Аз байни тоҷикон қишри олии равшанфикрони кишвар (Осиёи Миёна, оғози асри ХХ) – рӯҳониён, муаллимони мадрасаҳои халқӣ, додрасҳо, қонунгузорон ба вуҷуд омадаанд. А.П.Шишов. Манбаъ: Масов Раҳим. Таърихи тоҷикон бо муҳри “комилан сиррӣ”.−Душанбе: Дониш, 1996. –С.141

НАВИСАНДАИ КЛАССИКИ АДАБИЁТИ ҶАҲОН ЧАРЛЗ ДИККЕНС

Нависандаи классики адабиёти ҷаҳон, Чарлз Диккенс санаи 7-уми феврали соли 1812 дар наздикии шаҳри Лендпорт ба дунё омадааст. Фарзанди амалдори бандар. Нависанда соли 1836 аз асари аввалинаш сар карда, ба ҳаҷви реалистию мазҳакаи ҳаётдӯстона майл пайдо мекунад. Дар романҳояш “Ёддоштҳои баъдимаргии клуби Пиквик”(1837), “Дэвид Копперфилд” (1949-50), “Давраҳои вазнин” (1954), “Доррити хурдака” (1857) ва ғайра моҳияти ҳақиқии қонунҳои буржуазиро фош мекунад, хонахаробшавии буржуазияи майда, зиндагонии беҳуқуқонаи коргарон, ваҳшатҳои шаҳри калон, ҳаёти тоқатфарсои фарзандони камбағалонро нишон медиҳад. Инчунин дар романи “Мартин Чезлвит” (1844) ва памфлети “Ёддоштҳои Амрико” (1842) нуқсонҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии Америкаи капиталистиро ошкор менамояд. Нависанда дар он қашшоқӣ ва беҳуқуқии оммаро нишон дода, истисморгаронро маҳкум мекунад, революцияро ногузир ҳисобида ҳам, аз назари идеали дини насоро кӯшишҳои фаъолонаи халқро нораво медонад. Асарҳои охирини нависанда “Умедҳои калон” (1861), “Дӯсти умумии мо” (1865), “Сирри Эдвин Друд” (1870-нотамом) дорои унсурҳои жанри детективию ҷиноӣ буда, масъалаҳои амиқи иҷтимоиро низ дарбар гирифтаанд. Чарлз Диккенс 9-уми июни соли 1870  дар синни 58-солагӣ бо бемории фалаҷ дар қишлоқи Хайэм  ҳаётро падруд гуфт.

 Бахшида ба 210-солагии нависандаи англис, Чарлз Диккенс  санаи 17-уми феврали соли ҷорӣ кормандони толори кудакон ва наврасон ва шуъбаи адабиёти хориҷии Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ дар доираи  “Барномаи давлатии такмили таълим ва омузиши забони русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2030” таҳти унвони «Нависандаи классики адабиёти ҷаҳон» бо хонандагони синфи 7-и муассисаи МТМУ №5-и шаҳри Хуҷанд маҳфили дӯстдорони китоб дар толори кӯдакон ва наврасон гузаронида шуд. 

Сараввал китобдори шуъбаи адабиётҳои хориҷӣ Сулаймонова Бимамлакат дар бораи ҳаёт ва фаъолияти нависандаи англис Чарлз Диккенс  маълумот дод. Муаррифии асарҳои нависанда аз тарафи  сардори толори кӯдакон ва наврасон Собирова Дилрабо китобҳои тозанашрро ба иштирокчиён шиносоӣ намуда, онҳоро барои мутолиа китоб ба китобхона даъват намуд.

 

Инчунин аз тарафи хонадаи синфи 7 Қодирова Нилуфар порчае аз асари машҳури  нависандаи англис Чарлз Диккенс “Саргузашти Оливер Твиста” ба иштирокдорон нақл карда шуд. Дар рафти маҳфил Каримова Малика, Каримова Мадина ва хонандаи доимии шуъба Комилов Ҳусниоллоҳ дар бораи китобҳои мутолиакардаашон нақл намуданд. Дар охир омузгори МТМУ№5 Мирбобоева М. минатдории худро баён намуда, таъкид намуд, ки минбаъда ҳамин тавр маҳфилҳо бисёртар гузаронида шавад, то ки хонандагон оиди   нависандаҳои чаҳон маълумоти бештар пайдо намуда, дониши худро сайқал диҳанд,

Маҳфил дар сатҳи баланд гузаронида шуд.

 

 

Шуъбаҳои кудакону наврасон ва  забонҳои хориҷии Китобхона