Тоҷикон ҳаргиз накӯшидаанд, ки тасаллут бар тамоми дунё дошта бошанд, балки пайваста кӯшидаанд, ки тамоми дунёро дар худ ҷо бидиҳанд. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 41

28.02.2022 // САЛОМАТӢ ГАВҲАРИ НОЁБ АСТ

«Рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи солимии аҳолӣ, ки яке аз бахшҳои муҳим мебошад, минбаъд низ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон боқӣ мемонад»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат,
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

САЛОМАТӢ ГАВҲАРИ НОЁБ АСТ

Дар оғози соли 2020 Ҳукумати Чин аз пайдоиш ва паҳн шудани як вируси нав дар шаҳру музофоти гуногуни худ хабар дод, ки он тавонист дар як муддати кӯтоҳ чандин давлатҳоро фаро гирад.

Нишонаҳои асосии ин беморӣ, пеш аз ҳама таби баланд, дарди сар, дарди мушаку пайвандҳо ва дарди гулӯ мебошад. Инчунин нишонаҳои дигари коронавирус осеб ёфтани роҳҳои нафас ва шушҳо мебошад, ки дар муҳлати кӯтоҳ ҳолати бемор вазнин шуда, дар сурати табобат нагирифтан ба фавт оварда мерасонад. То кунун 38 намуди ин вирус ба қайд гирифта шудааст.


Ба ҳамин мазмун, санаи 28-уми феврали соли равон бо ибтикори садорати Китобхонаи вилоятии оммавиии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ва шуъбаи тиббии китобхона мизи мудаввар таҳти унвони «Мубориза бар зидди бемории сироятии Коронавирус» ташкил ва гузаронида шуд. Ба ин муносибат дар даромадгоҳи китобхона намоиши китобиву матбуотӣ ва слайдӣ ташкил гардид, ки хонандагон аз он дидан намуданд.

САЛОМАТӢ ГАВҲАРИ НОЁБ АСТ

Маҳфилро директори Китобхона номзади илмҳои филологӣ, дотсент Мирсаидов Баҳром оғоз намуда, меҳмонони маҳфилро ба иштирокдорон муаррифӣ намуд.

Дар мизи мудаввар директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилояти Суғд, Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зуфнуна Хоҷаева, сардори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳри Хуҷанд Махфуза Каримова, табибони беморхонаи Марказии №2- шаҳри Хуҷанд аз ҷумла духтури калони оилавӣ Фирӯза Саидова, духтури оилавии дараҷаи 1 Шаҳло Исмоилова, духтури оилавӣ Мадина Ахмедова ҳузур доштанд. Ҳамчунин донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю. Исҳоқӣ бо роҳбарии декани факултети кори момодоягӣ Орипова Парвина, Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд бо роҳбории китобдори муассиса Валиматова Дилноза ва кормандону хонандагони доимии китобхона иштирок доштанд.

САЛОМАТӢ ГАВҲАРИ НОЁБ АСТ

Дар ифтитоҳи маҳфил  директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилояти Суғд, Аълочии тандурустӣ Зуфнуна Хоҷаева дар мавзӯи «Коронавирус бемории хатарнок, вале табобатшаванда» баромад намуд. Номбурда дар суханронии худ қайд кард, ки маҳз дастгириҳои Ҳукумати мамлакат, алалхусус Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мо тавонистем бо ворид намудани намудҳои гуногуни воя (ваксина) пеши роҳи ин бемории хатарнокро гирем.

Сипас, оид ба мавзӯи «Аҳамияти ваксинаҳо ва иммунизатсияи аҳолӣ бар зидди бемориҳои сироятӣ» духтури калони оилавии Маркази саломатии №2- шаҳри Хуҷанд Фирӯза Саидова баромад кард. Дар баромади худ дар бораи ваксина ва муҳлатҳои эмгузаронии аҳолӣ, ва натиҷаҳои таъсироти он ба организми инсон маълумот дод.

САЛОМАТӢ ГАВҲАРИ НОЁБ АСТ

Махфуза Каримова сардори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳри Хуҷанд оид ба мавзӯи «Дар бораи ваксинагузаронӣ чиро бояд донем?» баромад намуда, иброз дошт, ки ҳар як нафар вазифадор аст аз иммунизатсия гузарад. Зеро саломатии ҳар як оила аз аъзоёни он вобаста аст. Агар оила солим бошад пас давлат низ солим мемонад.

Дар бораи «Таъсири ваксина бар зидди Ковид барои паст намудани беморшавии аҳолӣ» духтури оилавии дараҷаи 1-и Маркази саломатии №2- шаҳри Хуҷанд Шаҳло Исмоилова  ба иштирокдорони маҳфил ибрози андеша намуд. Инчунин оиди ҳангоми беморӣ супоридани таҳлили хун, лахташавӣ, меъёрҳои он ва гирифтани 3-юм вояи бустерӣ ибрози андеша кард.

САЛОМАТӢ ГАВҲАРИ НОЁБ АСТ

 Духтури оилавии Маркази саломатии №2- шаҳри Хуҷанд Мадина Ахмедова дар бораи «Иртиботи коронавирус бо дигар бемориҳо» баромад кард. Дар суханрониаш иброз дошт, ки бояд кадом нафарон ва дар кадом ҳолат ваксина нагиранд. Инчунин таъсироти ваксинаро ба дигар намуди бемориҳо шарҳ дод.

Дар шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографии китобхона гӯшаи махсус вобаста пешгирии бемориҳои сироятӣ ташкил гардидааст, ки дар он мақолаҳои оиди ин беморӣ нашргардида ҷамъоварӣ ва ба маърази истифодаи хонандагон қарор дода шудааст. Дар ин бобат китобдори шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ Подчоева Саодат ба иштирокдорони чорабиӣ ба тариқи слайдӣ хулосаи китобшиносӣ намуд.

САЛОМАТӢ ГАВҲАРИ НОЁБ АСТ

Чуноне дар боло қайд намудем саломатӣ неъмати бебаҳост. Дар ин бора бисёр доишмандон андешаҳои худро баён намудаанд. Чанде аз гуфтори хирадмандонро оид ба саломатӣ, сардори шуъбаи иттилоотӣ Манзура Қаюмова ироа кард.

Дар қисмати музокиравии чорабинӣ донишҷӯёну иштирокдорон ба мутахассисони соҳаи тандурустӣ саволҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

САЛОМАТӢ ГАВҲАРИ НОЁБ АСТ

Дар интиҳои маҳфил директори китобхона Мирсаидов Баҳром миннатдории кормандон ва иштирокдоронро ба меҳмонон барои ташкили чунин як сӯҳбату машварат иброз намуда, ба онҳо китобҳо ҳадя намуд.

Шуъбаи табъу нашри Китобхона