Ҷаҳони маънавии тоҷикон ҳамонанди ҳамаи ориёиён боз аст, ҳар кӣ метавонад ба осонӣ дарун ояд, вале ҳаргиз наметавонад аз он берун шавад. Раҳим Мусулмониёни Қубодиёнӣ. Манбаъ: Қубодиёнӣ, Раҳим Мусулмониён. Тоҷикон, 2500 сол... . – Душанбе: Адиб, 2005. – 98 с. – С. 41

05.04.2022 // Таҷлили Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ

Бо ибтикори кормандони китобхона-филиал ва шуъбаҳои Китобхонаи вилоятӣ  санаи 5-уми апрели соли 2022 дар долони китобхона Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» таҳти унвони «Тараннумгари сухан» ташкил ва гузаронида шуд.

Таҷлили Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ

Дар фестивал устоди МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров», доктори илмҳои филологӣ Нуралӣ Нурзод, нависандаи шинохтаи бачагон Маъруф Бобоҷон, рӯзноманигор ва нависандаи писандида Ҷӯра Юсуфӣ, нависандаи маъруф, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Камоли Хуҷандӣ Муқим Воҳид, директори Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ», шоири шинохта Баҳроми Раҳматзод, директори Мактаби санъати  бачагонаи №4- шаҳри Хуҷанд Шокиров Иброҳимҷон бо ҳамроҳии  муаллими ҳамин муассиса Ниёзов Шарифҷон, рӯзноманигори ҷавон Адибабону Қаҳҳорова иштирок доштанд.

Таҷлили Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ

Ҳамзамон ба фестивал зиёда аз 80 нафар хонандагони Мактаби хусусии ғайридавлатии ба номи Ю.Д. Рустамов бо роҳбарии омӯзгори синфҳои ибтидоӣ Ғаффорова Самия, беш аз 40 нафар хонандагони Гимназияи рақами №1-и ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд бо роҳбарии омӯзгори синфҳои ибтидоӣ Юлдошева Мадина, хонандагони  Литсейи физикӣ-математикии ба №1 ба номи Муҳаммад Осимӣ бо роҳбарии омӯзгор Олимова Сурайё, хонандагони Гимназияи №24 бо роҳбарии  китобдор Орипова Фотимахон, хонандагони МТМУ №22 бо роҳбарии муовини директор оид ба корҳои тарбия Алимова Фароғат, хонандагони МТМУ №14 бо роҳбарии муаллимаи забон ва адабиёти тоҷик Қаюмова М., хонандагони МТМУ №19 зери роҳбарии аъзои созмони ҷавонон Ғаниева Гулчеҳра, хонандагони МТМУ №23 бо роҳбарии китобдор Юсуфҷонова М., ҳунармандони муассисаи давлатии Театри тамошобини наврас ба номи  Одилҷон Назаров Алимов Абӯбакр, Ӯрунова Нигора, Орипов Улуғбек ва Солихӯҷаев Нуруллохон зери роҳбарии коргардон таҳиягар Ахмедов Мирзоюсуф, кӯдакони боғчаи «Меҳросор» бо роҳбарии Розиқова М.Н. ва хонандагони маркази таҳсилоти иловагии вилоят бо роҳбарии сардори шуъбаи технологияи иноватсияи санъати амалӣ Қобилова Маҳбуба ташриф оварданд.

Таҷлили Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ

Ба ин муносибат намоиши китобиву матбуотӣ, ки фарогири осори адибону нависандагони адабиёти кӯдакон ва наврасон, аз қабили Мирсаид Миршакар, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Азизи Азиз, Камоли Рӯмонӣ, Маъруф Бобоҷон ва амсоли инҳо буд, ташкил карда шуд, ки аз он меҳмонон ва иштирокчиёни фсстивал дидан намуданд.

Фестивал бо садои гурӯҳи карнайнавозони «Акбар» бо роҳбарии Ахмедов Акбар оғоз гардид. 

Дар баробари намоиши китобию матбуотӣ намоиши слайдӣ, ки инъикосгари осори адибону нависандагони кӯдакон ва наврасон буд, ба намоиш гузошта шуд. Китобҳои  чистону латифаҳо ва ҳикояву афсонаҳо, олами ҳайвонот, рӯзномаву маҷаллаҳои гуногун диққати хонандагон ва иштирокчиёнро ба худ ҷалб сохт.

Бояд тазаккур дод, ки бо ташаббуси бевоситаи Маркази таҳсилоти иловагии назди Раёсати маорифи вилояти Суғд  маҳсули эҷоди ихтироъкорон ва навоварон  хонандаи МТМУ №19 Қодиров Абдусамад, хонандаи МТМУ №2 Назаров Дилшод ва расмҳои тасвирнамудаи ҳунарманди чирадаст Рабиев Мирзоғафур, хонандаи  Литсейи физикӣ-математикии ба №1 ба номи Муҳаммад Осимӣ ба намоиш гузошта шуд.

Таҷлили Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ

Сухани ифтитоҳиро директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ Мирсаидов Баҳром оғоз намуда, меҳмононро ба аҳли нишаст муаррифӣ намуда, оғози Фестивали мазкурро ба тамоми китобдорон ва кӯдакону наврасон табрик намуданд. Номбурда барои ҳамкориҳои дуҷониба ҷиҳати ташкили фестивали мазкур миннатдории худро ба сардори Раёсати фарҳанги вилоят Қосимов Бахтиёр ва раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод баён намуд. Дар фазои озодиву оромӣ ташкил намудани ин фестивалро маҳз аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донист.

Баъдан, китобдори дараҷаи 1-и китобхона- филиали №2 Қосимова Маликахон доир ба таърихи баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» ва дурнамои он маърӯза намуд.

Таҷлили Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ

Дар навбати худ, рӯзноманигор ва нависандаи писандида Ҷӯра Юсуфӣ баромад карда, барои кӯдакон ва хонандагони хурдсол порчаҳои шеърӣ қироат намуд, ки писанди ҳамагон гардид.

Сипас, хонандагони мактаби хусусии ғайридавлатии ба номи Ю.Д. Рустамов доир ба китобҳои мутолианамудаи хеш ба ҳамагон маълумот дода, намунаи порчаҳои шеърӣ ва ҳикояҳоро қироат ва нақл намуданд.

Барои болидахотирии иштирокчиёни фестивал ва рангин гузаштани маҳфил хонандаи  Мактаби санъати  бачагонаи №4-и шаҳри Хуҷанд Ходжаев Шероз аз ашъори шоири ширинкалом Камоли Хуҷандӣ суруде пешниҳод намуд.

Таҷлили Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ

Таҷлили Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ

Дар фестивал ҳунармандони муассисаи давлатии Театри тамошобини наврас ба номи  Одилҷон Назаров порчаи саҳнавии «Заргӯшаки ҷасур»-ро аз асари Глориа Вебер пешкаши иштирокдорон гардониданд.

Дар баробари ин хонандагони Литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи Муҳаммад Осимӣ гуфторҳо дар бораи китоб ба меҳмонони фестивал ироа намуданд.

Таҷлили Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ


Хонандаи синфи 2-и Мактаби санъати  бачагонаи №4- шаҳри Хуҷанд Қаюмова Робияхон  барои боз ҳам ҷаззобтар гузаштани фестивал рақси чаканро пешниҳод намуд, ки аз он хуш истиқбол намуданд.

Инчунин қироати порчаҳои шеърӣ аз тарафи хонандагони мактаби хусусии ғайридавлатии ба номи Ю.Д. Рустамов ба ҳозирин пешниҳод карда шуд, ки мавзӯъҳои Ватан, Тоҷикистон, Модар, Истиқлолият, сулҳу ваҳдат ва амсоли инҳоро фаро мегирифт.

Таҷлили Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ

Дар баробари ин саҳнае бо номи «Китобро эҳтиёт намо!» аз тарафи хонандагони мактаби хусусии ғайридавлатии ба номи Ю.Д. Рустамов пешниҳоди аҳли маҳфил гардид.

Хонандагони  гимназияи №1-и ба номи Раҳим Ҷалил суруди «Пешвои миллат»-ро ба иштирокдорони чорабинӣ пешниҳод намуданд.

Таҷлили Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ

Таҷлили Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ

Дар интиҳои фестивал директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ Мирсаидов Баҳром бори дигар меҳмононро ба китобхона хайрамақдам намуда, минатдории худро ба меҳмонон, иштирокдорон ва хонандагону устодон расонид. Ҳамчунин ба як гурӯҳ кӯдакони кудакистони «Меҳросор» бо ҳамроҳии меҳмонон ҳамчун дастовез китобҳои бачагона ҳадя карда шуд.

 

 Шуъбаи табъу нашри Китобхона