Тоҷикон ҳаргиз накӯшидаанд, ки тасаллут бар тамоми дунё дошта бошанд, балки пайваста кӯшидаанд, ки тамоми дунёро дар худ ҷо бидиҳанд. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 41

22.02.2022 // АРТИШ - ШОҲСУТУНИ МИЛЛАТ

Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҳаёт аст. Зеро онҳо маҳз дар давраи хизмати аскарӣ  имкон доранд, ки моҳияти мафҳумҳои  Ватан, давлат ва миллати худро  ба хубӣ дарк карда, сабақи далериву шуҷоат ва садоқат омӯзанд. Дар моддаи  43-юми  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст:
«Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он  вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст». 

Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  зодаи  истиқлолият мебошад. Рӯзи таъсиси Артиши миллӣ ҳамасола  санаи 23-юми феврал ҷашн гирифта мешавад.

Ба ин муносибат, бо  ибтикороти садорати Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ, санаи 22-юми феврали соли 2022 дар толори китобхона чорабинии адабиву фарҳангӣ бахшида ба 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.  Аз тарафи шуъбаҳо дар даромадгоҳи китобхона  намоиши китобиву матбуотӣ зери шиори  «Артиш шоҳсутуни миллат аст»  ташкил карда шуд. Дар чорабинӣ хонандагони мактаби хусусии ба номи Ю. Рустамов ва Литсейи  физики-математикии шаҳри Хуҷанд, ба номи  М. Осимӣ кормандон ва хонандагони доимии китобхона иштирок намуданд. Меҳмонони маҳфил собиқадори соҳаи китобдорӣ ва китобшиносӣ Солиҷонов Нодирҷон   ва чор  нафар сарбозони қисми  ҳарбии 0235-и Раёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллӣ буданд.

Чорабиниро директори  китобхона, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Мирсаидов Баҳром  оғоз намуда,  меҳмононро ба иштирокдорон муаррифӣ ва ташрифи онҳоро ба  маҳфил хайрамақдам намуд.

Дар қисми дигари маҳфил  маърӯзаи  китобдори шуъбаи хизматрасонӣ Норматова Зуҳро  таҳти унвони «Ҳомиёни боэътимоди Ватан»  шунида шуд. Дар  маърӯза мафҳумҳои ватандӯстиву хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ дарҷ гардида буд.

Собиқадори соҳаи китобдориву китобшиносӣ Солиҷонов Нодирҷон  ба сухан баромада, дар бораи таърихи ташкили  Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан намуда иштирокчиёнро бо  иди Артиши миллӣ табрик кард.

Подчоева Саодат китобдори шуъбаи маълумотдиҳӣ- библиографӣ  зиёда аз 15 китобҳои ба соҳаи артиш бахшидашударо  тавассути слайдҳо ба иштирокдорон  хулосаи китобшиносӣ намуд.

Ҳалимов Исфандиёр сарбози қисми ҳарбии 0235-и Раёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллӣ ба сухан баромада, ҳамаро ба ин ҷашн табрик кард  ва дар бораи Ватан, модар ва Тоҷикистон шеърҳо қироат намуд. Дар бораи шароити будубоши афсарону сарбозонро дар қисмҳои ҳарбӣ ба ҳозирин  иборози назар кард дошт.

Дар рафти чорабинӣ  саҳнача, рақс   ва қироати шеърҳо  аз тарафи хонандагони муассисаҳои таълимии мактаби хусусии ба номи Ю. Рустамов ва Литсейи  физики-математикии ба номи М. Осимӣ ба аҳли нишаст пешниҳод гардид.

Дар интиҳои маҳфил директори китобхона ба меҳмонон ва иштирокчиён арзи сипос баён намуда,  тӯҳфаҳои хотиравӣ супорид. 

         

                                                         Шуъбаи табъу нашри Китобхона