Аҳолии ин хитта (болооби Қашқадарё ва Сурхондарё, соли 1882) саросар тоҷик мебошанд, куллан онҳо зебову пуртоқат ҳастанд. Яборский И.Л. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 54

НАШРИ ДУ КИТОБ ДАР КИТОБХОНАИ АСИРӢ

1. «МАВЗЕЪҲОИ ТАЪРИХӢ, ФАРҲАНГӢ ВА САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН»

Ватан барои ҳар як ҷонзоди рӯйи олам муқаддас аст, зеро маҳз дар ин хокдон ӯ ҳаст мешавад, бори аввал нафас мегирад, чашм боз мекунад, ба осмони нилгуни нопайдоканор менигарад, офтобро мебинад ва ниҳоят бо гузашти замон дар ҳамин фазову муҳит худро мешиносад. Инсон, ки аз дигар офаридаҳо бо чанд афзалият имтиёз дорад, ба мафҳуми Ватан бисёр амиқу ҳассос таваҷҷуҳ менамояд. Меҳри одамӣ нисбат ба ин хоку об ба ҳаддест, ки онро МОДАР-ВАТАН меномад ва тамоми умр аз як кунҷу гӯшаи сайёраи бузург меболад.

Мо мардуми шарафманди Тоҷикистони офтобӣ аз он меболем, ки дар ин кишвари хурди кӯҳистонӣ, ки дорои таъриху тамаддуни бостонӣ, илму санъат, ҳунар ва адабиёти ҷаҳоншумул мебошад, умр ба сар мебарем. Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид доштаанд: «Мо – тоҷикон таърихи куҳану фарҳанги пурғановат дорем ва аз ин сарвати бебаҳои миллии худ ифтихор мекунем».

Ҳазорсолаҳо ниёгони мо соҳиби фарҳанги шукӯҳманд, адабиёту санъати гаронмоя ва ҷуғрофиёи пурвусъат буданд. Ба сабаби ҳаводиси маълуми сад сол қабл аз рӯзгори мо рухдода аҷдодамон аз қисмати асосии сарзамини паҳновари хеш маҳрум гардиданд ва ҳудуди кунунии Тоҷикистон ба имрӯзиён ҳамчун мерос расид. Дар ин маврид ҳам муттакои андешаву гуфтори мо сухани арзиш­манди Пешвои маҳбуби халқу миллати тоҷик аст: «Мо, тоҷикон, ҳеҷ гуна ниёзе ба таҳрифи огоҳонаи таърих, таърихсозӣ, бузургтарошӣ ва падидаҳои дигари ғайриилмӣ ва зиддиилмӣ надорем. Мо ончунон таърихи дурахшон дорем, ки ҳатто шинохти нисбии он муҷассамаи гӯё ва возеҳи миллати мо хоҳад буд».

Ҳамеша нуктаи шодиофар ва умедбахшанда ин аст, ки Ватани мо дорои кӯҳҳои сарбафалак­кашида, захираҳои фаровони маъдан­ҳо, конҳо, пиряхҳо, чаш­маҳои ширин, дарёву кӯлҳои мусаффо, дараву води­ҳои тамошобобу зарнисор, арчазорони ҳамешабаҳор, дашту саҳроҳои файз­бор, боғҳои шаҳдбор, гиёҳу меваҳои давоиву хуштаъм, ва, ба ибораи дигар, соҳиби табиати нодир мебошад.

Бояд ёдовар шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суҳбату мулоқот бо сокинони мам­лакат таъкид менамоянд, ки бояд ба қадри обу хоки Ватан ва табиати но­так­рори он бирасем ва сарзамини аҷ­додию меросиамонро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Бо мақсади татбиқи ташаббусҳои ибратомӯзу ояндасози Пешвои хирадманди миллат муҳаққиқону мутахассисони Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ азм намуданд, ки ба истиқболи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани соли 2018 қомуси мухтасари ҷойҳои таърихӣ ва сайёҳии мамлакатро омода созанд. Ҷомеаи муттафиқи ин муассисаи фарҳангӣ барои иҷрои ин ҳадаф муваффақ гардиданд ва баробари  «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудани солҳои 2019-2021 тасмим гирифтанд, ки китобро боз ҳам мукаммал созанд.

Аз ин рӯ, ҳамкасбони мо дар давоми чор соли охир бо истифода аз сарчашмаҳои хаттию электронӣ ва гирдоварию таҳлили мавод тавонистанд, ки китоби ҷомеътари «Мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии Тоҷикистон»-ро омода намоянд.

Китоби «Мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии Тоҷикистон» ба ифтихори ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 ва истиқболи 105-солагии Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ соли 2021 бо ороиши зебо, сифати баланд ва ранга дар нашриёти «Меъроҷ» чоп гардида, аз 192 саҳифа иборат аст.

Китоб дар заминаи маводи қомусҳо, донишномаҳо, дастурҳову ёдномаҳои таълимӣ, мақолаҳои дар рӯзномаву маҷаллаҳо батабърасида, хабару гузоришоти дар сомонаҳои расмӣ интишоргардида ва марҷаъҳои гуногун  рӯйи коғаз омада, дар поёни ҳар як моддаи энсиклопедӣ маъхази маълумот навишта шудааст.

Дар таҳияи қомус муҳаққиқону мутахассисони китобхона Баҳром Мирсаидов, Мунирахон Ҳакимова, Мавзунахон Ҳамробоева, Шодӣ Шарифниё, Мунаввара Ғаффорова, Рокиябону Рабиева, Моҳирахон Ҳафизова, Манзурахон Қаюмова ва Манишвар Тоҳирӣ саҳми назаррас гузоштаанд.

Муҳаррири масъул ва муаллифи пешгуфтори қомусвора номзади илмҳои филологӣ, дотсент, директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ Баҳром Мирсаидов мебошад.

Дар китоб доир ба ёдгориҳои таърихӣ, монанди қалъаву димнаҳо, мазору обидаҳо, мақбараву масҷидҳо, манораву мадрасаҳо, ёдгориҳои табиат, амсоли боғҳои ботаникӣ, боғҳои истироҳатӣ, мамнӯъгоҳҳо, дарахтони куҳансолу азимҷусса, чашмаҳои шифобахш, кӯлҳои зебову назаррабо, муассисаву марказҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, чун кохҳову қасрҳо, китобхонаҳову осорхонаҳои машҳур, осоишгоҳҳо ва даҳҳо макону иншооти муҳимму тамошбоб, ки ифодагари гузаштаи бошукӯҳу пурифтихори тоҷикон, ҳунари волои ҳандасиву меъморӣ, завқи баланди худшиносиву худогоҳӣ, зебоипарастиву ватанпарварӣ, инчунин бозгӯи дастовард­ҳои моддиву маънавии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошанд, маълумоти арзишманд фароҳам омадааст.

Таҳиягарони қомус бар он талош намудаанд, ки барои рушди саёҳати дохиливу хориҷӣ ва тарғибу ташвиқи имкониятҳои гардишгариву сайёҳии Ватани азизамон ин китобро ба унвони раҳнамо омода созанд.

Қомус шомили пешгуфтор зери унвони «Сарзамини меҳр», 15 боб, аз ҷумла  «Ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон», «Манораҳо», «Масҷидҳо», «Мазорҳо ва мақбараҳо», «Боғҳои ботаникӣ», «Дараҳо», «Дарахтони куҳансолу азимҷусса», «Кӯлҳои зебоманзар», «Зебоиҳои кӯҳистон», «Мамнӯъгоҳҳои давлатию табиӣ», «Осоишгоҳҳо», «Чашмаҳои шифобахш», «Кохҳо ва китобхонаҳои машҳур», «Осорхонаҳои маъруф» ва «Боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ» ва 277 маълумоти муфассал доир ба  ёдгориҳои таърихиву табиат ва муассисаву марказҳои фарҳангӣ-фароғатӣ мебошад.

Он ҷиҳати дарёфти иттилооти муфиду дақиқ барои истифода-барандагони китобхонаҳо, хонандагону донишҷӯён, муҳаққиқони соҳаҳои таъриху табиат­шиносӣ, сайёҳону дӯстдорони табиат, фарҳангшиносону кишваршиносон ва оммаи васеи дилбандони сарчашмаҳои дониш таҳия гардида, ҳамчун армуғон ба кулли мардуми сарбаланди Тоҷикистон эҳдо мегардад.

2. «ПАНДИ НИЁГОН ВА ШЕЪРУ ҲИКМАТИ БУЗУРГОН»

Инсон ҳамеша ба тарбия ва донишу омӯзиш ниёз­манд аст. Бузургони илму адаби миллати мо ва ҳакимону фарзонагони олам як самти асосии фаъолияти эҷодии хешро ба тараннуми ахлоқи ҳамида, васфи некиву накӯ­корӣ, инсондӯстӣ, дӯстиву рафоқат, ҳамдигарфаҳмӣ, хеш­таншиносӣ, эҳтироми волидайн, арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу қавмӣ, ҳифзи Ватан, муносибати шоиста ба ҷомеа ва дигар паҳлӯҳои ахлоқу рафтори ҳамзамонон ва ояндагону пасовандон бахшидаанд.

Навиштани пандномаҳо дар таърихи гаронмояи мо аз китоби муқаддаси «Авасто» шурӯъ мегардад. Консепсияи ахлоқии Зардушт – «Пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек» ҳазорсолаҳост, ки ба унвони беҳтарин дастуру ҳидоятномаи аҷдоду авлоди тоҷикон ва маромномаи қавму халқиятҳои дигари олам низ маҳсуб мешавад. Дар замони Сосониён ва дар аҳди аввали исломӣ рӯйи кор омадани андарзҳои Бузургмеҳр, аҳдномаи Ардашер, расоили Абдулҳамиди Котиб, осори Ибни Муқаффаъ, китобҳои Маздак ва «Калилаву Димна» ва садҳо китоби дигар, мисли «Андарзи Хусрави Каводон», «Андарзи Озарбоди Маҳраспандон ба писараш», «Одоби Бузургмеҳр», «Ёдгори Бузургмеҳр», «Андарзи доноён ва маздопарастон», «Пандномаки Заратушт»,  «Андарзномаи пешиниён» гувоҳ бар он медиҳанд, ки илми ахлоқ ва тарбияи инсони баркамол аз самтҳои афзалиятноки зиндагии гузаштагони мо ба шумор меомадаанд.

Китобҳои зиёди ахлоқиву таърихие, ки бо номҳои «Тоҷнома»-ву «Ойиннома» ва «Аҳднома»-ву «Васиятнома»-ҳо навишта шуда буданд, низ ҳамин рисолатро дош-танд.

Дар даврони минбаъда низ ҳазорон китобу рисола, амсоли асарҳои насрии «Панднома»-и Мотуридии Самарқандӣ, «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Чаҳор мақола»-и Низомии Арӯзии Самарқандӣ, «Зафар­нома»-и Абӯалӣ ибни Сино, «Сиёсатнома»-и Низомулмулк, «Кимиёи саодат»-у «Насиҳат-ул-мулук»-и Fазолӣ, «Ахлоқи Носирӣ»-и Насируддини Тӯсӣ, «Калила ва Димна»-и Абулмаолии Насруллоҳ, «Марзбоннома»-и Саъдуд­дини Варовинӣ, «Синдбоднома»-и Заҳирии Самарқандӣ, «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, «Баҳористон»-и Ҷомӣ, маснавиҳои Санойии Fазнавӣ, Аттор, Мавлоно, девонҳои Саъдиву Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандиву Ҷомӣ, Абдулқодири Бедил, инчунин садҳо тафсири Қуръони карим ба забони форсӣ ва пандномаҳову мавъизаҳо навиш­та шуданд, ки ҳамагӣ дастуру раҳнамоҳои хубе барои абнои башаранд.

Адабиёти тоҷик дар тамоми марҳилаҳои рушду ну­мӯи худ омилҳои муассири камолоти инсони комил, парвардани кӯдакону наврасон ва ҷавонони соҳибфазилату соҳибақлро дар пешгоҳи рисолати хеш қарор додааст.

Зимнан бояд хотирнишон сохт, ки тарбияи инсон дар меҳвари адабиёти халқҳои қадими олам, ба монанди мисриён, бобулиён, ошуриён, юнониён, румиён, ҳинду-вон, чиниён ва дигар халқҳо қарор дошт. Фарзонагоне чун Афлотун, Суқрот, Буқрот, Ҷолинус, Арасту, Конфутсий, Лао-тсзи ва дигарон дар бештари осори худ муҳимтарин масоили ахлоқи одамиро таҳлилу тавзеҳ дода, аз андӯхтаҳои пешиниён ва аз ҳосили тафаккури худ андарзҳо ба мерос гузоштаанд.

Донишмандони тоҷик, амсоли Абӯнасри Форобӣ, Закариёи Розӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Ибни Мискавайҳ, Носири Хусрав, Умари Хайём, Фахруддини Розӣ ва дигар мутафаккирон дар заминаи ҳикмати назариву амалии аҷ­доди хеш, фарҳангу адабиёт ва фалсафаи юнонӣ дар эҷо­ди беҳтарин таълимоти ахлоқӣ саҳми намоён гузоштанд.

Бояд хотирнишон сохт, ки агар дар хусуси муаллифони китобҳои ахлоқӣ ва мундариҷаи осори онҳо мулоҳиза ронем, сухан ба дарозо мекашад. Танҳо ҳаминро бояд гуфт, ки ҷавҳари адабиёти қадиму ҷадиди олам, аз ҷумла адабиёти тоҷик тараннуми некиву покист.

Имрӯз дар ҷомеаи соҳибистиқлолу соҳибихтиёр, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон масъалаи тарбияи насли рӯ ба камол ба ҷанбаҳои асосии сиёсии Ҳукумати мамлакат табдил ёфтааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асару мақолаҳо, маърӯзаву гузоришот, амру фармонҳо, мулоқот бо қишрҳои гуногуни ҷомеа ва дар фаъолияти доимии хеш ба масъалаи тарбияи насли солим, аз худ намудани донишҳои замонавӣ, технологияи муосир, омӯзиши забонҳо, болотар аз ҳама, эҳтироми арзишҳои олии инсонӣ, мероси гаронмояи ниёгон, гиромидошти падидаҳои шоёни фарҳангиву адабӣ, ки реша ба таърих ва таҷрибаҳои писандидаи оламиён доранд, таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд.

Гуфтан зарур аст, ки дар ибтидои ҳазорсолаи сеюми милодӣ, дар аҳди ихтилофу тазодҳои қавмию мазҳабӣ ва ирқию нажодӣ инсоният роҳи ягонаи раҳоии худро бояд танҳо дар истиқболи олитарин арзишҳои башарӣ, созандагиву бунёдкорӣ, ваҳдату ҳамбастагӣ ва ҳусни тафоҳуми миллатҳо, бузургдошти ҳуқуқҳои инсон ва ташкили ҷомеаи сирфан фарҳангиву маънавӣ дарёбад. Пешинаи маърифатандӯзии таърихӣ собит сохтааст, ки сабаби идомаи зиндагии одамият дар курраи арз маҳз ба донишу хираду маънавият, ба тозакориву тозаҷӯӣ, шинохти асолати ҳастӣ ва худшиносиву худогоҳӣ пайванд мегирад. Инсониятро дар ин дарозои таърих ҳамеша умед ба орзуву ормонҳои олӣ ва қалби бовардиҳандаи фардонигар ба субҳи равшани бахту толеъи ҳумоюн расонидаанд. Боз ҳам маълум мегардад, ки андешаву маниши нек, ҳиммату ҷавонмардӣ, худшиносиву худогоҳӣ, завқи зебоиписандӣ ва дарки саодати абадӣ ҳастии кулли ҷаҳониёнро зиннат бахшида, умеди будану зистанро дар вуҷудашон қувват мебахшад.

Таҳаввулоти ҷаҳонӣ дар мисоли ҷаҳонишавӣ ва таъсиргузориву ҳуҷуми фарҳангҳо нишон медиҳад, ки ягона роҳи наҷоти миллат дар рӯбарӯи ин нерӯҳову ҷараёнҳои густурдаву фарогир такя ба адабиёту фарҳанг ва хиради азалии ниёгон аст. Мо, ҷомеаи Тоҷикистонро зарур аст, ки барои эмин мондан аз ин зуҳурот, ки асосан дар ҷомаву либосҳои гуногуни мазҳабиву ақидавӣ, монанди радикализм, экстремизм, терроризм, фундаментализми динӣ, ифротгароӣ, бегонапарастӣ ва дигар маф­ҳумҳо ҷилвагар мешаванд, ба андӯхтаҳои пешиниён, таҷрибаҳои судманд, донишу маърифат, фарҳангу адабиёт ва санъату ҳунари асил ҳамқадаму ҳамнафас бошем.

Бояд ҳар як фарди бедордил ва кулли ҳамватанони азизи мо донанд, ки имрӯз кӯшиши ҷаҳонсолорӣ ва вус­ъати ҷуғрофиёи давлат дар ниҳоди якчанд кишварҳои олам ва сарварони сиёсии онҳо равшан ба зуҳур мерасад. Дар бисёр ҳолат таълимоту мақсадҳои сиёсии бархе аз ин абарқудратҳо ба он нигаронида шудааст, ки бо истифода аз мағшуш сохтани мафкураи динии халқҳои олам тадриҷан забону фарҳанги онҳоро аз миён бардоранд. Мо ҳамагон шоҳид ҳастем, ки борҳо Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси пайомадҳои нохушу ҷуброннопазири ин падидаҳо сокинони ҷумҳуриро ҳушдор додаанд.

Аз ҷумла, дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси олии мамлакат чунин иброз доштанд: «Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем.

Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд».

Дар ҳамин Паём боз Пешвои миллат баён доштанд: «Арҷ гузоштан ба фарҳангу таърихи бостонии миллат ва омӯхтани он, инчунин, аз худ кардани мероси ҷовидонаи садҳо ва ҳазорон нафар фарзандони фарзонаи халқамон, яъне шоирону адибон ва олимону мутафаккирони барҷастаи миллат вазифаи ҳар як соҳибватан мебошад».

Бо эҳтиром ба ташаббусҳои беназири Сарвари дав­лат китобдорони мо маҷмӯаи «Панди ниёгон ва шеъру ҳикмати бузургон»-ро омода намуданд. Таҳиягарони китоб азм карданд, ки баробари ашъори дилнишин, ҳуруфи ҳакимона, панди рӯзгор, инчунин гуфтори ибратомӯзи Пешвои миллатро доир ба китобу китобхонӣ ба зевари табъ ороста гардонанд. Хонандаи китоб бояд донад, ки Садри Аъзами давлати мо – Эмомалӣ Раҳмон мубаллиғи сарчашмаҳои илму маъри­фат, такмилдиҳандаи фарҳанги мутолиаи китоб ва соз­мондиҳандаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошанд.

Китоб аз пешгуфтор бо номи «Панд – чароғи ақлу хирад» шурӯъ шуда, аз бахшҳои «Адаб ва мақоми он», «Ситоиш ва гиромидошти модар», «Ситоиш ва гиромидошти падар», бобҳои «Ҳурмату эҳтиром», «Ақлу дониш ва ҳунар», «Дӯстиву рафоқат», «Сухан ва қадри он», «Некӣ ва накӯкорӣ», «Ростӣ ва покии андеша», «Дар таъсири тарбият», «Дар бораи тан ва ҳолатҳои ҷисму рӯҳ», «Дар боби тандурустӣ», «Дар хусуси табиб, табобат ва парасторӣ», «Доир ба рӯҳ, хоҳиш, иштиёқ, ақл», «Мулоҳизаҳо ва тавсияҳо барои саломатӣ ва покӣ», «Доир ба ғизо хӯрдан, парҳез аз хоҳишҳои нафс ва мазаммати пурхорӣ», «Доир ба шароб ва об», «Дар бораи истироҳат», «Шигифтиҳои бадани инсон», «Гуфтори бузургон дар бораи арзиши олии китоб, китобхонӣ ва китобхона», «Суханони ибратомӯзи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи китобу китобхонӣ», «Адибони классики тоҷику форс дар васфи китоб», «Адибони муосир дар васфи китоб», «Андешаҳои ҳакимону донишмандони машҳури ҷаҳон дар бораи китоб» иборат аст.

Дар бахшҳои «Ситоиш ва гиромидошти модар» ва «Ситоиш ва гиромидошти падар» ашъори шоирон Эраҷ Мирзо, Маликушшуаро Баҳор, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Қутбӣ Киром, Нодир Шанбезода, Муҳиддин Фарҳат, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Акобир Шарифӣ, Бобо Ҳоҷӣ, Убайд Раҷаб, Алӣ Бобоҷон, Озод Аминзода, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Гулназар, Гулрухсор, Мавҷуда Ҳакимова, Абдулло Қодирӣ, Усмон Олим, Низом Қосим, Саидалӣ Маъмур, Аҳмадҷони Раҳматзод, Камол Насрулло, Раҳмат Назрӣ, Ҳақназар Ғойиб, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Ширин Бунёд, Махсум Олимӣ, Муҳаммад Ғойиб, Назри Яздонӣ, Рустам Ваҳҳобзода, Зулфия Атоӣ, Фарзона, Озарахш, Суруш, Озар, Адибаи Хуҷандӣ, Исмоил Зарифӣ, Ҷӯра Юсуфӣ, Аъзами Хуҷаста, Олимхон Исматӣ, Сафар Аюбзодаи Маҳзун, Равшани Ҳамроҳ, Ҳасани Султон, Нуралӣ Нурзод, Баҳром Мирсаид, Сурайё Ҳасансултон (Ҳакимова), Баҳроми Раҳматзод, Толиби Луқмон, Бузургмеҳри Баҳодур, Шаҳриёр Олимӣ ва Рӯъё Усмонӣ оварда шудаанд.

Дар гирдоварӣ ва таҳияи маводҳои китоби мазкур садорат ва мутахассисони Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ Баҳром Мирсаидов, Мунирахон Ҳакимова, Мавзунахон Ҳамробоева, Шодӣ Шарифниё, Мунаввара Ғаффорова ва Манишвар Тоҳирӣ саҳми арзанда гузоштаанд. 

Муҳаррири масъул ва муаллифи пешгуфтори китоб номзади илмҳои филологӣ, дотсент, директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ Баҳром Мирсаидов мебошад.

Китоб дар нашриёти «Меъроҷ»-и шаҳри Хуҷанд ба табъ расида, аз 196 саҳифа иборат аст.  Китоб фарогири ашъор ва гуфтори пандуахлоқии донишмандону фарзонагон, файласуфону ҳакимон, шоирону нависандагон, ҷомеашиносону сиёсатмадорони бузург, аз ҷумла ҳидоятномаҳои Пешвои халқу миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ба ҳар нафари нуктасанҷу ибратпазир манзур мешавад.

Мунтахаби ашъор, гуфтори пандуахло­қӣ ва андарзҳое, ки дар ин китоб фароҳам омадаанд, қат­рае аз уқёнуси нопайдоканори илму ҳикмати дунё мебо­шанд. Бовар дорем, ки хонандаи ҳушманд аз махзани пур аз симу гавҳари панди ниёгон ва ҳикмати бузургон роҳи ояндаи ҳаёти хешро мунаввар сохта, ҳамеша аз баҳри сухан гавҳари маъно ба даст меоварад.

 

Шуъбаи табъу нашри Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ