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда, ки бештари онҳо дар заминаи қарори раисони шаҳру навоҳӣ омода гардидаанд, собит намуданд, тибқи шартҳои озмун дар даври аввал – даври шаҳриву ноҳиявӣ китобхона- филиали №4 деҳаи Зерободи ноҳияи Айнӣ, китобхонаи бачагонаи ноҳияи Ашт, Китобхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, китобхонаи марказии шаҳри Бӯстон, китобхона-филиали №2 шаҳраки Чоруқдаррони шаҳри Гулистон,  Китобхонаи марказии ноҳияи Деваштич, китобхонаи бачагонаи ноҳияи Зафаробод, китобхона-филиали №13-и ҷамоати деҳоти Зумрадшоҳи шаҳри Исфара, Китобхонаи марказии шаҳри Истаравшан, Китобхонаи марказии шаҳри Истиқлол, Китобхона-филиали № 1-и шаҳри Конибодом, китобхона-филиали №4-и деҳаи Ғузни ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, Китобхона-филиали №17 шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ, Китобхонаи марказии шаҳри  Панҷакент, китобхона-филиали №1 ҷамоати деҳоти Турсун Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен, китобхона-филиали №12 ҷамоати деҳоти Ҳаёти нави ноҳияи Ҷаббор Расулов, китобхонаи бачагонаи ноҳияи Шаҳристон ба шоҳҷоиза ва ҷойҳои аввал сазовор шуда, барои иштирок дар даври вилоятӣ роҳ ёфтанд.

Ин нукта бояд зикр ёбад, ки ҳайати ҳакамон баъди омӯзиши ҳолати воқеии китобхонаҳо оид ба дастовардҳо ва камбудҳои китобдорон гузориши мухтасар навиштаанд. Аз таҳлили гузоришҳо ва аксҳову наворҳо бармеояд, ки китобдорон дар ҳақиқат барои рӯ ба беҳбуд овардани кори китобхонаҳо ва ҷалби хонандагони синну соли гуногун ба мутолиаи китоб, таъмиру азнавсозии бино, толорҳои хониш ва дигар корҳои ободонӣ саъю талош намудаанд.

Аз ҳама бештар, фаъолияти китобхонаҳои шаҳру навоҳии Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан, Кӯҳистони Мастчоҳ, Ашт, Зафаробод, Спитамен назаррас аст.

Ташкилу баргузории озмун боиси ташаббускории китобдорон дар самти хизматрасонии китобию иттилоотӣ гардида, ба мавриди диққати ҷомеа қарор гирифтани кори китобхонаҳо ва мақоми китобдор сабаб шуд.

Бо итминон метавон гуфт, ки кори ҳайати ҳакамон дар раванди омӯзиши фаъолияти китобхонаҳо бисёр паҳлӯҳои соҳаро равшан сохт, зеро гурӯҳи таъиншуда дар дурдасттарин минтақаҳои вилоят бо китобдорон ва китобхонаҳо аз наздик ошно шуда, дар татбиқи қарори Раиси вилоят саҳми назаррас гузоштанд.

Озмуни «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2021» дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар тамоми китобхонаҳо вобаста ба чорабиниҳои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявидошта, монанди Даҳсолаи умумиҷаҳонии «Об барои рушди устувор» (солҳои 2018-2028), 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» (солҳои 2019-2021), «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм –фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон–Ватани азизи ман», «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва даҳҳо санаву рӯзҳои ҷашнӣ намоишҳои китобӣ, лавҳаҳо, баргаҳои мавзӯӣ, маҷаллаҳои шифоҳӣ ва дигар маводи тарғиботӣ омода ва ба маърази истифода қарор дода шудаанд.

Ҳамзамон, ҳайати ҳакамон дар ҷараёни сафар ба масоили бозшумории махзани китобии китобхонаҳо, ташкили феҳрастҳо, ба таҳсили ғоибона фаро гирифтани кормандони ғайритахассусӣ ва дигар паҳлӯҳои соҳа таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Дар асоси маводи аз сафари хидматӣ гирдовардаи худ ҳайати ҳакамон ба чунин хулоса омад, ки ба Шоҳҷоизаи озмун Китобхонаи марказии шаҳри Панҷакент, ба ҷойи якум Китобхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷойи дуюм Китобхонаи марказии шаҳри Истаравшан, ҷойи сеюм китобхона-филиали №4-и деҳаи Ғузни ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро сазовор шуморад. Инчунин, ба ҷойҳои ифтихорӣ  китобхона-филиали №1-и ҷамоати деҳоти Турсун Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен, китобхонаи бачагонаи ноҳияи Зафаробод ва китобхонаи бачагонаи ноҳияи Аштро муносиб донад.

Санаи 14-уми декабри соли равон дар толори қабули расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, бо иштироки Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва ширкати масъулон баробари Фестивали вилоятии «Атласу адрас», маросими ботантана супурдани грантҳои Раиси вилояти Суғд оид ба дастгирӣ ва рушди соҳибкории занони ҳунарманду эҷодкор барои солҳои 2021-2025, озмуни вилоятии  «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2021» ҷамъбаст шуд.

ОЗМУНИ «КИТОБХОНАИ НАМУНАВИИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДАР СОЛИ 2021» ҶАМЪБАСТ ШУД



Китобхонаҳои ғолиб – Китобхонаи марказии шаҳри Панҷакент ба дарёфти Шоҳҷоиза бо 12000 сомонӣ, лентаи рамзӣ ва сипоснома, Китобхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои ишғоли ҷойи якум бо 10000 сомонӣ, лентаи рамзӣ ва сипоснома, Китобхонаи марказии шаҳри Истаравшан барои гирифтани ҷойи дуюм бо 8000 сомонӣ, лентаи рамзӣ ва сипоснома, китобхона-филиали №4-и деҳаи Ғузни ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои ишғоли ҷойи сеюм бо 6000 сомонӣ, лентаи рамзӣ ва сипоснома қадрдонӣ гардиданд.

Китобхона-филиали №1-и ҷамоати деҳоти Турсун Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен, китобхонаи бачагонаи ноҳияи Зафаробод ва китобхонаи бачагонаи ноҳияи Ашт барои иштироки фаъолона бо сипоснома ва 1000 сомонӣ (ба ҳар китобхона ба ҳамин андоза) сазовор дониста шуданд.

Китобдорону китобшиносони вилояти Суғд тамоми ин тадбирҳои шоистаро самараи сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста, талош менамоянд, ки пайваста барои пешбурди соҳаи китобдорӣ аз сидқи дил бурдборона меҳнат намоянд.

 

Маъмурият