Дар тоҷикон андешаи интернатсионалистӣ қавитар аз андешаи натсионалистӣ буда ва ҳаст. Навбаҳор Абдулғиёс. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 51

20.01.2022 // СУҲБАТ, ХУЛОСАИ КИТОБШИНОСӢ ВА НАМОИШИ КИТОБӢ: ҶӮШИ ГУЛ МЕЗАНАД ШЕЪРАШ

(Ба муносибати 80-солагии шоир
ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
Абдуфаттоҳ Кулолӣ)

 

Шоир ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Кулолӣ (Юнусов Абдуфаттоҳ) 18-уми январи соли 1942 дар шаҳри Хуҷанд ба ҷаҳон омадааст. Соли 1959, пас аз хатми мактаби миёна, ба Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, онро соли 1964 бо мувафаққият хатм намудааст.

Фаъолияти худро дар шуъбаи адабии радиои ҷумҳурӣ оғоз кардааст. Пас аз адои хизмати ҳарбӣ соли 1968 ба зодгоҳаш баргашта, дар Хонаи эҷодиёти халқ ва шуъбаи Ленинободии Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ кор кардааст. Ҳамзамон, дар мактаби миёнаи №4 ба номи В.И.Ленин омӯзгор будаааст.

Фаъолияти эҷодияш аз давраи мактабхонӣ оғоз ёфта, соли 1959 дар озмуни навқаламони ҷумҳурӣ, ки Кумитаи Марказии комсомоли ленинии Тоҷикистон барпо карда буд, ғолиб омадаву дар Ҳафтаи адабиёти бачагон (Душанбе) иштирок намудааст. Шеърҳояш дар маҷмӯаҳои дастҷамъии «Фаввора» (1961) ва «Шукуфаҳои умедбахш» (1964) ба табъ расидаанд. «Модарнома»-и ӯ бо тавсияи Мӯъмин Қаноат дар маҷаллаи «Садои Шарқ» (1967) ба чоп расида, ба муаллиф шуҳрати сазовор овардааст. Нахустин маҷмӯаи ашъори ӯ соли 1986 таҳти унвони «Гули гил» ба табъ расидааст. Баъдан маҷмӯаҳои шеъри ӯ «Назаргоҳи ҳақ» (Хуҷанд, 2003), «Гулҳои аҳуроӣ» (Хуҷанд, 2001), «Розҳои ирфонӣ» (Хуҷанд, 2003), «Даҷлаи аналҳақ» (Хуҷанд, 2006), «Гулдастае аз боғи ҷон» (Хуҷанд, 2012), «Тӯҳфаи ҷон» (Хуҷанд, 2012) ва «Ҷони ҷонафрӯз» (Хуҷанд, 2013) ба табъ расидаанд.

Аз соли 2013 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Санаи 18-уми январи соли 2022 ба муносибати 80-солагии шоир ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Кулолӣ дар шуъбаи хизматрасонӣ ва толори озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо ташаббуси шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ суҳбат, муаррифии китобҳои шоир ва намоиши китобӣ таҳти унвони «Ҷӯши гул мезанад шеъраш» баргузор гардид. Дар он донишҷӯёни ихтисоси китобдорӣ ва китобхонашиносии Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд фаъолона иштирок карда, аз намоишҳои китобӣ дидан намуданд.

Чорабинӣ бо намоиши слайдӣ, ки инъикосгари зиндагинома ва осори шоир Абдуфаттоҳ Кулолӣ буд, оғоз гардид.

Корманди шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ Саодат Почоева донишҷӯёнро ба кортотекаи мавзӯӣ таҳти унвони «Шоири ҳунарманд», ки фарогири 125 маълумот мебошад, ошно кард.

Саркитобдори шуъбаи хизматрасонӣ Зуҳро Норматова доир ба зиндагинома ва фаъолияти эҷодии Абдуфаттоҳ Кулолӣ ба донишҷӯён маълумоти муфассал дода, даҳ нусха китоби шоирро хулосаи китобшиносӣ намуд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ сардори шуъбаи хизматрасонӣ Ҳабиба Бойпочоева баргузории чорабиниро ба донишҷӯён намунаи олии аз худ намудани донишҳои соҳавии китобхонашиносӣ унвон намуда, ба онҳо дар роҳи соҳибтахассус гардидан ва омӯзиши илми китобдорӣ мувафаққият орзу намуд.

Шуъбаи табъу нашри Китобхонаи вилоятӣ