Дар миёни тоҷикон таассубе нисбат ба дигар миллатҳо ва халқҳо вуҷуд надорад ва ҳамбастагию дилсӯзӣ ба инсон аз суннати волои ин мардум аст, ки аз бузургони худ ба мерос бурдаанд. Ҷалол Сиддиқӣ. Тоҷикон дар қаламрави Ориёно (гирдоварӣ, пажӯҳиш ва таҳияи М.Шукурзода). −Душанбе: Деваштич, 2009. – 478 с.–С.346

12.03.2022 // ҲАФТАИ ИЛМ ДАР МДТ «ДДХ БА НОМИ АКАДЕМИК Б. ҒАФУРОВ»

«Мо бояд имрӯз низоми нави рушди соҳаи фарҳангро ташаккул диҳем, ки мазмуну мундариҷаи он ба ташаккули симои нави маънавии инсон таъсири амиқ гузошта, тафаккур, заковати фитрӣ, маънавиёт, майлу рағбати зебоипарастӣ ва ҳунари эҷодгариву анъанаҳои бузурги фарҳангсолории халқамонро инкишоф диҳад»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

 

 

Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ яке аз китобхонаҳои бонуфузтарини вилоят ва ҷумҳурӣ мебошад. Ин  муассиса  бо тамоми матабҳои   таҳсилоти умумӣ, миёна ва олии касбӣ муносибаҳои ҳамкориро тақвият дода, хонандагони бештарро ба роҳи китобхониву донишандӯзӣ ҷалб менамояд.

Ба ҳамин мазмун шурӯъ аз санаи 07. 03 то 12. 03 соли равон  дар факултети санъати Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» ҳафтаи илм ташкил ва гузаронида шуд. Дар давоми ин ҳафта барои боз ҳам бештар ҷалб намудани хонандагон кормандони Китобхона зиёда аз сад нусха китобҳои илмиву бадеӣ ва рӯзномаву маҷаллаҳоро дар донишгоҳ мавриди  тамошову истифодаи хонандагон ва иштирокдорони ин иқдом  қарор доданд.

Дар охир садорати факулети санъати донишгоҳ барои дастигириҳои ҳамаҷониба ва ҳамешагӣ минатдории худро ба кормандони Китобхона расонида, иброз намуд, ки чунин маҳфилҳову ҳафтаҳои илм ва чорабиниҳову озмунҳо ташкил намуда, ҳамкории байни ин ду муассисаро боз ҳам тақвият мебахшад. 

 

Шуъбаи табъу нашри Китобхона