Дасти тоҷикон дар ҳар ҷое, ки буда, замини хушку ношодобро ба замини шодобу шод табдил сохтааст. Навбаҳор Абдуғиёс. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.362

04.03.2022 // Модарон, олиҳаи дилҳо Шумо

«Мо ҷашни бонувонро махсус Рӯзи модар ном ниҳодем, то ки эҳтироми амиқу арҷгузории хосаи худро ба бузургиву зебоӣ ва азамату олиҳимматии модарони поксиришту офарандагони ҳаёти инсонӣ собит созем. Аслу ҷавҳари Рӯзи модарро муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба Зан - Модар ташкил медиҳанд».

                          Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади бузургдошти зан- модар офарандаи ҳаёт, тарбиятгари наслҳо, ҳидоятгари наврасону ҷавонон ба роҳи нек ва пойдории оила  санаи 6-уми марти соли 2009 таҳти №632 фармон доданд, ки санаи «8-март - Рӯзи модар» эълон карда шавад.

Ба ҳамин мақсад санаи 4-уми марти соли 2022 дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ маҳфили адабӣ-фарҳангӣ таҳти увони «Модарон, олиҳаи дилҳо Шумо»  баргузор гардид.

Модарон, олиҳаи дилҳо Шумо

Меҳмонони маҳфил  мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Исоев Эҳсонҷон, собиқадори соҳаи китобдорӣ, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҷонова Муҳаббатхон ва инчунин собиқадори соҳаи китобдорӣ, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипова Мунавварахон буданд.  Дар чорабинӣ ҳамаи кормандони Китобхона иштирок доштад.

Маҳфилро директори Китобхона номзади илмҳои филологӣ, дотсент Мирсаидов Баҳром оғоз намуда, меҳмононро ба иштирокдорон муаррифӣ намуд ва  ташрифи онҳоро ба чорабинӣ хайрамақдам хонд. Иштирокчиён ва ҳозирини маҳфилро ба муносибади Рӯзи Модарон табрик намуд. 

Сипас  мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Исоев Эҳсонҷон бонувони китобхонаро ба рӯзи идашон табрик намуда, ба чанд нафар кормандони фаъол сипосномаҳои Кумитаро супорид.

Модарон, олиҳаи дилҳо Шумо

Дар баробари ин меҳмонони маҳфил поягузорони соҳаи китобдорӣ собиқадорони соҳа Абдуллоҷонова Муҳаббатхон ва Шарипова Мунавварахон  кормандони китобхонаро ба муносибати Рӯзи Модарон табрик намуда, барои даъват ба   маҳфил изҳори миннатдорӣ карданд.

Дар чорабинӣ доир ба таърихи  Рӯзи занон сардори шуъбаи санъат Умарова Машҳура  ба ҳозирин маърӯза намуд. Дар маърӯза   оиди бузургдошти зан ва мавқеи ӯ дар ҷомеи меҳнатӣ  оварда шуда буд.

Ҳакимону суханварон бузургии зан- модарро борҳо бо шеъру гуфторҳо васф кардаанд. Китобдори шуъбаи маълумотдиҳӣ-библиографӣ Ҳафизова Моҳира   гуфторҳои бузургонро вобаста ба ин мазмун ба иштирокдорон ироа намуд. Кормандони китобхона шеърҳо дар васфи зан - модар ва суруду саҳнаҳо  ба аҳли нишаст пешниҳод намуданд.

Дар интиҳои чорабинӣ директори китобхона миннатдории кормандони китобхонаро ба намояндаи Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, собиқадорони соҳа ва иштирокчиён баён намуд, ки вақти пурсамари хешро дареғ надошта ба маҳфил ташриф оварданд.




Чорабинӣ дар сатҳи баланд ва бо шукӯҳу шаҳомати идона баргузор гардид.

 

Шуъбаи табъу нашри Китобхона